ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 10. Њуќуќи баробарї ва манъи табъиз.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
ОБЊОИ ЊАЁТ Маќсади дарс Маълумоти умумї додан оиди витаминњо, шиноскунии хонандагон бо таснифи витаминњо, намояндањои витаминњо ва ањамияти онњо. Дар асоси.
Advertisements

Мавзўи Њуќуќи иттилоот ва воситањои иттилоотикунонї дар пешбурди соњибкорї ва тиљорат 1.Моҳияти ҳуқуқи иттилоотонии соҳибкор. 2.Ҳуқуқи моликият ба захираҳои.
Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
III-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ИНСОН ВА ФУҚАРОЛАРНИНГ АСОСИЙ ҲУҚУҚ ВА ЭРКИНЛИКЛАРИ Режa: 1 Инсoн ҳуқуқлaрининг xaлқaрo-ҳуқуқий aсoслaри 2 Ўзбекистoн Республикaси.
Мавз ӯ и 6. Мафњуми њуќуќњои шахсї. Њуќуќ ба њаёт.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 34. Њуќуќи гурезагон. Њолати њуќуќии гурезагон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 7. Њуќуќ ба озодї аз шиканља ва дигар навъи муносибати ѓайриинсонї.
Мавз ӯ и 2. Сарчашмањои миллї ва байналхалќї оид ба њуќуќи инсон.
Мавз ӯ и 36. Њуќуќи кўдак. Њолати њуќуќии кўдак. Њуќуќи кўдак – ин њуќуќу озодињое аст, ки бояд њар як кўдак (њар шахси то 18 сола кўдак њисоб меёбад)
OZBEKISTON RESPUBLIKASI OLIY VA ORTA MAXSUS TALIM VAZIRLIGI TOSHKENT TOQIMACHILIK VA YENGIL SANOAT INSTITUTI FALSAFA KAFEDRASI TOSHKENT 2010.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 10. Њуќуќи баробарї ва манъи табъиз.
Дипломатик этикет. Дипломатик этикетда кийиниш маданияти ва қоидалари. Дипломатик протокол. Дипломатик қабул. Дипломатик мартаба.
Транксрипт:

ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 10. Њуќуќи баробарї ва манъи табъиз

Мањфумњои асосї Таъмини њуќуќи баробарї яке аз талаботњои асосии давлатњои муосири демократиро ташкил мекунад. Он ба њайси љавњари њама гуна љомеаи демократї, ки майл ба сўи адолати иљтимої ва эњтироми њуќуќњои инсонро доранд, баромад менамояд. Њуќуќ ба баробарї ифодагари озод будан аз њама гуна табъиз ( мањдудкунї ), ки аз рўи аломатњои гуногуни иљтимої ба мисли љинс, нажод, ранги пуст, забон, дин, аќидаи сиёсї, асли миллї ва иљтимої, вазъи моддї ва ѓайра бар меоянд, мебошад.

Мањфумњои асосї Зуњуроте, ки баробариро инкор менамояд, табъиз ном дорад. Зери ифодаи « табъиз » бояд « њама гуна тафриќагузорї, истиснонамої, мањдудият ва ё пешкаши имтиёз, ки ба аломатњои нажод, ранги пуст, забон, дин, асли миллї ва иљтимої, таваллуд ва ё њолатњои дигар асос ёфта, маќсади паст намудани сатњи эътироф, истифода ва ё амалисозии њуќуќ ва озодињо дар заминањои баробар ба њамаро дорад », фањмида шавад. Масъалаи баробарї ва манъи табъиз аз љониби як ќатор шартномањои байналхалќї, ки дар соњаи њуќуќи инсон ќабул гаштаанд, танзим шудааст.

Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Муќаррарот доир ба баробарї ва манъи табъиз дар Оинномаи Созмони Миллали Муттањид аз с.1945 ( м.1 ва 55), Эъломияи Умумии њуќуќи башар аз с.1948 ( м.2), Паймони байналхалќї дар бораи њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї ва њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї аз с ( моддањои 2- и њар ду Паймон ) мављуд аст. Бар замми ин, чунин меъёрњоро дар санадњои махсуси байналхалќї ба монанди Конвенсияи Ташкилоти байналхалќии мењнат 111 аз с дар бораи табъиз дар соњаи мењнат ва машѓулият ( м.1), Конвенсияи байналхалќї дар бораи рафъи њама гуна шаклњои табъиз, Конвенсияи ЮНЕСКО аз с.1960 дар бораи мубориза бо табъиз дар соњаи маориф ( м.1), Эъломияи ЮНЕСКО аз с.1978 дар бораи нажод ва таассуби нажодї ( м. 1, 2 ва 3), Эъломия аз с Дар бораи рафъи њама гуна шаклњои тоќатпазирї ва табъиз аз рўи дин ва аќоиди динї ( м.2), Конвенси СММ дар бораи њуќуќи кўдак аз с ( м.2) ва ѓайра во хўрдан мумкин аст.

Мањфуми њуќуќи мазкур дар ќонунгузории ЉТ Дар ЉТ низ ба масъалаи баробарї ва рафъи табъиз диќќати љиддї дода мешавад. Дар моддаи 17 Сарќонуни ЉТ омадааст, ки : « Њама дар назди ќонун ва суд баробаранд. Давлат ба њар кас, ќатъи назар аз миллат, нажод, љинс, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої, маълумот ва молу мулк, њуќуќ ва озодињоро кафолат медињад. Мардон ва занон баробарњуќуќанд.»

Мањфуми њуќуќи мазкур дар ќонунгузории ЉТ Љињати амалї гаштани ин муќаррароти конститутсионї дар ќонунгузории миллї низоми кафолатњои ин њуќуќ пешбинї гаштаанд. Аз љумла дар ќонуни ЉТ « Дар бораи кафолатњои давлатии баробарњуќуќии мардону занон ва имкониятњои баробари амалигардонии онњо » аз низоми кафолатњои таъмини баробарии занон ва мардон дарљ гардидааст. Ќонуни мазкур дар се боби худ кафолатњои имкониятњои баробарро дар соњаи амалисозии њуќуќњои интихоботї, соњаи хизмати давлатї ва муњити иќтисодї - иљтимої пешбинї кардааст.

Мањфуми њуќуќи мазкур дар ќонунгузории ЉТ Давлат њамчунин як ќатор кафолатњои мурофиавии таъмини баробариро муќаррар намудааст. Дар ќонунгузории мурофиавї аз љумла омадааст, ки адолати судї аз рўи парвандањои љиноятї дар заминаи баробарии шањрвандон назди ќонун ва суд ќатъи назар аз вазъи моддї ва иљтимої, мансубияти нажодї ва миллї, љинс, маълумот, забон, муносибат ба дин, навъи шуѓл, мањалли зист ва њолатњои дигар ба амал бароварда мешавад. ( м.9 Кодекси мурофиавии Љиноятии ЉТ ).

Мањфуми њуќуќи мазкур дар ќонунгузории ЉТ Низоми махсуси кафолатњоро кафолатњо дар соњаи таъмини њуќуќњои мењнатии инсон ташкил менамоянд. Дар ќонунгузорї ба ин љабња, махсусан, ба ќисмати риояи њуќуќњои занон, ноболиѓон ва табаќањои дигари ањолї диќќати љиддї дода мешавад.

Мањфуми њуќуќи мазкур дар ќонунгузории ЉТ Барои риоя гаштани њуќуќи мазкур, давлат низоми љавобгариро муќаррар намудааст. Њамин тавр. дар м.22 ќонуни ЉТ « Дар бораи кафолатњои давлатии баробарњуќуќии мардону занон ва имкониятњои баробари амалигардонии онњо » аз , омадааст, ки шахсони воќеї ва њуќуќї, ки талаботи ќонуни мазкурро, дар мавриди њуќуќ ба баробарї вайрон мекунанд, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд. Бо њамин тартиб чунин муќаррарот дар асноди дигари меъёрї, аз љумла, Кодекси мењнатї, ќонуни ЉТ « Дар бораи маориф » ва ѓ., дарљ гардидаанд.

Мањфуми њуќуќи мазкур дар ќонунгузории ЉТ Ќайд намудан ба маврид аст, ки дар ќонунгузории љиноятии ЉТ њамзамон меъёри мустаќиле мављуд аст, ки љавобгариро барои вайрон шудани баробарњуќуќии шањрвандон танзим намудааст. ( м.143 Кодекси љиноятии ЉТ ). Масъулият аз рўи моддаи мазкур дар њолате ба миён меояд, ки агар баробарии шањрвандон дар намуди пешнињод накардани имконияти амалисозии њуќуќњои худ ва ё монеъ шудан ба раванди амалигардонии онњо, вайрон карда шуда бошад. Дар ќисми дуюми моддаи зикршуда содир гардидани ин кирдор аз љониби шахсони мансабдор бо истифода аз маќоми хизматиашон таъкид гардидааст.

Мањфуми њуќуќи мазкур дар ќонунгузории ЉТ Моддаи дигаре, ки масъулиятро барои вайрон намудани њуќуќ ба баробарї муќаррар намудааст, моддаи 155 Кодекси љиноятї ( Беасос саркашї намудан аз ќабул кардан ба кор ё беасос аз кор сабукдўш намудани зани синни кўдакаш то сесола ) ба њисоб меравад. Ин меъёр масъалаи табъиз нисбати занонро дар раванди амалисозии њуќуќњои мењнатии онњо ба танзим медарорад. Љавобгарї аз рўи ин кирдор замоне фаро мерасад, ки саркашї намудан аз ќабул ба кор аз љониби корфармо дар асоси нишонаи љинсї табъизона сурат гирифта бошад. Яъне корфармо аз рўи аломати љинсї занро ба кор ќабул накунад.