ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 24. Њуќуќ ба манзил
Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Њуќуќи мазкур њамчун њуќуќи мустаќил дар ПБЊИИФ мустањкам нашудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки он танзими њуќуќии худро надошта бошад. Моддаи 11 ПБЊИИФ, ки ба сатњи кофии зиндагї бахшида мешавад, њуќуќ ба манзилро низ дар бар мегирад. Ба масъалаи таъмини манзил аз тарафи маќомотњои байналхалќї низ диќќати махсус дода мешавад. Алалхусус, дар Тавзењоти тартиби умумї тањти 4-и Кумитаи СММ оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї гуфта мешавад: «Њуќуќ ба манзили кофї ба њама тааллуќ дорад. Њамин тариќ, ашхоси алоњида, аз љумла, оилањо новобаста аз синну сол, вазъияти иќтисодї, мутааллиќият ба ягон гурўњ ё дигар навъи мансубият ё њолат ва дигар омилњо њуќуќ ба манзили кофї доранд» Тавзењоти тартиби умумии Кумитаи СММ оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї – ин шарњи расмии муќаррароти ПБЊИИФ аз тарафи Кумитаи СММ оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї
Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Ба аќидаи Кумита њуќуќ ба манзил бояд ба маънои мањдуд фањмида нашавад, ки онро, ба таври мисол, бо пешнињоди сарпаноњ баробар мекунад ва ин танњо маънои боми болои сарро дорад. Онро аслан њамчун њуќуќи зист дар њар љойи бехатар, сулњона ва арзанда бояд баррасї намуд. Ин ќайд њадди аќал бо ду сабаб љоиз аст.
Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Якум, њуќуќ ба манзил бо дигар њуќуќњои инсон ва ѓояњои асосии Паймон дар алоќамандии зич ќарор дорад. Њамин тариќ, шарафи хоси шахсияти инсон, ки аз онњо, чї хеле ќайд шуд, њуќуќњои дар Паймон мустањкамгардида бар меоянд, талаб карда мешавад, ки истилоњи «манзил» дар њамбастагї бо дигар андешањо шарњ дода шавад
Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Дуюм, дар моддаи 11 ќ. 1 ПБЊИИФ истинод ба манзил на танњо ба њамин маънї, балки њамчун манизили кирої бояд шарњ дода шавад. Њам дар њуљљатњои Комиссия оид ба нуќтањои ањолинишин, њам дар стратегияи љањонї (глобалї) дар соњаи манзил то соли 2000-ум пешбинї мешавад: Манзили сазовор маънои… манзили алоњида, масоњати сазовори зист, бехатарии дахлдор, равшанї ва њавогузароии лозима, зерсохтор (инфрастпуктура)-и асосии лозима ва љойгиршавии лозима аз нуќтаи назари кор ва хизматрасонињои асосї, илова бар ин, њамаи он бо нархи дастрасро дорад
Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Дар ќонунгузории миллї њуќуќ ба манзил назар ба ПБЊИИФ васеътартар танзим карда шудааст. Он њамчун њуќуќи мустаќили инсон мустањкам карда шудааст. Мустањкамкунии њуќуќ ба манзил дар Сарќонуни Љумњурии Тољикистон ањамияти зиёдтар дорад, зеро њуќуќи њар як касро ба доштани манзил ва имконияти кафолатдодашудаи таъмин будан ва надоштани хавфи он, ки шањрванд худсарона аз манзили худ мањрум карда мешавад ё ба манзили ў бидуни иродаи ашхоси дар он истиќоматкунанда касе ворид мегардад, ифода мекунад. Баробари ин Сарќонун асосњои истифодаи устувори манзили мављуда ва дар як ваќт имконияти дар асоси тартиботи муќарраргардидаи ќонунгузорї гирифтани манзили навро муњайё намудааст.
Мањфуми њуќуќи мазкур дар ќонунгузории ЉТ Бо табиати њуќуќии худ њуќуќи конститутсионї ба манзил институти давлатї-конститутсионї мебошад; баробари ин муќаррароти конститутсионї дар бораи њуќуќ ба манзил заминаи њуќуќии инкишоф ва такмили ќонунгузории манзил ва умуман тамоми муносибатњои манзилї; истифодаи манзили истиќоматї, бастани ањдњо ва дигар амалњои дорои ањамияти њуќуќї бо манзили истиќоматї, ташкили идоракунї ва таъмини нигоњдории фонди манзил мебошад.
Мањфуми њуќуќи мазкур дар ќонунгузории ЉТ Чї тавре ќайд гардида буд, њуќуќ ба манзил – ин яке аз њуќуќњои конститутсионии иљтимої мебошад. Тибќи моддаи 36 Сарќонун (Конститутсия)-и ЉТ «њар кас њуќуќ ба манзил дорад». Њуќуќи конститутсионї оид ба манзил кафолати ќонунии имконияти њар кас бо манзили доимї таъмин будан, имконияти истифодаи устувори манзили мављуда, дахлнопазирии манзил (њуќуќи шахсият ба њимояи давлатии манзили истиќоматии ба ў дар асоси иљора ё њуќуќи моликият тааллуќдошта аз воридшавии ѓайриќонунї), њуќуќ ба бењтар кардани шароити манзил бо роњи харидани манзили навро тахмин мекунад. Њуќуќи шањрвандон ба манзил мумкин аст ба се имконияти њуќуќї расонида шавад: истифодаи устувор, мустањкам ва доимии манзил; бењкунии шароити манзил; таъмини муњити зисти солим.
Мазмуни њуќуќи мазкур Њуќуќ ба манзил хусусияти бисёрљанба дорад, илова бар ин њамаи љанбањои онро ба якчанд имкониятњои асосии њуќуќї, ки аз мазмуни моддаи 36 Сарќонуни ЉТ сарчашма мегиранд, сарљамъ кардан мумкин аст. Пеш аз њама ин имконияти: истифодаи устувори манзили ињотанамудаи истиќоматї дар хонањои давлатї ва дигар фондњои манзил бо шартњои кироя, иштирок дар кооперативњои манзилї ва сохтмонию манзилї, бо роњи сохтмони инфиродии манзил, њаридани манзили истиќоматї (хона) аз рўи шартномањои њариду фурўш, тўњфа, иваз, аз љумла, мерос ва дигар асосњои пешбининамудаи ќонун; бењтар кардани шароитњои манзилии худ, њаридани манзили истиќоматї бо њар роњ; ашхоси камбизоат, дигар шањрвандони пешбининамудаи ќонун, ки ба манзил эњтиёљ доранд, бо роњи бепул гирифтани хона ё бо нархи дастрас аз фондњои давлатї ё дигар фондњо тибќи муъёрњои муќаррарнамудаи ќонун; истифодаи манзили истиќоматї барои истиќомати на танњо шањрванд – молики ин манзил ва аъзои оилаи он, балки бо роњи дар асоси шартнома (кирояи тиљоратї ва ѓайра) барои истиќомат додани манзили истиќоматї ба ашхоси дигар; таъмини истиќоматкунандагони хонањои истиќоматї (њуљрањои истиќоматї) бо муњити солими зист, муњити зисти ба инсони мутамаддин арзанда; таъмини роњ надодан ба мањрумкунии худсаронаи шањрвандон аз њуќуќ ба манзил.
Мазмуни њуќуќи мазкур Ба њуќуќи конститутсионї ба манзил меъёрњои Сарќонуни ЉТ дар бораи дахлнопазирии манзил ва њимоя аз воридшавии ашхоси бегона ба он бидуни иродаи истиќоматкунандагон, дахлнопазирии њаёти шахсї, њуќуќ ба њимояи судї дахл дорад. Муќаррароти моддаи 32 Сарќонуни ЉТ дар бораи роњ надодан ба мањрумкунии молик аз моликияташ ба љуз аз дар асоси ќонун ба њимояи њуќуќи моликияти хусусї равона шудааст ва дар њамаи соњањои њаёт, аз љумла дар соњаи манзил, бояд истифода шавад. Ин ќоида ба њамаи шањрвандон ва иттињодияи шахсони њуќуќї пањн мегардад.
Мазмуни њуќуќи мазкур Ин муќаррарот маънои онро дорад, ки манзили шањрвандон дахлнопазир мебошад, њељ кас њуќуќ надорад ба он манзил бидуни иродаи шањрвандони дар он дар асоси ќонун истиќоматкунанда ворид гардад, ба истиснои њолатњои дар ќонун муќарраршуда, хусусан: бо маќсади наљоти њаёти шањрванд ва (ё) амвол, таъмини бехатарии шахсї ва бехатарии љамъиятї дар ваќти њолатњои садамавї, офати табии, садама, бетартибии оммавї ё дигар њолатњои хусусияти фавќуллодадошта, аз љумла, бо маќсади дастгир кардани ашхоси дар содир намудани љиноят гумонбаршуда, пешгирии љиноят ё муќаррар кардани њолатњои љинояти содиршуда ё њодисаи нохуши сарзада.
Мазмуни њуќуќи мазкур Њељ кас худсарона аз манзил мањрум шуда наметавонад. Соњибони ќонунии манзили истиќоматї њуќуќ доранд аз ишѓолкунандагони ѓайриќонунии манзил холї кардани он, бартараф кардани њамагуна вайронкунии њуќуќњои онњо ба манзилро талаб кунанд, њатто агар чунин вайронкунии њуќуќ ба мањрум кардан аз соњибмулкї, доштан ва истифода кардан алоќаманд набошад. Истифокунандагони доимї метавонанд њуќуќи худро ба манзил њатто бар зидди соњибмулки манзили истиќоматї њифз кунанд.