Скачать презентацию
Идет загрузка презентации. Пожалуйста, подождите
Презентация была опубликована 9 лет назад пользователемЗоя Шеншина
1 ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 34. Њуќуќи гурезагон. Њолати њуќуќии гурезагон
2 Мањфумњои асосї Аз аввали асри ХХ љомеа љањонї бо ќазияи гурезагон рў ба рў гардид, аз лињози инсондўстї ба худ вазифањои њимоя ва кўмак ба онњоро ќабул намудан гирифт, зеро ин масъала яке аз масъалањои муњими њимояи њуќуќи инсон ва њуќуќи байналхалќї гардид. Конвенсия оид ба вазъи гурезагон аз соли 1951 њуљљати бунёдии њуќуќи байналхалќии амалкунандаи гурезагон мебошад. Дар ин шартномаи њаматарафа (универсалї) муќаррароти асосии танзимкунандаи тартиби муносибат бо гурезагон ќайд гардидааст.
3 Мањфумњои асосї Дар муњокимањои то ќабул намудани Конвенсия оид ба масъалаи муайян намудани мафњуми «гуреза» бањсу мунозирањои шиддатнок ба вуќўъ пайвастааст. Давлатњое, ки дар коркарди Конвенсия иштирок доштанд, кўшиш мекарданд ин мафњумро бо он категорияи гурезагон, ки нисбати онњо тайёр буданд ўњдадории њуќуќї бар дўш гиранд, мањдуд мекарданд. Баъзе давлатњо њамчун тарафдори мафњуми мањдуди истилоњ баромад мекарданд ва бо ин роњ кўшиш менамуданд, аз ўњдадории њуќуќие, ки дар сурати ќабули мафњуми васеъ ба вуљуд меомад, худро канор гиранд. Баробари ин гурўњи калони давлатњо тарафдори он буданд, ки мафњуми васеъи ин падида ќабул карда шавад. Дар натиља шакли мусолињона ќабул карда шуд. Давлатњо ба ворид намудани истилоњи умумии њаматарафаи мафњуми «гуреза», ки ба мафњуми «хавфи пурра асосноки ба таъќиб гирифтор шудан» асос меёбад, ба созиш омаданд.
4 Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Давлатњои њамроњшуда ба Конвенсияи соли 1951 ба розигї омаданд, ки истилоњи «гуреза» бояд дар чунин њолатњо татбиќ гардад: Якум, ба њамаи ашхосе, ки тибќи Созишномањои байналхалќии пештара њамчун гуреза њисобида мешавад; Дуюм, ба њамаи ашхосе, ки ба мафњуми васеи ин калима тибќи Оинномаи Раёсати корњо оид ба масъалаи гурезагон (РКОГ- УВКБ) њамчун гуреза њисобида мешаванд. Моддаи 1 А (2)-и Созишнома.
5 Истилоњи «гуреза» Њамин тариќ, дар Конвенсияи зери истилоњи «гуреза» ашхосе фањмида мешавад, ки: дар натиљаи њодисањои то 1-уми январи соли 1951 рўњдода ва бинобар сабаби хавфи асосноки љабрдидаи таъќибот аз рўи аломатњои нажод, эътиќоди динї, миллат, дахлият ба гурўњи иљтимоии муайян ё аќидањои сиёсї гардидан, берун аз давлати шањрвандии худ ќарор дорад ва аз њимояи ин давлат истифода карда наметавонад ё дар натиљаи чунин хавф аз њимоя истифода кардан намехоњад; ё шањрвандии муайян надорад ва дар натиљаи чунин њодисањо берун аз давлати љойи истиќомати муќаррарии пешинаи худ ќарор дорад, бинобар чунин хавф доштан ба онљо баргашта наметавонад ё намехоњад.
6 Истилоњи «гуреза» Дар он њолатњое, ки шахс шањрванди якчанд давлат мебошад, ифодаи «мамлакати мансубияти шањрвандии он» маънои дилхоњ давлате, ки шањрванди он мебошад, дорад ва чунин шахс аз њимояи давлати мансубияти шањрвандии худ мањрумшуда њисобида намешавад, агар бидуни ягон сабаби воќеї, ки аз хавфи асоснок бар меояд, он зери њимояи яке аз давлатњое, ки шањрванди он мебошад, ворид нашуда бошад.
7 Инкишофи падидаи гуреза Дар он ваќте, ки Конвенсия ќабул шудааст, давлатњо диќќати худро ба њалли ќазияи љории гурезагон љалб намуда буданд ва ояндаро ба эътибор нагирифтаанд, аён аст, ки чунин љараёни оммавии гурезагонро пешгирї накардаанд. Инро аз рўи тасвияи таъриф, ки як ќатор давлатњо тавонистаанд тавассути њудудњои замонї бо татбиќи мафњуми гуреза танњо ба ашхоси то 1-уми январи соли 1951 гурезашуда мањдуд намоянд, аён аст. Ин кафолат медод, ки Конвенсияи соли 1951 ба маќсадњои аввалї, хусусан, ба таъмини њамгироии мањаллии гурезагони аллакай мављуда диќќат медињад ва ба гурезагони нав кушода намешавад. Хеле зуд маълум гардид, ки ин муносибати тамоман дурандешона нест.
8 Инкишофи падидаи гуреза Билохира, ин ќазия танњо соли 1967 бо ќабул гардидани Протоколи ба њолати гурезагон дахлдошта њалли худро ёфт. Таъиноти асосии он бекор кардани мањудудияти замонї буд: «Барои маќсадњои Протоколи мазкур зери истилоњи «гуреза»,..., њамаи ашхоси ба таърифи моддаи 1 Конвенсия мувофиќ, бо партофтани калимањои «Дар натиљаи њодисањои то 1-уми январи соли 1951 рўњдода ва…» ва калимањои «дар натиљаи чунин њодисањо» дар моддаи 1 А (2), дар назар дошта мешавад.» Илова ба ин монеаи замонии болозикр дар моддаи 1 Конвенсия мањдудияти љуѓрофї ба диди давлатњо гузошта шуда буд.
9 Инкишофи падидаи гуреза «Дар Конвенсияи мазкур калимањои «њодисањои то 1-уми январи соли 1951 рўњдода», ки дар моддаи 1 фасли А омадаанд, чунин маъно дорад: а) њодисањои то 1-уми январи соли 1951 Дар Аврупо рўњдода; б) њодисањои то 1-уми январи соли 1951 дар Аврупо ва дигар љойњо рўњдода; ва њар як давлати ба созишоянда дар лањзаи имзокунї, тасвиб ё њамроњшавї бояд мањз кадоме аз мазмуни зикргардидаро нисбати ўњдадории дар асоси Конвенсияи мазкур ба зимммааш гирандаро ќайд намояд.»
10 Инкишофи падидаи гуреза Дар фарќият аз мањдудияти замонї мањдудияти љуѓрофї амалан њамчун мањдудияти тангкунандаи чањорчўбаи таърифи додаи Конвенсияи соли 1951 баромад накардааст. Давлатњои зиёде, ки ќарори татбиќи Конвенсия танњо барои гурезагони аврупої ќабул карда буданд, зуд сиёсати худро таѓйир додаанд ва амали Конвенсияро барои њамаи гурезагон кушоданд. Ба ѓайр аз ин, Протоколи соли 1967 ин масъаларо низ баррасї намуд, агарчанде, бо ќатъияти ба монанди мањдудияти замонї набошад њам. Моддаи 1 (3) эълон намуд, ки «Протоколи мазкур ба давлатњои дар он иштирокдошта, бидуни мањдудияти љуѓрофї татбиќ карда мешавад...». Баробари ин, Протокол ба замони гузашта пањн нагардид ва эъломияњои дар асоси моддаи 1 (I)-и Конвенсия ќабулгардидаро дахлнопазир монд.
11 Инкишофи падидаи гуреза Њамин тариќ, тибќи Конвенсия ашхоси дорои аломатњои махсуси зерин њамчун гуреза њисобида мешаванд: 1) онњо берун аз давлати баромади худ ќарор доранд, 2) онњо аз кўмаки ин давлат истифода кардан ё ба онљо баргаштан наметавонанд ё намехоњанд; 3) чунин ноќобилї ё нохоњї бо хавфи асосноки гирифтор шудан ба таъќиб алоќаманд бошад ва 4) таъќиботе, ки аз он хавф бурда мешавад, ба аломатњои нажодї, эътиќоди динї, шањрвандї, мансубият ба гурўњњои муайяни иљтимої ё эътиќоди сиёсї асос ёфта бошад.
12 Мањфуми гуреза дар ќонунгузории ЉТ Љумњурии Тољикистон бо ќазияи гурезагон соли 1992 дар натиљаи сар задани љанги шањрвандї рў ба рў гардид ва бинобар он маљбур шуд, ќонунгузории худро дар ин бора такмил дидњад. Ќонуни якум дар бораи гурезагон 25-уми ноябри соли 1992 ќабул гардидааст, аммо он танњо ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва дар натиљаи зиддиятњои мусаллањона љойи истиќомати худро маљбуран тарккарда татбиќ мегардид. Ањамияти ин ќонун дар он ваќт хеле бузург буд, зеро он ба Ватан баргардонидани ашхоси онро дар натиљаи љанг тарккарда равона гардида буд. Ќонун њолати њуќуќии онњоро муайян намуд ва барои барќарор намудани сохтмонњои њаробгардида, ба даст овардани моликияти дар натиљаи љанг аздастдода, гирифтани ќарзи имтиёзнокро ба маблаѓи рубл ба мўњлати 20 сол аз соли чоруми баъди гирифтани ќарз муќаррар мекард.
13 Мањфуми гуреза дар ќонунгузории ЉТ Баробари ин ќонуни мазкур аз камбудињои алоњида орї набуд. Якум, он танњо ѓояњои умумии додани њолати гурезагонро муайян намуда, дастуроти расмиёти мазкур дар сатњи санадњои зериќонунї амалї мегардид. Дуюм, ќонун њуќуќу ўњдадорињои муайяни ашхоси дорои статуси гурезаро, ки аз дигар гурўњи ањолї фарќ гузорад, муќаррар накарда буд. Суюм, ќонун статуси гурезаро танњо ба ашхосе, ки љойи истиќомати доимии худро дар натиљаи вазъияти ноором ва зиддияти мусаллањона тарк кардаанд, эътироф мекард.
14 Мањфуми гуреза дар ќонунгузории ЉТ Аз меъёрњои моддањои 1, 2, 3, 4, 6 ќонуни ЉТ бар меомад, ки «статуси гуреза ба шањрвандони ЉТ, ки маљбур шудаанд љойи истиќомати доимии худро тарк кунанд, дода мешавад. Ба шањрвандони хориљї ва шахсони бетабаа, ки љойи истиќомати доимии худро дар мамлакати худ, дар ЉТ тарк намудаанд, статуси гуреза дода намешавад». Бо суханони дигар Ќонуни ЉТ «Дар бораи гурезањо» аз 25-уми ноябри соли 1992 танњо ба њимояи њуќуќњои шањрвандоне, ки дар њудуди Љумњурии Тољикистон љойи истиќомати доимї доштанд, равона гардида буд. Ќонун дар бораи гурезањои ЉТ ба мафњуми «гуреза» њам муњољирони иљбории дохилї ва њам хориљиро дар бар мегирифт. Аломатњои асосии муайян кардани вазъи гуреза, шањрванди ЉТ будан ва дар натиљаи нооромии сиёсї тарк намудани љойи истиќомти доимї эътироф мегардид. Ќонуни ЉТ «Дар бораи гурезањо» аз 25 ноябри соли 1992 хусусияти муваќкатї дошта, маќсади ба љойи истиќомати доимї бар гардонидани шањрвандони ЉТ ва дар њолати пешина барќарор кардани онњоро пайгирї мекард.
15 Мањфуми гуреза дар ќонунгузории ЉТ Дар ин шароити набудани таљрибаи худї оид ба њалли масъалаи гурезагон Тољикистон рў ба таљрибаи љањонї намуд. Мамлакати мо яке аз аввалинњо ба Конвенсия оид ба вазъи гурезагон аз соли 1993 (барои ЉТ аз 7-уми марти соли 1994 ќувваи њуќуќї пайдо кардааст) ва Протокол оид ба масъалаи вазъи гурезагон њамроњ шудааст.
16 Мањфуми гуреза дар ќонунгузории ЉТ Ташаккули минбаъдаи ќонунгузорї дар соњаи њуќуќи гурезагон бо ќабули ќонун «Дар бораи гурезагон» аз соли 1994 алоќаманд аст. Дар он аввалин бор таърифи гуреза дар мутобиќат бо Конвенсия дода шудааст. Баробари ин дар ќонун як ќатор нуќсонњо низ мављуд буд, алалхусус, таърифи ќоидањо нисбат ба шахсони бешањрвандї, чунин нишонањои асосї, ба монанди, аз њимояи давлати худ мањрум гардидан ва нахостани истифодаи чунин њимоя ва ѓ. дар он вуљуд надоштанд. Ба ѓайр аз ин, дар фарќият аз мафњуми гуреза, ки дар Конвенсия дода шудааст, дар ќонун ин таъриф танњо ба ќайди вайронкунии оммавии тартиботи љамъиятї ва дигар њолатњо мањдуд шудааст. Њамчунин Ќонуни ЉТ рўйхати љиноятњое, ки бо содир намудани онњо шахс бояд гуреза эътироф карда нашавад, нопурра инъикос кардааст, алалхусус, фаќат барои љиноятњо бар зидди сулњ, инсоният, аз љумла, љиноятњои ќасдона. Њамон љо. С. 31
17 Мањфуми гуреза дар ќонунгузории ЉТ Бо маќсади мутобиќ намудани меъёрњо оид ба гурезагон бо Конститутсия (Сарќонуни)- и Љумњурии Тољикистон 10 майи соли 2002 ќонуни нави ЉТ «Дар бораи гурезагон» ќабул карда шудааст, ки асос ва тартиби гуреза эътироф намудани ашхоси љўяндаи паноњгоњро муайян ва кафолатњои иќтисодї, иљтимої ва њуќуќии њимояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии гурезагон, ки њолати њуќуќии гурезагонро ташкил менамояд, мустањкам намуд.
18 Мањфуми гуреза дар ќонунгузории ЉТ Ќонуни нав тамоми камбудињои дар ќонунњои пештара љойдоштаро бартараф намуда, љойи истиќомати муваќќатии ашхосе, ки макони сукунат мељўянд то гуреза эътироф намудани онњо, аз љумла, ашхоси аллакай гуреза эътирофшудаву љойи истиќомат надошта ва бо имконияти худ маскун шуда натавонистаро, ки паноњгоњ мељўянд, муайян кард. Дар ќонун институти шањодатномаи муваќќатї, ки дар бораи шахсият гувоњї медињад ва њолати њуќуќиро то пурра њал гардидани масъалаи гуреза эътироф намудан муайян менамояд, ворид карда шудааст. Баъди гуреза эътироф гардидани онњо шањодатномаи муваќќатї ба намунаи тасдиќшудаи шањодатномаи гуреза ба мўњлати се сол бо минбаъд тамдид намудани мўњлати он ба њамин мўњлат, иваз карда мешавад.
19 Мањфуми гуреза дар ќонунгузории ЉТ Дар фарќият аз ќонуни пештара ќонуни нав њолатњои мањдудияти пешнињод кардани вазъи гуреза, илова бар он ба таври мушаххас аниќ намудани љиноятњои хусусияти ѓайрисисёсиро мустањкам кард. Аз гуфтањои боло аён аст, ки умуман масъалаи таърифи «гуреза» яке аз масъалањои шадиди дунё мебошад. Новобаста аз ќабули санадњои њуќуќї-байналхалќї ва ќонунгузории миллї, њалли ин масъала душвор мебошад, зеро шумора ва сабабњои маљбуркунандаи бавуљудоии гурезањо рўз то рўз афзоиш меёбад.
20 Мањфуми гуреза дар ќонунгузории ЉТ Њамаи ин шањодати он аст, ки њуќуќи гирифтани вазъи гуреза яке аз њуќуќњои асосии инсон дар давлатњои дигар мебошад. Дар робита бо ин, яке аз ќазияњои њалталабро дар Љумњурии Тољикистон њамоно идомаи љустуљўи воситањои самараноки њимоя ин гурўњи хориљиён ва кўмак ба онњо ташкил медињад. Барои муайян кардани вазъи њуќуќии гурезањо гурўњбандии он ањамияти муњим дорад. Айни њол, якчанд гурўњи гурезагон арзи њастї менамояд, алалхусус, гурезагони «оинномавї», гурезагони «мандатї», гурезагони «созишномавї», гурезагони «фаластинї» ва дигарон.
21 Гурўњбандии гурезањо Њар яки онро ба таври муфассал дида мебароем: «Гурезагони Оинномавї». Дар банди 1 фасли А моддаи 1 Конвенсияи соли 1951 гурезагони оинномавї, яъне ашхосе, ки аз рўи муќаррароти њуљљатњои байналхалќии то ќабули Конвенсия мављудбуда њисоб мешаванд, баррасї мешавад. Ин муќаррарот ќайд менамояд, ки:
22 Гурўњбандии гурезањо «Дар Конвенсия зери истилоњи «гуреза» шахсе фањмида мешавад, ки: 1) дар асоси Созишнома аз 12-уми майи 1926 ва 30-юми июни соли 1928 ё дар асоси Конвенсия аз 28-уми октябри соли 1933 ва 10-уми феврали соли 1938, Протокол аз 14-уми сентябри соли 1939 ё дар асоси Оинномаи ташкилоти байналхалќї оиди кор бо гурезагон њамчун гуреза барраси мешуд; ќарор дар бораи рад кардани њуќуќи гуреза њисобидан, ки аз тарафи Ташкилоти байналхалќї оид ба кор бо гурезагон дар давраи фаъолияти он ќабул карда шудааст, пеши роњи ба ашхоси ба талаботи банди 2 фасли мазкур љавобгўбуда вазъи гуреза доданро намегирад». Номгўи болозикр бо маќсади таъмини алоќа бо њодисањои замони гузашта ва ворисии њимояи байналхалќии гурезагон, ки объекти нигоњубини љомеаи љањонї дар даврањои гуногуни таърихї будаанд, карда шудааст.
23 Гурўњбандии гурезањо «Гурезагони мандатї. Зери мафњуми гурезагони «мандатї» шахсоне фањмида мешаванд, ки РКОГ СММ (УВКБ ООН) тибќи Оинномаи худ ва дар натиљаи барномањои гузаронидашавандаи расонидани кўмак, ки онњо метавонанд бевоиста ќабул намоянд, њамчун гуреза баррасї менамоянд. Бо назардошти моддаи 35-и Конвенсия, аз љумла, ќатъномаи 428 (V) Ассамблеяи Генералии СММ, ки давлатњои шартномабастаро ба њамкорї бо РКОГ СММ дар амалї намудани вазифањои он ўњдадор менамояд, РКОГ СММ ваколати новобаста аз ќарори далвати воќеъгардї додани вазъи гурезаро дорад.
24 Гурўњбандии гурезањо «Гурезагони созишномавї (конвенсионї)». Гурезагони «созишномавї» аз њуќуќу имтиёзњое, ки давлати паноњдињї дар асоси Конвенсия оид ба вазъи гурезагон аз соли 1951 ва Протоколи соли 1967 пешнињод мекунад, бархурдор мебошанд. Агар давлат иштирокчии Конвенсия оид ба вазъи гурезагон аз соли 1951 ва Протоколи соли 1967 бошад, ба њукумати он ўњдадории додани вазъи гуреза ба дархостшавандагон гузошта шудааст. Чї тавре дар Конвенсия оид ба вазъи гурезагон ќайд шудааст, ба шахси гирифтаи вазъи гурезаи «созишномавї» як ќатор њуќуќњои иќтисодї ва иљтимої, аз љумла, кафолати бадарѓа накардан дода мешавад.
25 Гурўњбандии гурезањо Гурезагони «фаластинї». Гурезагони фаластинї тањти амали Мандати РКОГ СММ ва Созишнома оид ба вазъи гурезагон аз соли 1951 ва протоколњо ба онњо дохил намешавад. Гурўњи гурезагони «фаластинї» баъди љанги арабу изроилии соли 1948 ба вуљуд омадааст, ки дар натиљаи он 3,5 млн. фаластинї берун аз Фаластин монданд ва СММ барои њалли ин масъала Ољонсии ООН дар шарќи наздик барои кўмак ба фаластиниён ва ташкили корро кушодааст (ОШНТКФ - БАПОР).
26 Гурўњбандии гурезањо «Гурезагон дар макон». Талаботи берун аз мамлакати худ ќарор доштани шахс барои гуреза ном гирифтан, маънои онро надорад, ки шахс бояд њатман онро ѓайриќонунї ё њатто бо сабаби хавфи асоснок тарк намояд. Он метавонад баъди чанд муддат дар хориља зистан вазъи гурезаро дархост намояд. Шахсе, ки дар лањзаи судур аз мамлакат дорои вазъи гуреза набуд, аммо баъди гузаштани муддати муайян гуреза мешавад, «гуреза дар макон» ном дорад.
27 Гурўњбандии гурезањо «Гурезаи де - факто». Номи «гурезаи де-факто»-ро дар таљрибаи аврупої ашхосе гирифтаанд, ки ба њимояи байналхалќї ниёз доранд, аммо ба мафњуми сазишномавї дохил намешаванд. Њолати њуќуќии «гурезагони де факто»-ро Тавсияи 773 (соли 1976)-и Шўрои Аврупо «Дар бораи гурезагони де-факто» муайян мекунад. Дар асоси њуљљати ќайдгардида ашхосе, ки аз рўи мазмуни моддаи 1 Конвенсия дар бораи вазъи гурезагон аз 28-уми июли с.1951 ва таѓйирот ба он, ки бо Протокол аз 31-уми январи соли 1967 ворид гардидааст, ба мафњуми гуреза дохил намешаванд ва онњое, ки бинобар сабаби сиёсї, нажодї, динї ё дигар сабаби асоснок ба давлати баромади худ баргашта наметавонанд ё намехоњанд, «гурезагони де факто» ном доранд. Аммо нисбати «гурезагони де факто» њадди аксар зиёди моддањои Конвенсия дар бораи вазъи гурезагон аз 28-уми июли 1951 татбиќ мегардид, алахусус, моддањои вобаста ба кори кироя (моддаи 17), кўмаки њукуматї (моддаи 23), ќонунгузории мењнатї ва таъминоти иљтимої (моддаи 24), аз љумла, муќаррарот дар бораи дар давлати дињандаи паноњгоњ ѓайриќонунї ќарор доштан (моддаи 31), бадарѓа (моддаи 32) ва хусусан, манъи бадарѓаи гурезагон ё бозгардонидани маљбурии онњо (моддаи 33). Ба ѓайр аз ин, ба «гурезагони де факто» иљозат барои истиќомат, иљозат барои кор, њуќуќи дарёфти манзили мувофиќ, омўзиши бепули забон ва тахассус, маблаѓгузорї ва идрорпулии донишљўї пешнињод карда мешавад.
28 Гурўњбандии гурезањо Бадарѓа кардани гурезагони де-факто иљозат дода намешавад, танњо ба он давлатњое роњ дода мешаванд, ки зери таъќибот ќарор нагиранд. Умуман, ба гурезагони де-факто чунон шароите дода мешавад, ки ба хориљиён пешнињод мегарданд.
Еще похожие презентации в нашем архиве:
© 2024 MyShared Inc.
All rights reserved.