Мавзӯи 25. Њуќуќ ба њифзи саломатї ва ёрии тиббї.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Готовимся к ЕГЭ. Содержание 1. ФонетикаФонетика 2. ОрфоэпияОрфоэпия 3. Морфемика и словообразованиеМорфемика и словообразование 4. ЛексикаЛексика 5. Морфология.
Advertisements

gr1-gif
Электрон дарслик таркиби ва даражалари. РЕЖА: 1. Электрон дарслик иш режимлари сценарийси 2. Электрон дарслик таркиби 3. Электрон дарслик даражалари.
Кафедраи «Физика, экологияи саноатї ва фанњои муњандисї» МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ СОҲАВЇ ВА ИДОРАИ ИННОВАТСИЯҲО ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ.
Мавзўи Њуќуќи иттилоот ва воситањои иттилоотикунонї дар пешбурди соњибкорї ва тиљорат 1.Моҳияти ҳуқуқи иттилоотонии соҳибкор. 2.Ҳуқуқи моликият ба захираҳои.
Њуљљатњои иттилоотию маълумотдињанда (2 соат). Хуљљатњои иттилоти- маълумотдињанда: маълумотномањо, арзномањо ва мактубчањои фањмондадињї, маълумотњо,
Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатї Муаррифот оид ба мавзўи «Амалисозии сиёсати.
Мавз ӯ и 23. Њуќуќ ба таъминоти иљтимої. Яке аз ѓояњои мављудияти давлат ва љамъият он мебошад, ки њар як кас бояд њастии худро худ таъмин кунад. Дар.
Мавз ӯ и 17. Њуќуќ ба интихоботи озод ва иштирок дар идораи корњои давлатї.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 34. Њуќуќи гурезагон. Њолати њуќуќии гурезагон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 33. Њуќуќи муњољирон. Њолати њуќуќии муњољирон.
Мавзӯи 32. Мафњум ва мазмуни њуќуќи халќњо ба худмуайянкунї. ЊУЌУЌИ ИНСОН.
Мавзӯи 25. Њуќуќ ба њифзи саломатї ва ёрии тиббї.
ДЕВОН-И ФЕРУЗШО Ҳ ИЙДАН ЎРИН ОЛГАН Ғ АЗАЛЛАР:МАТН ВА УНИНГ ШАР Ҳ И (Шар қ қ улёзмалари маркази фондидаги тошбосманусха асосида) Таълим йўналиши:
Дипломатик этикет. Дипломатик этикетда кийиниш маданияти ва қоидалари. Дипломатик протокол. Дипломатик қабул. Дипломатик мартаба.
Транксрипт:

Мавзӯи 25. Њуќуќ ба њифзи саломатї ва ёрии тиббї

Њуќуќ ба њифзи саломатї яке аз њуќуќњои иљтимоии муњими инсон ва шањрванд мебошад, зеро саломатї неъмати олии људонопазири инсон аст, ки бидуни он бисёр неъмат ва арзишњои дигар моњияти худро гум мекунанд. Баробари ин он на танњо неъмати шахсии шањрванд аст, балки хусусияти љамъиятї низ дорад. Бо суханони дигар на танњо њар як кас саломатии худро бояд нигоњубин кунад, балки љамъият низ ўњдадор аст тамоми чорањои зарурии ба њимоя ва бењтаркунии саломатии аъзоњои он мусоидаткунандаро андешад, пеши роњи дахолати дигаронро ба саломатии шањрвандон пешгирї кунанд. Њамин тариќ, дар ин њуќуќ чорањои озодии мутаќобила ва масъулияти мутаќобилаи шахсият ва давлат, созиши манфиати шахсї ва љамъиятї аёнтар ифода ёфтааст.

Њифзи саломатии шањрвандон – ин маљмўи чорањои дорои хусусияти сиёсї, иќтисодї, њуќуќї, иљтимої, фарњангї, илмї, тиббї, санитарию бењдоштї ( гигиенї ) ва зиддиэпидемї мебошад, ки ба нигоњдорї ва мустањкамкунии саломатии љисмонї ва рўњии мардум, дастгирии њаёти фаъоли дарозмуддати он, пешнињод кардани кўмаки тиббї дар сурати бад гардидани вазъи саломатї равона шудааст.

Тибќи таърифи Ташкилоти умумиљањонии њифзи саломатї зери мафњуми саломатї њолати бењбудии пурраи љисмонї, рўњї ва иљтимої фањмида мешавад. Аз нуќтаи назари њуќуќї он дар имконияти амаликунии њуќуќи шахс ва љамъият ба доштан ва ихтиёрдории он ифода меёбад. Љанбањои иљтимої - иќтисодї њамчун аломатњои иќтидор ( потенсиал )- и љисмонї ва зењнии ( интеллектуалї ) љамъият барои ташкили арзишњои моддї ва рўњонї баррасї мешавад. Моњияти хусусии саломатї аз нуќтаи назари психофизиология метавонад сатњи коршоямии љисмонї ва аќлониро њангоми иљроиши корњои гуногун инъикос кунад.

Њуќуќ ба саломатї маънои маљмўи чорањоеро дорад, ки њангоми амалигардонии он аз тарафи маќомоти давлатї бо мусоидати ташкилотњои љамъиятї, низоми миллии њифзи саломатиро ташкил мекунанд. Аз ин љо хулоса кардан мумкин аст, ки њуќуќ ба њифзи саломатї бо њифзи муњити табиии зист, ташкили шароити арзандаи корї, маишї, дамгирї, тарбия, таълим, истењсол ва фурўши мањсулоти босифати хўрокворї, аз љумла, бо расонидани кўмаки дастраси тиббию иљтимої ба ањолї таъмин мегардад.

Тибќи моддаи 12 ПБЊИИФ ба њар кас сатњи нињоии дастраси саломатии љисмонї ва рўњиро нишон медињад. Дар Тавзењоти тартиби умумии 14, ки аз тарафи Кумитаи њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї ќабул шудааст, ќайд мегардад, ки њуќуќ ба саломатї на танњо њуќуќ ба хизматрасонии замонавї ва муносиб дар соњаи њифзи саломатиро дар бар мегирад, балки, чунин заминањои бунёдии саломатї, ба монанди, дастрасї ба оби нўшокии бехатар ва хизмати муносиби санитарї, таъминоти кофии мањсулоти хўроквории бехатар, хўрока ва шароитњои манзилї, шароити бехатари мењнат ва муњити зист, аз љумла, дастрасї ба маърифатнокї ва иттилоотонї дар соњаи саломатї, инчунин, саломатии љинсї ва репродуктивиро низ дар бар мегирад.

Кумитаи њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї ќайд менамояд, ки зери њуќуќ ба саломатї сињат буданро фањмидан нашояд. Њуќуќ ба саломатї њам озодї ва њам њуќуќњои вобастаро дар бар мегирад. Ба озодї њуќуќи назорат аз болои саломатї ва тани худ, инчунин, озодии љинсї ва репродуктивї ва њуќуќи аз њама гуна дахолат озод буданро дар бар мегирад, мисол, њуќуќи озодї аз њамагуна шиканља ва бидуни розигии озод гирифтор шудан ба таљрибањои тиббї ва илмї. Аз тарафи дигар ба њуќуќњои мањсулї њуќуќ ба низоми њифзи саломатї, ки ба одамон барои ноил шудан ба сатњи нињоии саломатї имконияти баробар медињад, дохил мегардад

Мафњуми дар банди 1 моддаи 12 ќайдшудаи « сатњи нињоии ноилшавандаи саломатї » њам заминањои инфиродии биологї ва иљтимої - иќтисодї, њам манбаъњои дар ихтиёри давлатбударо дар бар мегирад. Як ќатор љанбањое мављуданд, ки танњо ба воситаи муносиботи мутаќобилаи давлат ва фард ињота карда намешавад ; хусусан, давлат саломатии хубро таъмин карда наметавонад ё аз њамаи сабабњои имконпазири бад гардидани саломатии инсон њифз намояд. Чунончї, омилњои ирсї, мосили инфиродї ба беморињо ва аз тарафи инсон интихоб намудани тарзи носолим ва хатарноки зиндагї метавонад ба таври назаррас ба саломатии инсон таъсир намояд. Мувофиќан, њуќуќ ба саломатї њамчун њуќуќ ба истифодаи як ќатор муассисањо, мол, хизматрасонї ва шароитњои барои сатњи нињоии ноилшавандаи саломатї расидан фањмида мешавад.

Њуќуќ ба саломатї дар њама шакл ва дар њама сатњ аз унсурњои асосии ба њам алоќаманди зерин иборат аст : Мављудї, яъне давлат бояд дорои миќдори кофии муассиссањои амалкунанда, мол ва хизматрасонї дар соњаи њифзи саломатї ва ёрии тиббї, аз љумла, барномањои дахдор бошад. Дастрасї. Муассиса, мол ва хизматрасонии њифзи саломатї бояд ба њар як кас бидуни ягон намуди табъиз дастрас бошад. Љоизї. Њамаи муассисањо, мол ва хизматрасонии њифзи саломатї бояд ба ѓояњои ахлоќи тиббї ва аломатњои маданї, яъне маданияти ашхоси алоњида, аќалият, халќият ва ќабила мувофиќат кунад, талаботи масъалаи гендерї ва тарзи зиндагї бояд ба инобат гирифта шавад, аз љумла, бояд ба њифзи сир ва бењбудии вазъи саломатии ин ашхос равона шуда бошад. Сифат. Муассиса, мол ва хизматрасонии њифзи саломатї баробари комилан мувофиќатии маданї инчунин бояд аз нуќтаи назари илмї ва тиббї љоиз буда, дорои сифати олї бошад. Барои ин пеш аз њама мављудияти њайати тиббии ботахассус, маводњои тиббї ва дастгоњњои тиббии илман санљидашуда ва коршоям, оби нушокии безарар ва хизматњои санитарии љоиз талаб карда мешавад.

Унсурњои номбаргардида барои нишонгирї ба давлат барои муайян кардани чорањои зарурї кўмак мекунад. Онњо намунаи мушаххаси умумии чорабинињоро медињанд, ки аз таърифи васеи њуќуќ ба саломатии дар банди 1 моддаи 12 пешбинишуда, сарчашма мегирад. Бо мустањкам намудани ин њуќуќ дар Сарќонун давлат ба зиммаи худ ўњдадории амалигардонии як ќатор чорабинињоро мегирад, ки ба бартараф кардани сабабњои бадгардии саломатии ањолї, пешгирии беморињои эпидемї, эндемикї ва дигар беморињо равона шудааст, аз љумла, ташкили чунин шароите, ки њар кас тавонад барои њимояи саломатї аз њамагуна усулњои манънашудаи табобат ва воситањои табобат истифода намояд.

Њуљљати заминавї дар соњаи танзими њуќуќии њуќуќњои шањрвандон ба њифзи саломатї дар Љумњурии Тољикистон Ќонун « Дар бораи њифзи саломатии ањолї » мебошад, ки тибќи он ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар муассисањои давлатии низоми њифзи саломатї кўмаки бепули тиббию санитарї расонида мешавад ; онњо њуќуќи интихоби озодонаи муассисаи табобатї ва духтурро доранд ; онњо бо кўмаки бетаъхири тиббї дар дилхоњ муассисањои табобатию - профилактикии наздиктарин, новобаста аз мансубияти хизматї ва њудудї, аз љумла, шакли моликият таъмин карда мешаванд ; ва аз рўи ихтиёр ва розигии худ метавонад дар асоси пулї аз хизмати муассисањои тибии хусусї ё духтурони хусусї истифода намоянд.

Њамин тариќ, њамаи шањрвандони ЉТ дар асоси ќонунгузорї ба њамаи намуди кўмаки тиббї, инчунин, ба кўмаки аввалияи тиббию санитарї, ёрии тиббии таъљилї ва кўмаки тиббии махсусгардонидашуда њуќуќ доранд. Шањрвандон ба гирифтани маълумоти мўътабар ва сариваќтї дар бораи омилњое, ки ба њифзи саломатї ва ба он таъсири бад расонанда мусоидат мекунад, аз љумла, маълумоти бењбудии санитарию эпидемиологии минтаќаи зист, меъёрњои оќилонаи ѓизо, дар бораи мањсулот, кор, хизматрасонї, мутобиќати онњо бо меъёрњо ва ќоидањои санитарї њуќуќ доранд