Мавз ӯ и 26. Њуќуќ ба тањсил. Тањсилот раванди маќсадноки таълим ва тарбияро фаро мегирад. Агар таълим раванди аз бар намудани дониш, касб ва малакаи.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Готовимся к ЕГЭ. Содержание 1. ФонетикаФонетика 2. ОрфоэпияОрфоэпия 3. Морфемика и словообразованиеМорфемика и словообразование 4. ЛексикаЛексика 5. Морфология.
Advertisements

Мавзу: Мустаҳкамлаш. Дарснинг мақсади: Ўқувчиларни ҳисоблаш ва масалаларни ечиш қобилиятларини ўстириш, мантиқий фикрлашга ўргатиш.
gr1-gif
Кафедраи «Физика, экологияи саноатї ва фанњои муњандисї» МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ СОҲАВЇ ВА ИДОРАИ ИННОВАТСИЯҲО ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ.
Мавзўи Њуќуќи иттилоот ва воситањои иттилоотикунонї дар пешбурди соњибкорї ва тиљорат 1.Моҳияти ҳуқуқи иттилоотонии соҳибкор. 2.Ҳуқуқи моликият ба захираҳои.
Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Мавзу: Ҳoзирги зaмoн дунё сиёсий ва иқтисодий картаси. Дунё aҳoлиси гeoгрaфияси. Режа: 1. Дунё сиёсий ва иқтисодий картасининг аҳамияти, уни шаклланишининг.
V-МАВЗУ: УЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИНИНГ МИЛЛИЙ-ДАВЛАТ ВА МАЪМУРИЙ-ҲУДУДИЙ ТУЗИЛИШИ Режa: 1 Ўзбекистoн Республикaсининг мaъмурий-ҳудудий тузилиши, унинг ҳуқуқий.
IV-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ЖАМИЯТ ВА ШАХС МУНОСАБАТЛАРИНИНГ КОНСТИТУЦИЯВИЙ АСОСЛАРИ Режa: 1 Ўзбекистoн Республикaси кoнституциявий тизимининг иқтисoдий негизи.
III-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ИНСОН ВА ФУҚАРОЛАРНИНГ АСОСИЙ ҲУҚУҚ ВА ЭРКИНЛИКЛАРИ Режa: 1 Инсoн ҳуқуқлaрининг xaлқaрo-ҳуқуқий aсoслaри 2 Ўзбекистoн Республикaси.
I-МАВЗУ: Ўзбекистoн Республикaси Кoнституциясини ўргaниш ўқув курсининг мaқсaд вa вaзифaлaри Режa: 1.Ўзбекистoн Республикaси Кoнституциясини ўргaниш курсининг.
Мавз ӯ и 2. Сарчашмањои миллї ва байналхалќї оид ба њуќуќи инсон.
Мавз ӯ и 13. Озодии афкор, виљдон ва эътиќод.. Яке аз музаффариятњои муњими инсоният дар шароити њукмронии љомеаи демократї эълон доштани озодии виљдон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 5. Мафњум, маќсад ва шартњои мањдуд намудани њуќуќњои инсон дар ЉТ.
Мавз ӯ и 26. Њуќуќ ба тањсил. Тањсилот раванди маќсадноки таълим ва тарбияро фаро мегирад. Агар таълим раванди аз бар намудани дониш, касб ва малакаи.
ДЕВОН-И ФЕРУЗШО Ҳ ИЙДАН ЎРИН ОЛГАН Ғ АЗАЛЛАР:МАТН ВА УНИНГ ШАР Ҳ И (Шар қ қ улёзмалари маркази фондидаги тошбосманусха асосида) Таълим йўналиши:
Транксрипт:

Мавз ӯ и 26. Њуќуќ ба тањсил

Тањсилот раванди маќсадноки таълим ва тарбияро фаро мегирад. Агар таълим раванди аз бар намудани дониш, касб ва малакаи фаъолиятро ифода намуда, чун воситаи асосии тайёршавии шахс ба њаёт ва мењнат муаррифї гардад, пас истилоњи тарбия, ташкили шароити мусоид барои инкишоф ва худинкишофёбии инсон, азхуднамоии таљрибаи иљтимої, фарњангї, арзишї ва меъёрњои љамъиятро дар назар дорад. Ба њайси мањакњои маълумотнокї, донишмандї, мувофиќати њаљми дониш бо замона ва васегии љањонбинии шахс баромад мекунанд.

Њуќуќ ба тањсил њамчун яке аз њуќуќњои асосї ва табиии инсон баррасї гашта аз љониби як силсила санадњои меъёрї-њуќуќии умумии байналхалќї, минтаќавї ва миллї кафолат дода шудааст. Аз љумлаи меъёрњои асоситарини њуќуќие, ки њуќуќ ба тањсилро кафолат додаанд, меъёрњои Паймони байналхалќї дар бораи њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, Конвенсия дар бораи њуќуќи кўдак, Конвенсия дар бораи мубориза алайњи табъиз дар соњаи тањсилот, Конвенсияи байналхалќї дар бораи рафъи њамаи шаклњои табъиз нисбати занон ва дигарон баромад менамоянд.

Ба низоми кафолатњои њуќуќ ба тањсил њамчунин меъёрњои санадњои њуќуќии миллї, ки њуќуќи мазкурро мустањкам намудаанд, дохил мешаванд. Љумњурии Тољикистон дар сатњи конститутсионї њуќуќ ба тањсилро мустањкам намудааст. Моддаи 41 Конститутсияи ЉТ њуќуќи инсонро ба тањсил кафолат дода муќаррар менамояд: «Њар шахс њуќуќи тањсил дорад. Давлат таълими миёнаи умумї, миёнаи касбї ва мувофиќи ќобилият дар асоси озмун таълими миёнаи махсус ва олии бепулро дар муассисањои таълимии давлатї кафолат медињад.»

Дар заминаи меъёрњои конститутсионї ва стандартњои байналхалќї дар соњаи маориф, дар ЉТ як ќатор санадњои дигари меъёрї-њуќуќї, ки њамзамон кафолатњои њуќуќ ба тањсилро дар сатњи миллї мукаммал мегардонанд, ќабул гардидааст. Ин навъ ќонунгузории дохилї, асосњои њуќуќї, ташкилї ва иљтимої-иќтисодии рушди маорифро дар ЉТ муайян менамояд ва сохтори низоми маориф, усулњои танзими он, танзим, салоњият ва самти асосњои онро муќаррар намуда, њамчунин базаи њуќуќии асноди дигари меъёрї-њуќуќии ЉТ дар соњаи маориф ба њисоб меравад

Аз љумлаи муњимтарин санадњое, ки стратегия, маќсад ва вазифањои маорифро муайян менамоянд, инњо ба шумор мераванд: - Ќонуни ЉТ «дар бораи маориф»(с.2004); Ќонуни ЉТ «дар бораи маориф» дар моддаи 6 –ум муќаррар менамояд, ки ба шањрвандони Љумњурии Тољикистон, сарфи назар аз миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої ва молу мулк, њуќуќи тањсил кафолат дода мешавад. - Консепсияи мактаби миллї (с.1994); - Стандартњои давлатии маориф (1997); - Барномаи низоми давлатии маориф дар соњаи њуќуќи инсон дар ЉТ (с.2001); - Консепсияи миллии маориф (2002с.); - Њуљљати стратегияи ихтисори камбизоатї дар ЉТ, сектори «Маориф» (2002); - Барномаи компютеркунонии мактабњои тањсилоти асосї ва миёнаи ЉТ дар солњои (с.2002); - Ќарори Њукумати ЉТ аз с. 199 «дар бораи танзими ќабули духтарон ба муассисањои олии таълимии ЉТ мутобиќи квотаи Президентї барои солњои »; - Ќарори Њукумати ЉТ 291 аз с. «Дар бораи наќшаи иљроиши чорабинињои соњаи маориф дар ЉТ барои с »

Санадњои байналхалќї оид ба њуќуќи инсон се марњилаи гирифтани тањсилотро људо менамоянд: 1. Ибтидої; 2. Миёна; 3.Олї Тањсилоти ибтидої бо он хусусиятнок мебошад, ки вай «њатмї» ва «барои њама ройгон» аст. Њатмї будани гирифтани тањсилоти ибтидої онро ифода менамояд, ки на волидайн, на васињо ва на давлат њуќуќи иловагї мањсуб донистани гирифтани маълумоти ибтидоиро надоранд. Ройгон будани тањсилоти ибтидої маънои онро дорад, ки таъмини ин њуќуќ барои кўдакон, волидайни онњо ва васињо бепул аст. Пардохте, ки аз љониби њукуматњо, маќомотњои мањаллї ва ё макотиб рўёнида мешаванд, омили монеъшавандаи амалишавии њуќуќ ба тањсил ба шумор рафта, мављудияти онро зери хатар мегузоранд.

Тањсилоти миёна хонандагонро барои соњиб шудан ба маълумоти касбї – техникї ва олї омода месозад. Тањсилоти миёна бояд кушода ва тавассути андешидани чорањои зарурї, аз љумла љорисозии батадриљи тањсилоти ройгон, ба њама дастрас бошад. Ифодаи «ба њама дастрас будан» сараввал маънои онро дорад, ки дастрасии хонанда ба тањсилоти миёна ба имконият ва ќобилияти он набояд вобаста бошанд. Дуввум ин, ки тањсилоти миёна дар ќаламрави давлат бояд тарзе пешнињод гардад, ки ба њама якранг дастрас бошад.

Њуќуќ ба тањсилоти олї гирифтани маълумоти касбиро дар назар дошта, дар фарќият аз тањсилоти миёна, ки бояд барои њама дастрас бошад, танњо дар асоси ба инобатгирии лаёќати хонандагон ба онњо дастрас мегардад. Барои мувофиќ омадани талаботњои хонандагон дар муњити мухталифи иљтимої-фарњангї, тањсилоти олї бояд аз барномаи чандир ва низоми таъминоти гуногун ба мисли шакли тањсили ѓоибона, бархурдор бошад.

Ќонуни ЉТ «дар бораи маориф» аз 17 майи соли 2004 шаклњои зерини тањсилотро муќаррар намудааст: тањсилоти томактабї, тањсилоти умумї (ибтидої, умумии асосї, миёнаи умумї), тањсилоти ибтидоии касбї, миёнаи касбї, олии касбї, тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбї, тањсилоти иловагї ва тањсилоти махсус. Аз шаклњои номбаргаштаи тањсилот аён мегардад, ки ќонунгузории ЉТ нисбат ба мафњуми тањсилот хеле фаррохтар муносибат намудааст. Дар он њамчунин тањсилоти томактабї, тањсилоти баъд аз муассисањои олии касбї, тањсилоти иловагї ва махсус љойгир карда шудаанд. Ба ин нигоњ накарда, мазмуни ќонунгузории ЉТ дар соњаи маориф пурра ба талаботњои моддањои 13 ва 14 Паймони байналхалќї дар бораи њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї мувофиќат менамояд. Ин њолат њамчунин ба масъалањои дастрасї ва њатмигии тањсилот таалуќ дорад. Дар моддаи 17 Ќонуни ЉТ «дар бораи маориф» нишон дода шудааст, ки дар баробари тањсилоти ройгон, тибќи хоњиши волидайн ва ё ашхоси онњоро ивазкунанда, дар асоси шартномаи дутарафа тањсилоти музднокро низ ташкил намудан мумкин аст.

Барои вайрон намудани њуќуќ ба тањсили шањрвандон ва ё сўистифода гардидани он, навъњои мушаххаси љавобгарии њуќуќї муќаррар гардидаанд. Масалан, баъзе моддањои Кодекси љиноятии ЉТ барои поймол гаштани ин њуќуќ љавобгарии љиноятиро пешбинї кардаанд. Њамин тавр моддаи 153 (1) барои напардохтани музди мењнат, нафаќа, стипендия, ёрдампулї ва пардохтњои дигар, моддаи 164 барои монеъ шудан барои гирифтани тањсилоти умумии њтамї (нўњсола) ва ѓайра љавобгарии љиноятї муќаррар намудаанд.

Дар сурати поймол гаштани њуќуќ ба тањсил Шумо метавонед ба маќомотњои дахлдор, аз љумла Вазорати маорифи ЉТ, Донишгоњи дахлдор, Дастгоњи иљроияи Президенти ЉТ ва Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон мурољиат намоед. Азбаски њуќуќ ба тањсил дар Паймони байналхалќї дар бораи њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї муќаррар шудааст ва њуќуќи барномавї мебошад, барои барќарор намудани он, механизми баррасии шикоятњои инфиродї дар зинањои байналхалќї мављуд нест.