Скачать презентацию
Идет загрузка презентации. Пожалуйста, подождите
Презентация была опубликована 9 лет назад пользователемАнна Самсонова
1 Мавз ӯ и 12. Њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти шахсї ва њаёти оилавї
2 Њуќуќ ба њаёти шахсї љавњари мафњуми озодї ва мухторияти шахсиро ташкил медињад. Бисёре аз масоили бањсталабе, ки алоќамандї ба мурофиањои судї дар бораи њаёти шахсї, ба монанди дахолати давлат ба гомосексуализм ( њамљинсгарої, майли шањвонии мард бо мард ва зан бо зан ), транссексуализм ( тамоюли шахс барои иваз кардани љинс бо роњњои гуногун, аз љумла, амали љарроњї ), фоњишагї, исќоти њамл, худкўшї, одоби либоспўшї ва меъёрњои муайяни ахлоќ, муоширати шахсї, оиладоршавї ва талоќ ва ѓ., ба арзишњои бунёдии ахлоќї ва масоили ќавмї дахл менамоянд, ки дар љомеањои мухталиф ба таври гуногун баррасї карда мешаванд. Гузашта аз он, консепсияи њаёти шахсї ба дихотамияи мутаќобилаи шахсиву љамъиятї, инчунин ба фалсафае асос меёбад, ки њукуматњо набояд ба он дахолат намоянд.
3 Дахлнопазирии њаёти шахсї ва оилавиро дар маљмўъ дахлнопазирии њаёти хусусї меноманд. Дахлнопазирии њаёти хусусї мањрамияти шахсї ва оилавиро ифода намуда, чунин маъно дорад, ки бе ризоият ва иљозати шањрванд њељ кас њаќ надорад, ки ба њаёти шахсї ва оилавии ў дахолат намояд, муносибати заношўї, хешутаборї, мањрамона ва дигар муносибатњои ў, њамчунин зоњиршавии фаъолнокии инфиродии ўро мањдуд кунад.
4 Њаёти шахсї образи шахсї, услуб, тарзи њаёт, талабот, майлу раѓбат, шуѓл, тамоюл ва ѓайраро ифода карда метавонад. Њаёти оилавї бошад муносибати заношўї, њуќуќњои оилавї, вазифањои оилавї, муносибат бо кўдакон ва ѓайраро ифода менамояд.
5 То ибтидои а. ХХ дар санадњои байналхалќї њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти хусусї маќаррар нашуда буд. Баъзе аз љабњањои он ба монанди мањрамияти мукотибот ва муросилот то як андоза мавриди танзим ќарор гирифта буданд. Танњо баъди хотима ёфтани љанги дуюми љањон масъала ранги дигар гирифт ва дар Конститутсияњои давлатњо дахлнопазир будани њаёти хусусии одамон эълон карда шуд. Санадњои асосии байналхалќї оид ба њуќуќи инсон мазмуни ин њуќуќро ба таври аниќ нишон дода истифодаашро кафолат додаанд. Масалан, дар м.12 ЭУЊБ омадааст, ки « Њељ кас набояд мавриди дахолати худсарона ба њаёти шахсї, хонаводагї, манзил, мукотибот ва дастдарозї ба шаъну шараф ва обрўи ў ќарор гирад.» Ба ин монанд меъёрњоро моддањои 16, 17, 23 ва 24 ПБЊШС низ пешбинї намудааст.
6 Тањлили пурраи онњо имкон медињанд, то иброз дорем, ки њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти хусусї як силсила њуќуќњои дигарро низ фаро мегирад, аз љумла : Дахолат накардан ба њаёти шахсї ва оилавї ; Мањрамияти мукотиба ва муросилот ; Дахлнопазирии манзил ; Њуќуќ ба ном ; Њуќуќ ба ташкили оила ва ѓ.
7 Конститутсияи ЉТ гарчанде ифодаи « њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти шахсї ва оилавї »- ро истифода накарда бошад, њам вале моњиятан онро ба инобат гирифтааст. Дар моддањои мухталифи он пањлўњои људогонаи њаёти шахсї ва оилавї кафолат дода шудаанд. Дахлнопазирии њуќуќњои фитрї дар м.5, дахлнопазирии манзил дар моддаи 22, мањрамияти мукотиба ва сўњбатњои телефонї дар м.23, њуќуќ ба ташкили оила дар моддаи 33 ва ѓ., њаёти шахсї ва оилавии инсону шањрвандро кафолат додаанд.
Еще похожие презентации в нашем архиве:
© 2024 MyShared Inc.
All rights reserved.