Скачать презентацию
Идет загрузка презентации. Пожалуйста, подождите
Презентация была опубликована 9 лет назад пользователемАлёна Ватутина
1 ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 5. Мафњум, маќсад ва шартњои мањдуд намудани њуќуќњои инсон дар ЉТ
2 Мањфумњои асосї Консепсияи њуќуќи инсон натиљаи зањмати тўлонии инсоният ба шумор рафта, дар замони муосир ањамияти умумибашарї пайдо намудааст. Дар доираи мањз њамин ченак сатњи демократї будан ва ё набудани ин ва ё кишвари дигар даќиќ карда мешавад. Дар заминаи чунин тавсифњо таъкиди њамин нуќтаи назар љолиби диќќат аст, ки истифода гаштани њуќуќ бо масъулияти инсон, имкониятњои мањдуд гаштани онњо бо ченакњои муайян, гузоштани сарњади озодї тавассути принсипњои инсондўстї, њамрайъї ва ахлоќї дар якљоягї ба мушоњида мерасанд. Яъне њуќуќи инсон чи ќадаре, ки муќаддас набошад, имкони мањдудсозии ќонунии он вуљуд дорад. Мањдудияти њуќуќї ин сарњадест, ки тавассути меъёри њуќуќ муайян гашта, дар доираи он субъектњо бояд фаъолият намоянд ва ин гуна сарњадгузорињо бо дар назардошти њимоя ва манфиатњои љамъиятї сурат хоњанд гирифт.
3 Мањфумњои асосї Дар адабиёти њуќуќї шарњи якхелаи мафњуми « мањдудияти њуќуќњо » љой надорад. Дар радифи он чун анъана истилоњи « њудуди њуќуќњо » истифода мегардад. Дар сатњи санадњои байналхалќї - њуќуќї низ ин масъала њалли худро наёфтааст. Масалан, дар ЭУЊБ, ПБЊШС, ПБЊИИФ, Санади машварати Копенгаген оид ба ченаки инсонии САЊА истилоњи « мањдудият »- ро истифода менамоянд. Дар Конвенсияи Амрикої оид ба њуќуќи инсон истилоњи « боздошти кафолатњо » ва дар Конвенсияи Аврупої оид ба њуќуќњои инсон ва озодињои асосї бошад, якбора ду мафњуми баробармавќеъ « мањдудият » ( м.8,11, 18) ва « дасткашї аз ўњдадорињои худ » ( м.15) истифода шудаанд.
4 Хусусиятњои мањдудиятњои њуќуќї Вале нигоњ накарда ба њамаи ин, яќинан маълум аст, ки њамаи истилоњоти истифодашуда онро ифода мекунанд, ки дар шароитњои муайян њуќуќњои инсонро мањдуд намудан мумкин аст. Дар шартномањои байналхалќї ва ќонунгузории дохилї њамаи ин шартњо ба таври мушаххас аниќ шудаанд Мањдудиятњои њуќуќї ифодакунандаи хусусиятњои зерин мебошанд : Шароитњои номусоид барои амалисозии њуќуќњои шахсї ва њамзамон ќонеъ сохтани манфиатњои љамъиятї барои мањдудияти њуќуќњо боис мегарданд ; Мањдудиятњо дар бештари мавридњо хусусияти манфї доранд ( иљборан сурат мегиранд ); Дар натиљаи он кам гаштани њаљми њуќуќ ва озодињо тавассути муайяннамоии ўњдадорињо ба назар мерасад ; Мањдудиятњо барои њимояи муносибатњои љамъиятї, озодињои инфиродї ва дастаљамъї нигаронида шудаанд.
5 Хусусиятњои мањдудиятњои њуќуќї Ќоидањои номбаргашта дар м.29 ЭУЊБ тањкими худро ёфтаанд : « Њар як инсон зимни амалї кардани њуќуќ ва озодињои худ бояд танњо ба дараљае мањдуд карда шавад, ки аз тарафи ќонун фаќат бо маќсади таъмини эътирофу эњтироми њуќуќу озодињои дигарон ва ќонеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлоќї, тартиботи љамъиятї ва осудањолии умумї дар шароити љомеаи демократї муќаррар шудаанд ».
6 Хусусиятњои мањдудиятњои њуќуќї Мањдудияти њуќуќї њамчунин дар м. 19 ПБЊШС, ки њуќуќи њар як инсонро ба пайравии бемамониати аќидањои худ ва изњори шифоњї, хаттї ё шаклњои дигари изњор тибќи интихоби вай муќаррар менамояд, пешбинї гаштааст. Дар б.3 м.19 ПБЊШС ќайд карда мешавад, ки истифодаи ин гуна њуќуќњо масъулият ва ўњдадорињои махсусро таќозо менамоянд. « Истифодаи њуќуќи мазкур метавонад аз мањдудиятњои муайяне иборат бошад, ки бояд тавассути ќонун муќаррар карда шаванд ва иљрои онњо бо маќсадњои зерин зарур мебошанд : а ) барои эњтироми њуќуќ ва эътибори дигарон ; б ) барои њифзи амнияти давлатї, тартиботи љамъиятї, саломатї ё ахлоќи ањолї ;». Ба ин монанд талабот дар моддањои 21 ва 22 њамин Паймон пешбинї гаштаанд. Муфассалтар ниг.: Права человека. Под ред. Лукашева Е. А. М., С. 102
7 Хусусиятњои мањдудиятњои њуќуќї Кумитаи СММ оид ба њуќуќи инсон муќаррароти дар моддањои фавќуззикр дарљгаштаро тариќи зайл маънидод менамояд : Чунин мањдудиятњо бояд « тавассути ќонун муќаррар карда шаванд » ( б.3 м.19), « мутобиќи ќонун бошанд » ( м.21), ва ё « дар ќонун пешбинї гарданд » ( б.2 м. 22). Инчунин мањдудиятњо бояд « зарур бошанд » ( б.3 м.19) ва ё « дар љомеаи демократї зарур бошанд » ( м.21 ва м. 22). Зиёда аз ин, мањдудиятњо бояд барои расидан ба яке аз њадафњои ќонунии дар б.3 ( а ) ё (b) м.19, м. 21 ё б.2 м. 22 ПБЊШС муќарраргашта мусоидат намоянд. Моддаи 20 Паймон бошад, бо он хусусиятнок аст, ки вай на танњо мањдудиятро иљозат медињад, балки давлатњои аъзоро вазифадор менамояд, ки таблиѓи љангро тавассути ќонун манъ намоянд. Давлатњои аъзои Паймон њамчунин ўњдадор гардидаанд, ки њамагуна кўшишњо ба манфиати адовати миллї, нажодї ва динї, ки барангезандаи табъиз, душманї ё зўроварї мебошанд, тавассути ќонун манъ намоянд.
8 Хусусиятњои мањдудиятњои њуќуќї Паймони байналхалќї дар бораи њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї мањдудияти њуќуќњоро танњо ба андозае иљозат медињад, ки онњо ба моњияти ин њуќуќњо мувофиќанд ва мутлаќан бо маќсади мусоидат ба некўањволии умумї дар љомеаи демократї амалї гаштаанд. ( моддаи 4). Конститутсияи ЉТ низ мањдуд намудани њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрвандро эътироф менамояд. Аз љумла, дар м и он омадааст, ки « мањдуд кардани њуќуќ ва озодињои шањрванд танњо бо маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон, тартиботи љамъиятї, њимояи сохти конститутсионї ва тамомияти арзии љумњурї раво дониста мешавад ». Њамин тавр, баъди тањлили санадњои меъёрї мо имкон пайдо менамоем, ки таърифи назариявии мањдуднамоии њуќуќ ва озодињои инсонро пешкаш намоем, ки мувофиќи он мањдудсозї – ин воситањои муњим ва зарурї, талаботи ахлоќию њуќуќї буда, барои таъмини инсондўстї, њамдигарфањмї ва нигањдории њадди озодии одамон татбиќ мегардад.
9 шартњои мањдуднамоии њуќуќ ва озодињои инсон Дар асоси ин таъриф ва тањлили санадњои байналхалќию дохилидавлатї чунин шартњои мањдуднамоии њуќуќ ва озодињои инсонро људо кардан мумкин аст : Мањдудиятњо бояд бо ќонун пешбинї шаванд ; Мањдудиятњо бояд маќсади њуќуќї дошта бошанд ; Мањдудиятњо бояд дар љомеаи демократї зарур бошанд. ( ниг. ба наќша ) Акнун њар яке аз ин шартњоро ба таври алоњидагї баррасї менамоем. Мањдудиятњо бояд бо ќонун пешбинї шаванд. Агар зимни асосњои мањдудсозии њуќуќи инсон ба ќонунгузории давлатњои муосир назар андозем, пас ба ду намуди асосии мањдуднамоии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд рў ба рў мегардем. Њолатњои умумии мањдудсозии њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, ки дар шароити мўътадил бо ќонунгузории давлатї ва ё байналхалќї амалї мегарданд ; Мањдудсозии њуќуќ ва озодињо дар њолатњои фавќулодда Мањдудсозии њуќуќ ва озодињо дар шароити мўътадил тибќи санадњои мухталифи меъёрї - њуќуќї анљом дода мешавад. Асосњои умумии татбиќи он дар Конститутсияи ЉТ, ПБЊШС, ПБЊИИФ ва дигар санадњои њуќуќї дарљ гардидаанд.
10 шартњои мањдуднамоии њуќуќ ва озодињои инсон Чуноне ки ќайд намудем, моддаи 14 Конститутсияи мамлакат мањз ба њамин масъала бахшида шудааст ва он амалисозии ин тадбирро танњо дар њолат ва бо маќсадњои зерин раво мебинад : Бо маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон ; Бо маќсади таъмини тартиботи љамъиятї ; Бо маќсади њимояи сохтори конститутсионї ; Бо маќсади таъмини тамомияти арзии љумњурї. Мањдудсозии њуќуќ ва озодињо дар вазъияти фавќулодда.
11 Вазъияти фавќулодда чист ? Вазъияти фавќулодда гуфта, тадбирњои муваќќатї ва ќонуниеро дар назар доранд, ки бо маќсади таъмини амнияти шањрвандон ва давлат, њангоми сар задани тањдиди воќеї ва хатар ба низоми давлатдорї, њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, соњибихтиёрии мамлакат ва тамомияти арзии он, инчунин ба вуљуд омадани офати табиие, ки фаъолияти мўътадили маќомоти давлатиро халалдор менамоянд, эълон карда мешаванд.
12 Вазъияти фавќулодда Дар ЉТ низоми њуќуќии вазъияти фавќулоддаро моддањои 46 ва 47 Конститутсияи ЉТ ва Ќонуни ЉТ « Дар бораи низоми њуќуќии вазъияти фавќулодда » аз 3- юми сентябри с ба танзим медароранд. Тибќи моддаи 46 Конститутсия ( Сарќонун ) « њангоми тањдиди бевосита ба њуќуќу озодињои шањрвандон, истиќлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатњои табиї, ки дар натиљаи он маќомоти конститутсионии љумњурї наметавонад ба таври мўътадил фаъолият намоянд, њамчун тадбири муваќќатї барои амнияти шањрвандон ва давлат вазъияти фавќулодда эълон мегардад. Мўњлати вазъияти фавќулодда то се моњ аст. Дар мавридњои зарурї ин мўњлатро Президенти ЉТ метавонад дароз намояд ».
13 Вазъияти фавќулодда Дар сурати ба миён омадани тањдидњои дар боло номбаргашта, тибќи б. 24 м. 69 Конститутсияи ЉТ Президенти ЉТ дар саросари љумњурї ва ё мањалњои алоњидаи он вазъияти фавќулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиќи Маљлиси Олї пешнињод менамояд ва ба Созмони Миллали Муттањид хабар медињад. Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон дар бораи љори намудани вазъияти фавќулодда дар љаласаи якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар мўњлати на дертар аз се рўз аз лањзаи мавриди амал ќарор гирифтанаш тасдиќ карда мешавад. Ќарори якљояи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар хусуси тасдиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон дар бораи љори намудани вазъияти фавќулодда бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон, ки њар яке аз маљлисњо дар алоњидагї овоз медињанд, ќабул карда мешавад.
14 Вазъияти фавќулодда Вазъи њуќуќии мардум дар чунин њолат то андозае таѓйир меёбад. Вобаста ба хусусияти тањдид баъзе аз гурўњи кормандон берун аз ваќти кориашон хидматро идома медињанд ( масалан, духтурон, кормандони њарбї ва ѓ.) ва гурўњи дигар бошад, фаъолияти мењнатии худро ќатъ мекунанд ( масалан, муаллимони макотиби тањсилоти њамагонї, кормандони кўдакистонњо ва ѓ.). Ќисме аз њуќуќњои шахсї ба мисли њуќуќњои љабрдидагон ( м.21 Конститутсияи ЉТ ), мањрамияти мукотиба ва сўњбатњои телефонї ( м.23 Конститутсияи ЉТ ), озодии мусофират ва интихоби мањали зист ( м.24 Конститутсияи ЉТ ), ширкат дар маросим ва расму оинњои динї ( м.26 Конститутсияи ЉТ ) озодии сухан ва нашр ( м.30 Конститутсияи ЉТ ) ва ѓ. мањдуд карда мешаванд. Вале хотирнишон сохтан лозим аст, ки чунин мањдудиятњо танњо дар сурати мављудияти тањдиди воќеї љорї карда мешаванд.
15 Вазъияти фавќулодда Дар баробари ин Конститутсияи ЉТ баъзе њуќуќњоеро муќаррар намудааст, ки њатто дар сурати эълони вазъияти фаќулодда набояд мањдуд карда шаванд. Зеро онњо дар бештари мавридњо ё хусусияти табиї доранд ва ё мављудияти онњо дар шароити рушди демократия ногузиранд. Њуќуќ ба њаёт, эњтимолияти бегуноњї, дахлнопазирии манзил ва ѓ. ба зумраи ин њуќуќњо шомил мебошанд.
16 Мањдудияти њуќуќи инсон дар вазъи мўътадил Мањдудиятњо бояд маќсади њуќуќї дошта бошанд. Мањдудиятњое, ки ќонун муќаррар менамояд, бояд чунин маќсадњо дошта бошанд : Барои эњтироми њуќуќ ва озодињои дигарон нигаронида шуда бошанд ; Барои њимояи амнияти давлатї, тартиботи љамъиятї ва таъмини некўањволии умумї дар љомеаи демократї нигаронида шуда бошанд ; Барои њимояи саломатї ва ахлоќи ањолї нигаронида шуда бошанд.
17 Мањдудияти њуќуќи инсон дар вазъи мўътадил Маќсадњои њуќуќие, ки дар мавриди асосњои мањдудсозии њуќуќ ва озодињои инсон баён гаштанд, пеш аз њама аз мазмуни санадњои муњими байналхалќї оид ба њуќуќї инсон бар меоянд. Дар сатњи дохилидавлатї бошад, ин маќсадњо бо тасвия ва шакли дигар арзёбї гаштаанд. Чуноне ки дар боло нишон дода шуд, моддаи 14 Конститутсияи мамлакат маќсадњои њуќуќии татбиќи мањдудиятро ба таври зайл нишон додааст : Бо маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон ; Бо маќсади таъмини тартиботи љамъиятї ; Бо маќсади њимояи сохтори конститутсионї ; Бо маќсади таъмини тамомияти арзии љумњурї. Бояд муайян карда шавад, ки ин маќсадњо дар амалияи љамъиятї то кадом андоза муњим њастанд.
18 Мањдудияти њуќуќи инсон дар вазъи мўътадил Мањдуднамої бо маќсади таъмини њуќуќ ва озодии дигарон. Чунин талабот бевосита аз мазмуни моддањои 1, 5, 6 ва моддањои мухталифи боби дуюми Конститутсия, ки зарурияти эњтиром ва арљгузории њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд тарѓиб менамоянд, ба миён меоянд. Давлате, ки эътироф ва њимояи њуќуќњои инсон ва шањрвандонашро чун вазифа ба зимма гирифтааст, бидуни мањдуд намудани баъзе њаракатњои зиёновар ва тањдидкунанда ба озодињои эълоншуда, ба њадафи нињоии худ расида наметавонад. Дар ин самт мањдуднамоии ногузир ягона роњи расидан ба маќсад аст. Масалан, моддаи 8 Конститутсияи ЉТ эълон намудааст, ки њаёти љамъиятї дар асоси равияњои гуногуни сиёсї ва мафкуравї инкишоф меёбад. Бо ин тарз имкон дода намешавад, то мафкурае ба њайси мафкураи давлатї баромад намуда, озодии мафкуравии оммаи мардумиро халалдор созад. Мисоли дигар оид ба дахлнопазирии шахсият, манзил, њаёти хусусї ва мањрамияти мукотибаю муросилот. Ин имкониятњо дар сатњи конститутсионї кафолат дода шудаанд. Дар ин замина барои поймол гаштани ин зумраи њуќуќњо дар ќонунњи соњавї љавобгарии маъмурї, гражданї ва њатто љиноятї пешбинї шудааст. Яъне бо чунин тартиб зери тањдиди татбиќи љазо фардњои људогона ва маќомоти давлатиро аз содир намудани амалњое, ки имкони расонидани зиён ба њуќуќ ва озодињои эътирофшударо доранд, боз медорад.
19 Мањдудияти њуќуќи инсон дар вазъи мўътадил Мањдуднамої бо маќсади таъмини тартиботи љамъиятї. Мањдуднамоии њуќуќ ва озодињои инсон нишондоди њатмї барои нигоњдории тартиботи љамъиятї мебошад. Мањз дар шароити мављудияти низом ва тартибот эътирофи њуќуќи инсон имконпазир мегардад. Конститутсияи ЉТ дар моддаи 6 халќро баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї эълон намуда, бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амалї гаштани онро кафолат додааст. Вале ќонуни асосї на роњи бетартибонаи амалисозии њокимият, балки роњи бо ќонун мушаххасшуда – райъпурсї ва интихоботро муайян намудааст. Чунин роњи амалисозии њокимият шояд, чун мањдудият бањо дода шавад. Зеро дар сурате, ки халќ сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї пазируфта шуд, пас бояд мутобиќ ба ирода ва салоњдиди худ ин њокимиятро таъсис дињад ва онро амалї намояд. Аммо маќсади ин тарзи мањдуднамої – таъмини низом ва тартибот дар љомеа аст, ки бар нафъи худи мардум хоњад буд.
20 Мањдудияти њуќуќи инсон дар вазъи мўътадил Мањдуднамої бо маќсади њимояи сохтори конститутсионї. Мањдуд намудани њуќуќ ва озодињо љињати таъмин ва њимояи сохтори конститутсионї, натиљаи иродаи халќ аст. Ба маънои васеъ сохтори конститутсионї ин њамаи дастовардњои конститутсионї мебошанд. Вале ба маънои нисбатан мањдудтар зери асосњои сохтори конститутсионї низоми сохтори демократиро, ки аз рўи тартиб ва шакли муайян иродаи халќро ифода менамояд, дар назар доштан мумкин аст.
21 Мањдудияти њуќуќи инсон дар вазъи мўътадил Тибќи моддаи 9 Конститутсияи ЉТ њокимияти давлатї дар асоси таљзияи он ба маќомоти ќонунгузор, иљроия ва судї амалї мегардад. Њар се шохаи њокимияти давлатї тибќи Конститутсия ва ќонунњои дахлдор ташкил шуда, фаъолият менамоянд. Њељ кас наметавонад ин иттињодро аз худ намояд. Конститутсияи ЉТ њама гуна кўшишњоеро, ки ба муќобили ин тартибот равона мегарданд, мањкум сохтааст. Дар ќ.5 м. 8 ба таври мушаххас баён шудааст, ки : « бо роњи зўрї сарнагун кардани сохтори конститутсионї … манъ аст ».
22 Мањдудияти њуќуќи инсон дар вазъи мўътадил Мањдуднамої бо маќсади таъмини тамомияти арзии љумњурї. Мустаќилият ва тамомияти арзї яке аз арзишњои асосї ва неъматњои бузурги халќи тољик ба њисоб мераванд. Аз ин хотир ин неъмат ниёз ба кафолат ва таъмини њарљониба дорад. Моддаи 7 Конститутсияи кишвар њудуди Тољикистонро таќсимнашаванда ва дахлнопазир эълон намудааст. Њамзамон дар ќ.3 – и ин модда омадааст, ки « соњибихтиёрї, истиќлолият ва тамомияти арзии Тољикистонро давлат таъмин менамояд. Тарѓиб ва амалиёти људоиандозї, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст ». Моддаи 100 Конститутсия бошад, зимни баёни таѓйирнопазирии баъзе аз асосњои сохтори конститутсионї, дар баробари шакли идораи љумњурї, моњияти демократї, њуќуќбунёдї, дунявї ва иљтимоии давлат, тамомияти арзиро низ таѓйирнопазир эълон намудааст. Аз рўи ин масъала њатто райъпурсї низ гузаронидан мумкин нест. Бинобарин, дар сурати мањдуд гаштани њуќуќи фарде бинобар робита доштан ба поймолнамоии тамомияти арзии мамлакат, касеро мањкум намудан дуруст нест, зеро ин тадбир њамаљониба дуруст хоњад буд.
23 Мањдудияти њуќуќи инсон дар вазъи мўътадил Мањдудиятњо бояд дар љомеаи демократї зарур бошанд. Ин тасвия маънои таъмини тавозун миёни манфиатњои шахсият ва манфиатњои умумии тартиботи љамъиятиро дорад. Мањдудиятњои дар љомеаи демократї зарур хусусияти бањодињї дошта, то кадом андоза баробар будани талаботи љамъиятї ба мањдудият ва маќсадњои њуќуќии таъќибшавандаро муайян менамояд. Яъне давлат мањдудиятро на ба хотири иљрои салоњдиди бесарусомонаи ќонунгузор, балки ба хотири адо намудани он масъулияте, ки дар бахши таъмини тартиботи љамъиятї ба зимаи худ гирифтааст, љорї менамояд. Маќомоти давлатие, ки мањдудиятро вобаста ба ин шарт љорї менамояд, бояд дар асоси принсипи мутаносибї амал намуда, ба саволи « оё маќсад бо воситањои интихобшуда мутаносиб њаст ?» посухи мусбї дињанд. Зери мафњуми « маќсад » ягон навъи манфиатеро, ки онро давлат љонибдорї менамояд, ба мисли амнияти миллї, тартиботи љамъиятї, ахлоќ, њуќуќњои дигарон ва ѓ.- ро дар назар доранд. Зери мафњуми « восита » бошад, худи дахолатро мефањманд. Масалан, ба њайси чунин « восита »- њо љавобгарии љиноятї, гузаронидани кофтукови манзил, ёфта гирифтани ашё ва ѓ. баромад намуда метавонанд. Мутаносиб будани чунин дахолатро принсипњои љомеаи демократї муайян намуда метавонанд. Маќомоти давлатии татбиќкунандаи мањдудият бояд боварї њосил намоянд, ки « талаботи таъхирнопазири иљтимої » зимни љорї намудани мањдудиятњои муайян воќеан вуљуд доштанд.
Еще похожие презентации в нашем архиве:
© 2024 MyShared Inc.
All rights reserved.