Мавз ӯ и 36. Њуќуќи кўдак. Њолати њуќуќии кўдак. Њуќуќи кўдак – ин њуќуќу озодињое аст, ки бояд њар як кўдак (њар шахси то 18 сола кўдак њисоб меёбад)

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзу: Мустаҳкамлаш. Дарснинг мақсади: Ўқувчиларни ҳисоблаш ва масалаларни ечиш қобилиятларини ўстириш, мантиқий фикрлашга ўргатиш.
Advertisements

Мавз ӯ и 36. Њуќуќи кўдак. Њолати њуќуќии кўдак. Њуќуќи кўдак – ин њуќуќу озодињое аст, ки бояд њар як кўдак (њар шахси то 18 сола кўдак њисоб меёбад)
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 24. Њуќуќ ба манзил. Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Њуќуќи мазкур њамчун њуќуќи мустаќил дар ПБЊИИФ мустањкам нашудааст,
Транксрипт:

Мавз ӯ и 36. Њуќуќи кўдак. Њолати њуќуќии кўдак

Њуќуќи кўдак – ин њуќуќу озодињое аст, ки бояд њар як кўдак (њар шахси то 18 сола кўдак њисоб меёбад) новобаста аз њаргуна тавофути нажодї, љинс, забонї, динї ва љойи таваллуд, баромади миллї ва иљтимої, њолати молумулкї, табаќавї ё дигар њолат аз он бархурдор бошад. Барои ташаккули бомуваффаќияти шахсияти кўдак ў бояд дар муњити мењру муњаббат, дар оила миёни ашхоси наздик ва мењрубон ба воя расад. Вазифаи калонсолон – кўмак ба кўдак дар омодагї ба њаёти мустаќил, аъзои комилњуќуќи љомеа гардидан, барои ташаккули муќаррарии љисмонї ва аќлонии кўдак шароити мусоидат ташкил кардан аст.

Ташаккули консепсияи њуќуќи инсон ба он овард, ки њуќуќи кўдак ба гурўњи махсус, алоњида људо карда шудааст. Дар аввали асри ХХ њуќуќи кўдакон, одатан, дар матни ќазияи мављудаи истифодаи мењнати кўдакон, хариду фурўши кўдакон ва фоњишагии ноболиѓон баррасї мегардид. Зарурияти дар сатњи ќонунгузорї таъмини саломатии кўдакон, њимояи њуќуќи онњо Иттињод (Лига)-и миллатњоро ба ќабули Эъломияи женевагии њуќуќи кўдак аз соли 1924-ро бедор намуд.

Таърифи минбаъдаи њуќуќи кўдак мантиќан аз аќидањои асосии Эъломияи умумии њуќуќи инсон манша мегирад. Дар моддаи алоњидаи ба кўдакон бахшидашуда ќайд мегардад: «Модарї ва кўдакї ба парасторї ва кўмаки махсус њуќуќ медињад». Њамин тариќ, бо эътирофи њуќуќи баробари кўдакон ба њамаи озодињо, ки аз тарафи эъломия эълон гардидааст, љомеаи љањонї зарурияти кўмак ва дастгирии иловагї ба кўдакро эътироф мекунад.

Ќадами муњими минбаъда аз тарафи СММ соли 1959 ќабули Эъломияи њуќуќи кўдак гардид, ки дар он ѓояњои иќтисодї ва иљтимоии ба њимоя ва некўањволии кўдак дахлдошта эълон гардидаанд. Дар он ќайд шудааст, ки Кўдак бинобар ноболиѓии љисмонї ва аќлї ба њимоя ва нигоњубини иљтимоии махсус, аз љумла, ба њимояи њуќуќии дахлдор чї то ва чї баъди таваллуд ниёз дорад». Њуљљат аз 10 муќарраррот (ѓояњо, чи хеле онњо дар Эъломия номида мешуданд) иборат аст, эътироф ва риояи онњо бояд ба «таъмини кўдакии хушбахтонаи кўдакон» имкон дињад.

Эъломияи мазкур њамчунин муќарраротеро мустањкам намудааст, ки тибќи он Њамаи кўдакон, новобаст аз њолатњо, бояд дорои њуќуќњои баробар бошанд; кўдак бояд дорои њимояи махсус бошад, имконият ва воситањои бо ќонун муайяншудае, ки ба ў барои инкишофи љисмонї, аќлонї, ахлоќї, рўњонї ва иљтимої дар муњити солим ва муќаррарї ва дар шароити озодї ва эътиборнокї имкон медињад. Дар фаъоляити њуќуќии давлат манфиатњои кўдак доим бояд афзалиятнок бошад. Аз лањзаи таваллуд кўдак бояд дорои њуќуќ ба ном ва шањрвандї бошад, кўдак бояд дар соњаи таъминоти иљтимої аз бартарињо истифода намояд. Ў њуќуќ ба хўрокхўрї, љойи истиќомат, ваќтхушї, бозї ва хизматрасонии тиббии барои инкишофи солим ва хушоњанги ў басанда ва кўдакони маъюб бошанд, ба нигоњубини махсус, таълимот ва ѓамхорї њуќуќ доранд».

Мустањкамкунии минбаъдаи њуќуќи кўдак дар ПБЊШС сурат гирифтааст. Моддаи 24 ПБЊШС ќайд менамояд: «1. Њар як кўдак бе табъиз аз рўи аломатњои нажод, ранги пўст, љинс, забон, дин, баромади миллї ё иљтимої, вазъи молумулкї ва таваллуд ба чунин чорањои њимоя аз тарафи оилаи ў, љамъият ва давлат, ки барои вай њамчун хурдсол зарур аст, њуќуќ дорад. 2. Њар як кўдак баъди таваллуд бояд дарњол ба ќайд гирифта шавад ва бояд дорои ном бошад. 3. Њар як кўдак ба гирифтани шањрвандї њуќуќ дорад.

Дар охири солњои 1970-ум сатњи инкишофи љомеа, вазъи кўдакон, ќазияњои нав нишон доданд, ки фаќат як ѓояњои декларативї (тавсиявї) басанда нест. Њуљљатњое лозим буданд, ки дар онњо дар асоси меъёрњои њуќуќї чора ва воситањои њимояи њуќуќи инсон мустањкам карда шавад. Бо ин маќсад соли 1974 Эъломия дар бораи њимояи зан ва кўдак дар њолатњои фавќуллода ва дар давраи муноќишањои мусаллањона, соли 1986 – Эъломия дар бораи ѓояњои иљтимоию њуќуќї, ки њимоя ва некўањволии кўдакон, хусусан, дар лањзаи ба тарбия додани онњо ва фарзандхонии онњо дар сатњи миллї (оилаи ќабулкунанда – њаммилатон) ва байналхалќї (оилаи ќабулкунанда – хориљиён) дахл дорад, ќабул гардианд.

Дар тўли 10 сол (аз солњои 1979 то 1989) мутахассисиони давлатњои зиёди љањон дар Комиссияи СММ оид ба њуќуќи инсон иштирок намуда, матни муќаррароти нав оид ба њуќуќи кўдакро, ки њадди аксар тамоми љанбањои њаёти кўдакро дар њаёти иљтимої ба назар мегирифт, коркард намудаанд. Ин њуљљат Конвенсияи њуќуќи кўдак ном гирифт ва аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ дар таърихи 20-уми ноябри соли 1989 ќабул карда шудааст. Ќабули њуљљати мазкур дар роњи њимояи њуќуќи кўдак ќадами назаррас гардид. Минбаъд дар матни параграф - Созишнома.

Ин њўљљати мукаммал аст, ки дар он њуќуќи кўдак ќувваи меъёрњои њуќуќи байналхалќиро соњиб шудаанд. Созишнома боз аз он љињат ќимматнок аст, ки он ўњдадорї ба оянда мебошад, зеро он маќсади ташкили шароити мусоид барои инкишофи кўдак, ки оянда олами боадолат ва инсондўстро бояд созад, дорад. Тибќи Созишнома, ѓояи асосии њимояи њуќуќи кўдак эътирофи бартарии манифати кўдак мебошад. Махсусан, парастории махсуси љамъиятии гурўњњои озордидаи кудакон: ятимон, маъюбон, гурезагон ва ѓайра талаб карда мешавад.

Созишнома муќаррароти зеринро мустањкам мекунад: Якум, давлатњое, ки Созишномаи мазкурро имзо намудаанд, бояд ба њар як кўдак њамаи њуќуќњои пешбинигардидаро таъмин намояд ва чорањои њимояи кўдакро аз њама гуна шакли табъиз ва љазо андешад. Дуюм, давлат бояд ба њар як кўдак њуќуќ ба њаёт ва инкишофи солим, аз љумла, нигоњ доштани фардияти худ, њамчунин, шањрвандї, ном ва робитаи оилавї, њуќуќ ба озодии шахсият, озодии фикрронї, виљдон ва динро кафолат дињад.

Сеюм, давлат чорањои дахлдори хусусияти ќонунгузорї ва маъмуридоштаро бо маќсади њимояи кўдак аз њама гуна таљовузи љисмонї ва рўњї, истисмор, тањќир, муносибати бепарвоёна ва даѓалона, њам аз тарафи волидайн, њам аз тарафи парасторони ќонунї ё дигар ашхос, ки нигоњубини кўдакро бар дўш доранд, бояд андешад. Кўдак ба њимоя аз истисмори иќтисодї ва аз иљрои њама гуна коре, ки ба саломатии ў хатар дошта метавонад, ё расонидани зарар ба инкишофи љисмонї, аќлонї, рўњонї, ахлоќї ва иљтимої њуќуќ дорад, аз љумла, ба њимоя аз њамагуна истисмори шањвонї ва кирдори бадахлоќонаи хусусияти шањвонидошта њуќуќ дорад. Њамчунин давлат таъмин менамояд, ки ягон кўдак ба азобу шиканља, ё дигар муносибат ё љазои берањмона, ѓайриинсонї ё пасткунандаи ќадру ќиммат гирифтор нагардад; ягон кўдак ѓайриќонунї ва худсарона аз озодї мањрум нагардад; њар як кўдаки аз озодї мањрумгардида њуќуќ ба дастрасии бетаъхир ба кўмаки њуќуќї ва дигар кўмаки далхдор дошта бошад.

Чорум, давлат бояд ба кўдак сатњи зиндагии барои инкишофи љисмонї, аќлонї, рўњонї, ахлоќї ва иљтимої зарурбуда, њуќуќ ба њифзи саломатї ва таъминоти иљтимої, њамчунин, суѓуртаи иљтимої, њуќуќ ба тањсил, ки бояд ба инкишофи шахсият, истеъдод ва ќобилиятњои љисмонї ва аќлонии кўдак равона мегардад, таъмин намояд. Њамчунин кўдак њуќуќ ба дамгирї ва фориѓї, њуќуќи иштирок дар бозињо ва чорбинињои ваќтхушкунанда, ки ба синну соли ў мувофиќ аст, озодона иштирок намудан дар њаёти маданї ва машѓул шудан ба санъат-ро дорад.

Панљум, давлатњо бояд меъёрњои њуќуќи байналхалќии инсондўстиро нисбати кўдакон, ки ба њавзаи муноќишањои мусаллањона афтодаанд, эњтиром ва риоя намоянд. Давлатњо тамоми чорањоро меандешанд, ки ашхоси аз 18-сола хурд бевосита дар амалиётњои њарбї иштирок накунанд. Бо эътирофи кўдак њамчун субъекти мустаќили њуќуќ Созишнома давлатњоро ба тайёр кардани кўдакон ба њаёти мустаќил дар љамъият, тарбияи он «дар рўњияи сулњхоњї, эътиборнокї, ботањаммулї, озодї, баробарї ва њамрайъї» вазифадор намудааст.

Дар фарќият аз Эъломияи њуќуќи кўдак, ки танњо ѓояњои муайянро эълон мекард, Созишнома меъёрњои њадди аќќали ахлоќ ва њуќуќро муќаррар намуд. Риояи ин меъёрњо барои њамаи давлатњое, ки ин Созишномаро ба тасвиб расонидаанд, њатмї мебошад. Созишнома њуљљати аввалине гардид, ки дар он нисбатан пурратар њуќуќњои кўдакон пешбинї шудаанд: на танњо иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, балки шањрвандї ва сиёсї. Махсуситяи дигари муњими Созишнома он мебошад, ки аввалин бор њуќуќи кўдакон ќувваи њуќуќи байналхалќиро пайдо намуданд.

Соли 2000-ум Ассамблеяи Генералии СММ ба Созишнома ду протоколи иловагиро ќабул намудааст. Якумаш ба масъалаи љалби кўдакон ба муноќишањои мусаллањона ва манъи љалби њатмї ё дар амалиётњои њарбї истифода намудани ашхоси аз 18 сола хурд алоќаманд аст. Протоколи иловагии дуюм ба масъалањои хариду фурўши кўдакон, фоњишагии ноболиѓон ва порнография алоќаманд буда, хавотирии СММ оид ба пањнгардии васеи хариду фурўши кўдакон ва васеъгардии истисмори шањвонии кўдаконро инъикос мекунад.

Айни њол Созишнома аз тарафи њамаи давлатњои љањон, ба ѓайр аз, ИМА ва Сомали ба тасвиб расонида шудааст. Њар яки он њар 5 сол ба Кумитаи СММ оид ба њуќуќи кўдак њисоботњои худро оид ба он, ки дар давлатњои худ барои таъмини њимояи њуќуќи кўдак кадом чорањо андешида шудааст, њангоми амалї намудани ин ё он муќаррароти Созишнома кадом мушкилї ба вуљуд меоянд, роњњои њалли ин мушкилињо чигунаанд пешнињод менамоянд. Дар асоси маълумотњои пешнињодгардида Кумита оид ба њуќуќи кўдак хулосаи мутахассисии худ ва тавсияњоро барои њар як давлат омода менамоянд: ба чї бояд диќќати љиддї дод, кадом мушкилињоро дар навбати аввал њал бояд кард, кадом усулњои њалли онњо мављуданд ва ѓайра.