Скачать презентацию
Идет загрузка презентации. Пожалуйста, подождите
Презентация была опубликована 9 лет назад пользователемРоман Гедеонов
1 Мавз ӯ и 28. Кафолатњои њуќуќи инсон ва шањрванд: мафњум ва таснифот
2 Яќин аст, ки њуќуќ танњо он замоне амалї мегардад, ки агар таъмини он ба зиммаи давлат ва ё шахси дигар вогузор гардида бошад. Кафолатњо набояд хусусияти рамзї дошта бошанд, балки барои пурра татбиќ гардидани њуќуќ ва озодињо дар њаёт мусоидат намоянд. Онњо бояд чунин шароит ва фазои мусоидеро фароњам оваранд, ки њуќуќ ва озодињои дар конститутсия ва санадњои меъёрї дарљгардида ба њолати воќеии инсон табдил гарданд. Кафолатњои њуќуќи инсон ва шањрванд – ин восита ва шароитњое њастанд, ки дар Конститутсия, санадњои байналхалќї-њуќуќї ва санадњои дигари меъёрї муќаррар гардида, имконияти истифодаи њуќуќњоро таъмин менамоянд.
3 Дар илми њуќуќи инсон чунин анъанае вуљуд дорад, ки тибќи он кафолатњои амалишавии њуќуќ ва озодињои инсонро ба умумї ва махсус (њуќуќї) људо менамоянд. Зери мафњуми кафолатњои умумї маљмуи шароитњои иќтисодї, сиёсї ва ѓ.-ро дар назар доранд, ки воќеї гаштани њуќуќњои инсонро таъмин менамоянд, яъне барои дар амал татбиќ гаштани онњо мусоидат мекунанд. Баъзе аз олимон ин гурўњи кафолатњоро «кафолатњои моддии њуќуќњо» номидаанд. Ба ин гурўњи кафолатњо кафолатњои иќтисодї-їљтимої, сиёсї ва мафкуравї дохил мешаванд. Ба зумраи кафолатњои махсус бошад, кафолатњои њуќуќиро дохил менамоянд. Онњо аз ќонунњо ва сарчашмањои дигари њуќуќї сарчашма мегиранд.
4 Кафолатњои иќтисодї-иљтимої фазои махсусеро муњайё месозанд, ки асоси моддї доранд ва имконияти истифодабарии њуќуќ ва озодињоро таъмин менамоянд. Устуввории иљтимої, иќтисодиёти рў ба тараќќї, иќтидори истењсолї, низоми муассисањое, ки барои анљом додани њамаи навъњои хизматрасонї мусоидат карда тавонанд ва ѓ. аз љумлаи кафолатњои иќтисодию иљтимої ба шумор мераванд.
5 Кафолатњои сиёсї сиёсати босуботи давлат, нигаронии вай ба таъмини шароити арзанда барои зист ва инкишофи озод, сохторњои устуввори сиёсї, ки ќобилияти ноил гаштан ба созиши шањрвандиро доранд, сатњи дахлдори маърифати сиёсии шањрвандон, муборизаи оштинопазир бо бюрократия дар дастгоњи давлатї ва омилњои дигари сиёсї-ташкилї аз љумлаи кафолатњои сиёсї ба њисоб мераванд. Кафолатњои сиёсї дар илми њуќуќи инсон дар таносуб бо кафолатњои дигари умумї бенињоят муњим арзёбї мегарданд. Рушди њамаљониба ва мукаммалгардии низоми сиёсии љомеа, инкишофи љомеаи демократї, ки љавњари онро ѓояи соњибихтиёрии халќ ташкил медињад, мањз аз мављудияти ин гурўњи кафолатњо вобастаанд.
6 Кафолатњои мафкуравї бошанд, фаъолияти муттасили давлат ва љомеа мебошанд, ки барои ташкил ва дастгирии шароитњое, ки тавассути онњо таъмини озодии љањонбинии шахсият имконпазир гардад ва интихоби озодонаи арзишњои маънавї сурат гиранд, нигаронида шудааст. Баъзан кафолатњои ташкилиро низ људо менамоянд, ки дар фаъолияти маќомоти давлатї ва иттињодияњои љамъиятї мушоњида шуданашон мумкин аст. Фаъолияти ташкилї шарти умумї ва заминаи асосии амалишавии њамаи низоми кафолатњои њуќуќњо, озодињо ва ўњдадорињои инсон ва шањрванд мебошанд. Кафолатњои њуќуќї бошанд, воситањоеро дар назар доранд, ки усулњои асосии њуќуќиро зоњиран ифода намуда дар ќонунњо сабт гардидаанд ва ба раванди амалишавии бенуќсон ва њимояи њуќуќу озодињо мусоидат менамоянд.
7 Азбаски дар таъмин ва амалигардии њуќуќњои инсон наќши кафолатњои њуќуќї бештар назаррасанд, тањлил ва баррасии онњоро ќобили ќабул мењисобем. Агар кафолатњои иќтисодї- їљтимої ва сиёсї, барои амалї гаштани њуќуќ ва озодињо танњо замина муњайё созанд, пас кафолатњоит њуќуќї барои амалисозии мушаххас ва бевоситаи онњо ва њимояи шахсият аз њар гуна тањдидњо ва паймолкунињо нигаронида шудаанд. Воќеан дар сурате, ки ба њуќуќ ва озодињои ќонунан мустањкамшудаи инсон ва шањрванд хатарњои воќеї тањдид менамоянд, мављудияти чунин кафолатњои њуќуќї ба таври ногузир онњоро рафъ месозанд. Чунин муносибат имконият медињад, то кафолатњои њуќуќї њамчун шарт ва омилњои таъминкунандаи њуќуќ ва озодињо инсон њангоми дахолати беасос ба онњо, муаррифї шаванд.
8 Кафолати њуќуќие, ки дар бахши таъмини њуќуќ ва озодињои инсон бунёдї аст, м.5 Сарќонуни мамлакат мебошад, ки эътироф, риоя ва њифз гаштани њуќуќњои фитрии инсонро муќаррар намудааст. Конститутсияи ЉТ рољеъ ба кафолатњои њуќуќи инсон, њамзамон муќаррар намудааст, ки: Њар кас њуќуќ дорад, ки њуќуќ ва манфиатњои худро бо тамоми тарзњои манънакардаи ќонун њимоя намояд; Аз рўи њаракат ва бењаракатии маќомоти њокимияти давлатї, ашхоси мансабдор ва ташкилотњои љамъиятї ба маќомоти ваколатдори давлатї ва суд мурољиат намояд; Ба маќомоти байналхалќї оид ба њуќуќи инсон мурољиат намояд, дар сурате, ки тамоми воситањои дохилидавлатии њимояи њуќуќи инсон истифода бурда шуда бошанд.
9 Умуман, тањлили њолати риояи њуќуќи инсон ва ќонунгузории амалкунанда гувоњї медињад, ки яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати давлатии ЉТ-ро эътироф, риоя ва кафолати њуќуќи инсон ташкил медињад. Чунин тамоюл бори дигар аз демокартї ва њуќуќбунёдии Тољикистон далолат менамояд.
10 Кафолатњои конститутсионии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрвандро ба маънои васеъ ва ба маънои мањдуд тавзењ додан мумкин аст. Ба маънои васеъ кафолатњои конститутсионї – ин таъйиноти ќонун буда, ќисмати таркибии Конститутсияро ташкил намуда, мардумро аз њар гуна бесарусомонї эмин нигоњ медоранд. Ба маънои нисбатан мањдуд бошад, зери мафњуми кафолатњои конститутсионии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, воситањои њуќуќии њимоя ва амалисозии њуќуќњоро мефањманд. Љињати дар сатњи дахлдор њимоя шудани ин њуќуќ ва озодињо, кафолатњои асосии њуќуќї ба таври конститутсионї мустањкам шудаанд. Кафолатњои конститутсионии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрвандро дар навбати худ боз ба кафолатњои умумї ва кафолатњои махсус (кафолатњои адолати судї) људо менамоянд.
11 Ба зумраи кафолатњои умумии конститутсионї њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд дохил мешаванд: – механизмњои конститутсионї-судии њимояи њуќуќ ва озодињо; – њимояи судии њуќуќ ва озодињо; – њимояи маъмурї-њуќуќии њуќуќ озодињо; – њимояи байналхалќии њуќуќ ва озодињо. Ба кафолатњои махсуси конститутсионї (кафолатњои адолати судї) дохил мешаванд: – кафолатњои тобеияти тафтишотї; – њуќуќ ба ёрии њуќуќї; – эњтимолияти бегуноњї; – манъи љазодињии такрорї барои содир намудани як љиноят; – беэътибории далелњои ѓайриќонунї бадастомада; – њуќуќ ба аз нав дида шудани њукми судї; – њуќуќњои љабрдидагон; – манъи ќувваи бозгашти ќонун.
12 Азбаски аксарияти кафолатњои махсуси конститутсионї ба соњаи ќонунгузории мурофиавии љиноятї таалуќ доранд, дуруст мебуд, ки љанбањои умуминазариявии кафолатњои умумии конститутсионии њуќуќи инсон људо гардида, дар алоњидагї баррасї шаванд.
13 Воситаи конститутсионї-судии њимояи њуќуќ ва озодињои инсон – ин имкониятњоест, ки барои мурољиат ба Суди Конститутсионии ЉТ мусоидат менамоянд ва тартиби онро ќонуни ЉТ «Дар бораи суди конститутсионии ЉТ» муќаррар мекунад. Суди конститутсионии ЉТ – маќомоти судии назорати конститутсионї буда, њокимияти судиро тавассути истењсолоти судии конститутсионї мустаќилона баамал мебарорад. Яке аз вазифањои асосии Суди конститутсионї, ки аз мазмуни м. 1 ќонун бар меояд, ин њимояи њуќуќ ва озодињои инсон ба шумор меравад. Мављудияти чунин меъёр худ аз он далолат менамояд, ки кафолати њимояи конститусионї-судии њуќуќ ва озодињои инсон дар сатњи дахлдор таъмин аст. Суди конститутсионии Љумњурии Тољикистон масъалањоро оид ба вайронкунии њуќуќу озодињои конститутсионии шањрвандон вобаста ба ќонун ва дигар санади њуќуќии татбиќшуда ё татбиќшаванда дар муносибати мушаххаси њуќуќї баррасї мекунад, инчунин ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон мутобиќ будани ќонун, дигар санади њуќуќї ва тавзењоти дастурии Пленумњои Суди Олии Љумњурии Тољикистон, Суди Олии иќтисодии Љумњурии Тољикистонро дар парвандаи мушаххас, ки аз тарафи суд нисбаташон татбиќ шудааст, бо тартибе, ки Ќонуни конститутсионии мазкур муќаррар кардааст, муайян менамояд.
14 Баррасии шикояти шањрвандон дар судњои конститусионї – категорияи махсуси парвандањо ба њисоб меравад. Зеро, арзкунанда дар шикоят бояд аќидаи худро рољеъ ба поймол шудани њуќуќ ва озодии мушаххаси конститутсиониаш, аниќ баён намояд. Сониян, судњои конститутсионї – ин зинањои кассатсионї, апеллятсионї ва назоратии судњои салоњияти умумї нестанд, ки парвандањои марбут ба поймолшавии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрвандро баррасї намоянд. Суди Конститутсионї танњо конститутсионї будан ва ё набудани ќонун ва ё санади зериќонунї, њаракат ва ё бењаракатии шахсони мансабдорро бањо медињад. Мављудияти тарзи конститутсионии шикояти шањрвандон маънои таѓйир ёфтани салоњияти судњои дигарро оид ба њимояи њуќуќ ва озодињои конститутсионии шахсият надорад.
15 Њимояи судии њуќуќ ва озодињо – ба њамаи шањрвандон кафолат дода шуда, аз љониби ќонуни ЉТ «Дар бораи судњои ЉТ» ва санадњои дигаи меъёрї-њуќуќї мавриди танзим ќарор гирифтааст.
16 Дар илмњои њуќуќшиносї рољеъ ба њимояи судї андешаи ягона мављуд нест. Баъзењо онро чун падидаи њуќуќи конститутсионї як навъи давлатии њимояи њуќуќ ва озодињои шахсият, дигарон њамчун муносибати љамъиятї ва функсияи давлатї, саввумин чун муродифи падидаи адолати судї ва ё кафолати дастрасї ба њимояи судї арзёбї менамоянд. Дар илми мурофиавии љиноятї бошад, зери мафњуми њимояи судї маљмўи ќоидањои ташкилї ва мурофиавиеро дар назар доранд, ки ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ва љабрдида барои њимояи њуќуќ ва манфиатњои ќонуниашон пешкаш мегардад.. Дар назарияи њуќуќ њуќуќ ба њимояи судиро чун ќисмати таркибии вазифаи њуќуќбарќароркунии давлат муаррифї менамоянд..
17 Дар њар сурат ин шакли њимояи њуќуќ ва озодињо шакли маъмул ва беноњоят босамар аст. Хусусияти асосии њимояи судии њуќуќњо дар умумї будани он зоњир мегардад, ки якчанд љанба дорад: Аввал ин, ки њимояи судї ба доираи номуайяни ашхос пањн мегардад. Аз ин имконият на танњо шањрвандон, балки ашхоси хориљї ва иттињодияњои онњо низ истифода мебаранд. Дуюм ин, ки њимояи судї ба њамаи њуќуќ ва озодињо, бидуни њељ як њолати мустасної пањн мегардад.
18 Дар заминаи њуќуќ ба њимояи судї, њуќуќ ба гирифатани ёрии дахлдори њуќуќї ва њуќуќи шикоят намудан аз болои амал ва санадњои маќомоти давлативу ашхоси мансабдори он ба миён меояд. Аз ин лињоз месазад, ки њимояи судиро чун падидае эътироф намоем, ки имкониятњои номбаршударо низ, дар шакли муљтамаъ дар бар гиранд. Њуќуќ ба њимояи судї яке аз кафолатњои асосиест, ки тавассути он шахс њуќуќ ва озодињои худро аз њар гуна дахолатњо эмин нигањ медорад. Ба истиснои ин кафолатњо њамчунин, кафолатњои њуќуќї оид ба истифода аз шаклњои маъмурї-њуќуќии њимояи њуќуќї инсон ва ваколатњои маќомоти байналхалќї оид ба њуќуќи инсон вуљуд доранд, ки рољеъ ба мазмун ва таъйиноти онњо дар мавзўи минбаъда маълумот хоњем дод.
19 Њамин тавр, тањлили кафолатњои амалишавии њуќуќ ва озодињои инсонро анљом дода ба хулосањои зеррин омадан мумкин аст: Дар илми њуќуќи инсон ќабул шудааст, ки низоми кафолатњоро ба умумї ва махсус (њуќуќї) људо намоем. Зери мафњуми кафолатњои умумї маљмўи шароитњои иќтисодї, иљтимої, сиёсї ва ѓ.-ро дар назар доранд, ки ба воќеї гаштани њуќуќњои инсон мусоидат менамоянд. Кафолатњои махсус ва ё њуќуќї бошанд, њуќуќ ва озодињои аллакай мустањкамшударо дар ќонунгузории ЉТ ва ё асноди байналхалќї дар назар доранд.
20 На њамаи меъёрњои њуќуќї чун кафолатњои амалишавии њуќуќ ва озодињои инсон баромад карда метавонанд. Ба зумраи чунин кафолатњо танњо меъёрњои њуќуќиеро дохил намудан мумкин аст, ки тарз ва воситањои истифодаи бемонеаи њуќуќњоро муайян менамоянд. Људо намудани кафолатњои њуќуќи инсон ба умумї ва махсус (њуќуќї) ва кафолатњои конститутсионї ба кафолатњои умумї ва кафолатњои адолати судї, хусусияти шартї дорад. Ин тадбир бо баинобатгирии таљзияи низоми њуќуќ ба соњањо сурат гирифтааст.
21 Дар маљмўъ мавзўи кафолатњои њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрвандро љамъбаст намуда, гуфтан мумкин аст, ки ба инсон ва шањрванд пешнињод намудани ин миќдори кафолатњо имконият медињанд, ки њуќуќ ва манфиатњои ќонунан њифзшавандаи худро њимоя намояд. Танњо кафолати њуќуќи мурољиат ба маќомоти дохилидавлатї ва зинањои байналхалќї (ки атрофи онњо дар мавзўї баъдї мулоњизаронї хоњем намуд) шояд басанда бошад, ки раванди барќарорсозии ин навъи манфиатњои шахс ба таври дахлдор сурат гирад.
Еще похожие презентации в нашем архиве:
© 2024 MyShared Inc.
All rights reserved.