Скачать презентацию
Идет загрузка презентации. Пожалуйста, подождите
Презентация была опубликована 9 лет назад пользователемСтанислав Бочин
1 Мавзўи: « Мафњум ва моњияти њуќуќ». Муллоев Д.М.
2 Фањмиши њозираи њуќуќ: муносибат ва масоил. Бавуљудоии њуќуќ. Њуќуќ њамчун падидаи иљтимої амалан якљоя бо давлат ба вуљуд омадааст, чунки онњо якдигарро пурра ва амали самараноки байнињамдигариро таъмин менамоянд. Њуќуќ ин шакли ягонае мебошад, ки дар он давлат метавонад иродаи худро њамчун ба таври умумињатмї ифода намояд. Меъёрњои њуќуќї бо чор роњ ба вуљуд омаданд: 1.Мубаддалшавии мононормањо (одатњо) ба меъёрњои њуќуќи аз тарафи давлат муќаррар кардашуда; 2.Њуќуќэљодкунии давлат, ки дар нашри санадњои расмии меъёрї ифода меёбанд (ќонунњо, фармонњо, ќарорњо ва ѓайра.) 3.Созмонёбии њуќуќи судї, ки аз ќарорњои мушаххас иборатанд, аз тарафи маќомоти судї ќабул кардашуда барои њалли парвандањои монанд њамчун ќолаб (эталон) истифода бурда мешавад. 4.Бавуљудоии њуќуќ ин натиљаи мураккабшавии алоќањои иљтимої, тезу тундшавии зиддиятњо дар љамъият мебошад, ки меъёрњои љамъияти ибтидої ќудрати батанзимдарории онњоро надоштанд.
3 Њуќуќ чист? Нишонањои њуќуќро номбар кунед? Њуќуќ - ин низоми меъёрњои умумињатмии расман муайянгашта, ки иродаи љамъият, синфи муайянро ифода мекунад, аз тарафи давлат муќаррар ва таъмин карда мешаванд, барои батанзимдарории муносибатњои љамъиятї равона карда шудааст. Нишонањои њуќуќ: Характери иродавї дорад; Умумињатмї мебошад; Меъёрї будан; Алоќа бо давлат; Расман муайян будан.
4 Моњияти њуќуќ аз чї иборат аст? Њангоми муайян кардани моњияти меъёри њуќуќ ду аспект ба назар гирифта мешавад: њуќуќ пеш аз њама батанзимдарорандаи муносибатњои љамъиятї мебошад (тарафи расї); њуќуќ манфиатњои муайянро муњофизат мекунад (тарафи мазмунї). Оид ба моњияти њуќуќ нуќтањои назари зеринро фарќ карда мешавад: нуќтаи назари синфї, ки дар доираи он њуќуќ њамчун низоми меъёрњои аз тарафи давлат кафолатнок шуда мебошад, ки иродаи ба ќувваи ќонун дароварда шудаи синфи њукмронро мустањкам мекунад. Дар ин маъно њуќуќ њамчун восита барои таъмини манфиатњои синфи њукмрон истифода бурда мешавад; нуќтаи назари умумииљтимої, ки дар доираи он њуќуќ њамчун ифодакунандаи созиши байни синфњо, табаќањо ва гурўњњои иљтимоии гуногуни љамъият баромад мекунад. Дар ин маъно њуќуќ њамчун воситаи мустањкамкунанда ва таъминкунандаи њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд, озодии иќтисодї, демократия ва ѓайрањо истифода бурда мешавад; нуќтаи назари динї, миллї, нажодї ва дигарон низ фарќ карда мешавад, дар доираи он манфиатњои динї, миллї, нажодї ва ѓайрањо дар ќонунњо, санадњои зерќонунї, одатњои њуќуќї ва шартномањои меъёрї бартарият дорад.
5 Њуќуќ дар илми њуќуќшиносї ва амалия ба маънои объективї ва субъективї фарќ карда мешавад. Њуќуќи объективї ин низоми меъёрњои умумињатмии расман муайянгаштаи рафтор мебошад, ки аз тарафи давлат муќаррар ва таъмин карда шуда, њамчун батанзимдарорандаи муносибатњои љамъиятї баромад мекунанд. Ин маљмўи њуќуќњо дар Конститутсия, ќонунњо, эъломияњо, шартномањои байналхалќї ва дигар санадњои њуќуќї мустањкам карда шудаанд. Њуќуќи субъективї ин чораи рафтори имконпазири њуќуќї мебошад, ки барои ќонеъ гардонидани манфиатњои хусусии шахс равона карда шудааст. Ба сифати њуќуќњои субъективї њуќуќ ва озодињои мушаххаси шахсї (њуќуќ ба њаёт, озодї, мењнат, маълумот ва ѓ.), ки бевосита бо субъект алоќаманд буда, аз шуур ва иродаи ў вобаста мебошад.
6 Функсияњои њуќуќ: мафњум ва таснифот. Функсияи њуќуќ - ин тарафњои асосии таъсиррасонии њуќуќї мебошад, ки наќши њуќуќро дар батанзимдарории муносибатњои љамъиятї ифода мекунад. Дар дараљаи њуќуќї функсияњои танзимдароранда ва муњофизаткунанда фарќ карда мешавад. Функсияи танзимдарорандаи њуќуќ ањамияти аввалиндараља ва характери эљодї дорад, чунки њуќуќ бо ёрии ин функсия ба рушди алоќањои иљтимоии барои љамъият ва давлат ањамиятнок таъсир мерасонад. Функсияи муњофизаткунандаи њуќуќ бо ёрии мањдудкунии њуќуќї – муќарраркунии ўњдадорињо, манъкунињо, љазодињї, ќатъкунї амалї шуда, характери дуюмдараља дорад. Ин функсия мањсули функсияи танзимдароранда буда, барои таъмини он таъин карда шудааст.
7 Њуќуќэљодкунї чист? Њуќуќэљодкунї - ин пеш аз њама фаъолияти маќомоти давлатї мебошад, ки ба ќабул намудан, таѓйир додан ва ќатъ кардани меъёрњои њуќуќї равона карда шудааст. Принсипњои њуќуќэљодкунї ин ѓояњои роњбарикунандаи фаъолиятест, ки бо ќабул намудан, ќатъ ё иваз кардани меъёрњои њуќуќї алоќаманд мебошад: -илмї; -профессионализм; -ќонуният; -демократизм; -ошкорбаёнї.
8 Кадом намудњои њуќуќэљодкуниро медонед? Њуќуќэљодкунї зуњуроти бой буда, вобаста ба субъектони њуќуќэљодкунї ба намудњои зерин таќсим мешаванд: -њуќуќэљодкунии бевоситаи халќ – райъпурсї; -њуќуќэљодкунии маќомоти давлатї – Маљлиси Олї, Њукумат; -њуќуќэљодкунии шахсони алоњидаи мансабдор.
9 Љараёни њуќуќэљодкунї дар Љумњурии Тољикистон. Дар Тољикистон њуќуќэљодкунї аз даврањои зерин иборат мебошад: Ташаббуси ќонунгузорї - мувофиќи м.58 Конститутсияи ЉТ субъектони зерин њуќуќи ташаббуси ќонунгузориро доранд – аъзои Маљлиси миллї, вакили Маљлиси намояндагон, Президенти Љумњурии Тољикистон, Њукумати Тољикистон, Маљлиси вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон. Пешнињоди ин субъектон дар назди маќомоти ќонунгузор ўњдадорї мегузорад, ки пешнињодот ва лоињаи ќонунро баррасї намоянд, аммо ќабул кардан ё накардан ин њуќуќи ќонунгузор мебошад.
10 Муњокимаи лоињаи ќонун – ин давра дар Маљлиси намояндагон бо шунидани маърўзаи намояндаи субъекте, ки лоињаи ќонунро пешнињод кардааст, оѓоз мешавад. Дар ин давра камбудињои лоињаи ќонун бартараф карда шуда ба сифати муайян оварда мешавад. Ин давра аз якчанд зинањо иборат мебошад: -Ќабули ќонун аз тарафи Маљлиси намояндагон; -Љонибдории ќонун аз тарафи Маљлиси миллї; -Имзо намудани ќонун аз тарафи Президенти ЉТ.
11 -Нашри ќонун – ин давра бо нашр намудани ќонунњои ќабул ва имзошуда алоќаманд буда, дар давоми на дертар аз 15 рўз дар рўзномањои расмї «Љумњурият», бо забонї давлатї, ѓайр аз ин дар «Маљмўаи ќонунњои Љумњурии Тољикистон» ва «Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон» чоп карда мешавад. М.54 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрї-њуќуќї» - «Тартиби ба таври расмї нашр намудани ќонунњои Љумњурии Тољикистон». -Ќонунњои Љумњурии Тољикистон баъди нашри расмиашон ба ќувваи ќонунї медароянд.
12 Ќонунњоро Маљлиси намояндагон ќабул менамояд. Ќонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон ќабул мегардад. Ќонунњое, ки Маљлиси намояндагон ќабул намудааст ба Маљлиси миллї пешнињод мешаванд, ба истиснои ќонунњо дар бораи буљети давлатї ва авф. Маљлиси миллї ќонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ љонибдорї мекунад. Дар мавриди дастгирї наёфтани ќонун аз љониби Маљлиси миллї ќонун такроран дар Маљлиси намояндагон баррасї мешавад. М. 60 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон.
13 Ќонунњои конститутсионї оид ба масъалањое ќабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст (ќ. 4 м. 48, ќ. 4 м.51, ќ. 3 м. 66, ќ. 4 м. 74, ќ. 5 м. 78, м. 83). Ќонунњои конститутсионї бо тарафдории на камтар аз се ду њиссаи шумораи умумии вакилони Маљлиси намояндагон ќабул мегарданд ва Маљлиси миллї бо тарафдории на камтар аз се ду њиссаи аъзои худ љонибдорї мекунад. М.61 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон.
14 Мафњум ва нишонањои меъёрњои њуќуќ. Меъёри њуќуќ чист? Нишонањои меъёри њуќуќро номбар кунед? Меъёри њуќуќ – ин ќоидањои рафтори умумињатмї ва расман муайянгаштаи одамон мебошад, ки аз тарафи давлат муќаррар ва таъминкарда шуда, барои ба танзим даровардани муносибатњои љамъиятї равона карда шудааст. Меъёри њуќуќ ин њуљайраи аввалини њуќуќ, унсури аввалаи низоми он мебошад. Нишонањои меъёри њуќуќ: Умумињатмї мебошад, яъне рафтори имкониятнок ва њатмии одамонро давлат муќаррар мекунад; Расман муайянгашта мебошад, яъне дар шакли навиштаљот дар њуљљатњои расмї доираи рафтори одамон муайян шудааст; Алоќа бо давлат, яъне аз тарафи давлат муќаррар карда шудааст ва бо чорањои таъсиррасонии давлатї - маљбуркунї ва њавасмандкунї таъмин карда мешавад; Табиати пешнињодкунандагї-ўњдадоркунанда дорад, яъне ба субъектони муносибатњои њуќуќї дар як ваќт на танњо њуќуќ, балки ўњдадорї низ пешбинї мекунад; Сохтори мантиќии худро дорад, яъне меъёри њуќуќ аз унсурњои таркибии бањам алоќаманд, гипотеза, диспозитсия ва санксия иборат аст.
15 Сохтори меъёри њуќуќ Сохтори меъёри њуќуќ – ин ягонагии унсурњои зарури банизомдаровардашуда мебошад, ки мустаќилияти амали онро таъмин менамояд. Ин сохтор аз кадом унсурњо иборат будани меъёри њуќуќ ва чї гуна бањам алоќамандии онро нишон медињад.
16 Ин унсурњо сето мебошанд: Гипотеза – ин унсури меъёри њуќуќ буда, он нишондод ба њолати мушаххаси њаётї, шартњоро дар бар мегирад, ки њангоми бавуљудоии онњо меъёри њуќуќ амалї карда мешавад. Диспозитсия – ин унсури меъёри њуќуќ буда, он модели рафтори одамон мебошад, ки дар он њуќуќ ва ўњдадорињои иштирокчиёни муносибатњои њуќуќї муќаррар карда шудааст. Санксия – ин унсури меъёри њуќуќ буда, он оќибатњои баамалбарории диспозитсияро пешбинї мекунад. Маљбуркунї- љазо.
17 Маънидодкунии меъёрњои њуќуќ Маънидодкунии меъёрњои њуќуќ - ин фаъолияте мебошад, ки барои муќаррар кардани мазмуни меъёрњои њуќуќ равона карда шудааст. Дар љараёни маънидодкунї маќсади навиштаљоти меъёрї, самти иљтимоии он, мавќеи он дар низоми батанзимдарории њуќуќї муќаррар карда мешаванд. Маънидодкунии меъёрњои њуќуќ ду тараф дорад: - фањмидан барои худ; - фањмонидан барои дигарон;
18 Вобаста аз субъектон маънидодкунї ба: - маънидодкунии расмї; - маънидодкунии ѓайрирасмї таќсим карда мешавад. Маънидодкунии расмї ин маънидодкуние мебошад, ки аз тарафи маќомоти барои он ваколатдоркарда шуда амалї мешавад ва барои њамаи субъектони њуќуќ њатмї мебошад. Њангоми риоя накардани ин маънидодкунї оќибати њуќуќї пешбинї шудааст. Маънидодкунии ѓайрирасмї ин маънидодкуние мебошад, ки он ањамияти њуќуќї надорад ва барои њамаи субъектони муносибатњои њуќуќї њатмї нест. Намудњои зерини маънидодкунии ѓайрирасмї фарќ карда мешавад: 1. Одатї. 2. Касбї. 3. Илмї.
19 Санади маънидодкунии њуќуќ ин чунин санади њуќуќие мебошад, дар он мазмуни меъёрњои њуќуќї кушода дода шудааст. Хусусиятњои санади маънидодкунии њуќуќ: - дар он мазмуни меъёрњои њуќуќї инъикос ёфтааст; - дар он меъёрњои мушаххас љой дорад; - ањамияти мустаќилона надорад ва дар ягонагї бо меъёрњои маънидодшаванда амал мекунад; - сарчашмаи њуќуќ баромад намекунад.
20 1. Њуќуќи интихоботии объективї – ин низоми меъёрњои њуќуќї-конститутсионие мебошанд, ки муносибатњои љамъиятии бо интихоботи маќомоти давлатї ва худидоракунии мањаллї алоќамандбударо ба танзим медарорад. 2. Њуќуќи интихоботии субъективї - ин имконияти аз тарафи давлат ба шањрванд барои иштирок кардан дар интихоботи маќомоти давлатї ва маќомоти худидоракунии мањаллї кафолатдодашуда мебошад. Њуќуќи интихоботии субъективї аз маљмўи њуќуќњои мушаххаси шањрванд мебошад, ки онњо ба ду гурўњ људо мешаванд: А. Њуќуќи интихоботии субъективии фаъол – ин њуќуќи интихоб кардан ва овоз додан; Б. Њуќуќи интихоботии субъективии ѓайрифаъол ин њуќуќи интихоб шудан ба вазифаи интихобшаванда мебошад.
21 Дар њуќуќи конститутсионї вожаи «интихобот» њамчун тартиби ташкилёбии маќоми давлатї ё додани салоњиятњо ба шахси мансабдор, ки ба воситаи овоздињии шахсони ваколатдор ба амал бароварда мешавад ба шарте, ки ба њар як мандати пешнињодкарда шуда мувофиќи тартиби муќарраркардаи ќонун ду ва ё зиёда номзад барои соњиб шудан ба мандат (љой) ќувваозмої мекунанд.
22 Низоми интихоботї – ин вожа дар адабиёти њуќукшиносї бо маънои васеъ ва махдуд фањмида мешавад. Низоми интихоботї дар маънои васеъ ин муносибатњои банизом- даровардашудаи љамъиятиест, ки бо интихоботи маќомоти њокимияти оммавї алоќаманд мебошанд ва тартиби интихоботро пешбинї мекунанд. Низоми интихоботї дар маънои мањдуд ин тарзи таќсими мандатњо байни номзадњо вобаста аз натиљаи овоздињии интихобкунандагон мебошад.
23 Принсипњои њуќуќи интихоботї Принсипњои њуќуќи интихоботии субъективї – ин шартњои этирофкунї ва бамалбарории њуќуќи интихоботї мебошад, ки риояи онњо дар љараёни интихобот онро дар њаќиќат њамчун ифодакунандаи иродаи халќ мегардонад. Принсипњои њуќуќи интихоботии субъективї инњо мебошанд: - њуќуќи интихоботи умумї; - њуќуќи интихоботи озодона; - њуќуќи интихоботи баробар; - њуќуќи интихоботи бевосита; - овоздињии пинњонї.
24 Њуќуќи интихоботи умумї – ин њуќуќе мебошад, ки ба њамаи шањрвандони ба синни дар ќонун пешбинишуда расидаанд ва руњан солимаќл мебошанд. Шахсоне, ки ба онњо конститутсия ва ё ќонун њуќуќи овоздињиро пешбинї намудааст, интихобкунанда ном дорад.
25 Маљмўи интихобкунандагони давлат ва ё воњидњои њудудї корпуси интихоботї – электорат ном дорад. Намудњои зерини корпуси интихоботї - электорат фарќ карда мешаванд: Корпуси интихоботии (электорати) юридикї – ин маљмўи интихобкунандагоне мебошанд, ки ба рўйхати интихобкунандагон дароварда шудааст; Корпуси интихоботии (электорати) фактї - ин маљмўи интихобкунандагони овоздињанда мебошанд; Корпуси интихоботии (электорати) потенсиалї - ин маљмўи њамаи интихобкунандагоне мебошанд, ки њам аз ќайд гузаштаанд ва њам аз ќайд нагузаштаанд.
26 Њуќуќи интихоботи озодона - интихобкунанда мустаќилона њал менамояд, ки дар интихобот иштирок мекунад ё не. Иштирок накардан дар интихоботро абсентизм меноманд.
27 Њуќуќи интихоботи баробар ба њар як интихобкунанда имконияти якхела ба натиљаи интихобот таъсир расониданро пешбинї мекунад. Њуќуќи интихоботи баробар мављудияти дар њар як интихобкунанда як овозро таъмин менамояд. Як интихобкунанда = як овоз.
28 Њуќуќи интихоботи бевосита ин њуќуќи интихобкунанда бевосита интихоб кардан ё бевосита интихоб шудан дар маќомоти интихоботї ё ба мансаби интихоботиро дорад. Њуќуќи интихоботи ѓайримустаќим маънои онро дорад, ки интихобкунанда фаќат аъзоёни коллегия (интихобчиён)-ро интихоб мекунанд ва баъд интихобчиён маќомоти интихобиро интихоб мекунанд.
29 Овоздињии пинњонї ин принсип назорати беруна ва назорат аз болои ифодаи иродаи интихобкунандаро истисно мекунад ва озодии пурраи ифодакунии иродаи интихобкунанда-ро кафолат медињад.
30 Љараёни интихоботї ин фаъолияти аз тарафи ќонун ба танзим даровардашудаи шахсон, маќомот, ташкилотњо ва гурўњњо оид ба тайёр кардан ва гузаронидани интихобот дар маќомоти давлатї ва худидоракунии мањаллї мебошад. Ин фаъолият муназзам гардонида шуда аз даврањои мантиќан пайдарњам иборат мебошад:
31 Таъин кардани интихобот; м. 55 б.4 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон - Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон дар љаласаи якљояи худ интихоботи Президентро таъин мекунанд; м.69 б.14 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон - Президенти Тољикистон интихоботи Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон ва маќомоти намояндагии мањаллиро таъин мекунад.
32 - Муќаррар кардани њавзањои интихоботї; - Муќаррар кардани участкањои интихоботї; - Созмон додани маќомоти интихоботї; - Ба ќайдгирии интихобкунандагон; - Пешбарии номзадњо; - Кампанияи агитатсионї; - Овоздињї; - Љамъбасти овоздињї ва муќарраркунии натиљаи интихобот; - Имконияти давраи дуюм ва ё интихоботи такрорї; - Нашри натиљаи интихобот.
Еще похожие презентации в нашем архиве:
© 2024 MyShared Inc.
All rights reserved.