Мавз ӯ и 12. Њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти шахсї ва њаёти оилавї.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
ОБЊОИ ЊАЁТ Маќсади дарс Маълумоти умумї додан оиди витаминњо, шиноскунии хонандагон бо таснифи витаминњо, намояндањои витаминњо ва ањамияти онњо. Дар асоси.
Advertisements

Готовимся к ЕГЭ. Содержание 1. ФонетикаФонетика 2. ОрфоэпияОрфоэпия 3. Морфемика и словообразованиеМорфемика и словообразование 4. ЛексикаЛексика 5. Морфология.
Мавзу: Мустаҳкамлаш. Дарснинг мақсади: Ўқувчиларни ҳисоблаш ва масалаларни ечиш қобилиятларини ўстириш, мантиқий фикрлашга ўргатиш.
Кафедраи «Физика, экологияи саноатї ва фанњои муњандисї» МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ СОҲАВЇ ВА ИДОРАИ ИННОВАТСИЯҲО ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ.
Мавзўи Њуќуќи иттилоот ва воситањои иттилоотикунонї дар пешбурди соњибкорї ва тиљорат 1.Моҳияти ҳуқуқи иттилоотонии соҳибкор. 2.Ҳуқуқи моликият ба захираҳои.
Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатї Муаррифот оид ба мавзўи «Амалисозии сиёсати.
Мавзу: Иқтисодиётни модернизация қилиш шароитида Ўзбeкистoннинг тaбиий рeсурслaр салоҳияти вa улaрдaн оқилона фoйдaлaниш Режа: 1. Ўзбeкистoннинг тaбиий.
V-МАВЗУ: УЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИНИНГ МИЛЛИЙ-ДАВЛАТ ВА МАЪМУРИЙ-ҲУДУДИЙ ТУЗИЛИШИ Режa: 1 Ўзбекистoн Республикaсининг мaъмурий-ҳудудий тузилиши, унинг ҳуқуқий.
VIII-МАВЗУ: УЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИДА СУД ҲОКИМИЯТИНИНГ КОНСТИТУЦИЯВИЙ АСОСЛАРИ Режa: 1 Ўзбекистoн Республикaсидa суд тизимининг кoнституциявий aсoслaри.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 18 Мафњум ва моњияти њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангии инсон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 20. Озодии фаъолияти соњибкорї ва иќтисодї.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 34. Њуќуќи гурезагон. Њолати њуќуќии гурезагон.
Мавзӯи 11. Озодии мусофират ва интихоби мањалли зист.
Мавз ӯ и 12. Њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти шахсї ва њаёти оилавї.
Мавзӯи 25. Њуќуќ ба њифзи саломатї ва ёрии тиббї.
ДЕВОН-И ФЕРУЗШО Ҳ ИЙДАН ЎРИН ОЛГАН Ғ АЗАЛЛАР:МАТН ВА УНИНГ ШАР Ҳ И (Шар қ қ улёзмалари маркази фондидаги тошбосманусха асосида) Таълим йўналиши:
ОБЊОИ ЊАЁТ Маќсади дарс Маълумоти умумї додан оиди витаминњо, шиноскунии хонандагон бо таснифи витаминњо, намояндањои витаминњо ва ањамияти онњо. Дар асоси.
. УМИДЛИ КИМЁГАР – 2016 Мавзу: РАНГЛИ МЕТАЛЛАРНИ ХАЙДАШ ЖАРАЁНИДА ХЛОРЛОВЧИ ҚЎШИМЧАНИНГ АХАМИЯТИ ВА МИҚДОРИ. Научные руководители: И.Т.Бадельбаева, М.Бекмуратова.
Дипломатик этикет. Дипломатик этикетда кийиниш маданияти ва қоидалари. Дипломатик протокол. Дипломатик қабул. Дипломатик мартаба.
Транксрипт:

Мавз ӯ и 12. Њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти шахсї ва њаёти оилавї

Њуќуќ ба њаёти шахсї љавњари мафњуми озодї ва мухторияти шахсиро ташкил медињад. Бисёре аз масоили бањсталабе, ки алоќамандї ба мурофиањои судї дар бораи њаёти шахсї, ба монанди дахолати давлат ба гомосексуализм ( њамљинсгарої, майли шањвонии мард бо мард ва зан бо зан ), транссексуализм ( тамоюли шахс барои иваз кардани љинс бо роњњои гуногун, аз љумла, амали љарроњї ), фоњишагї, исќоти њамл, худкўшї, одоби либоспўшї ва меъёрњои муайяни ахлоќ, муоширати шахсї, оиладоршавї ва талоќ ва ѓ., ба арзишњои бунёдии ахлоќї ва масоили ќавмї дахл менамоянд, ки дар љомеањои мухталиф ба таври гуногун баррасї карда мешаванд. Гузашта аз он, консепсияи њаёти шахсї ба дихотамияи мутаќобилаи шахсиву љамъиятї, инчунин ба фалсафае асос меёбад, ки њукуматњо набояд ба он дахолат намоянд.

Дахлнопазирии њаёти шахсї ва оилавиро дар маљмўъ дахлнопазирии њаёти хусусї меноманд. Дахлнопазирии њаёти хусусї мањрамияти шахсї ва оилавиро ифода намуда, чунин маъно дорад, ки бе ризоият ва иљозати шањрванд њељ кас њаќ надорад, ки ба њаёти шахсї ва оилавии ў дахолат намояд, муносибати заношўї, хешутаборї, мањрамона ва дигар муносибатњои ў, њамчунин зоњиршавии фаъолнокии инфиродии ўро мањдуд кунад.

Њаёти шахсї образи шахсї, услуб, тарзи њаёт, талабот, майлу раѓбат, шуѓл, тамоюл ва ѓайраро ифода карда метавонад. Њаёти оилавї бошад муносибати заношўї, њуќуќњои оилавї, вазифањои оилавї, муносибат бо кўдакон ва ѓайраро ифода менамояд.

То ибтидои а. ХХ дар санадњои байналхалќї њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти хусусї маќаррар нашуда буд. Баъзе аз љабњањои он ба монанди мањрамияти мукотибот ва муросилот то як андоза мавриди танзим ќарор гирифта буданд. Танњо баъди хотима ёфтани љанги дуюми љањон масъала ранги дигар гирифт ва дар Конститутсияњои давлатњо дахлнопазир будани њаёти хусусии одамон эълон карда шуд. Санадњои асосии байналхалќї оид ба њуќуќи инсон мазмуни ин њуќуќро ба таври аниќ нишон дода истифодаашро кафолат додаанд. Масалан, дар м.12 ЭУЊБ омадааст, ки « Њељ кас набояд мавриди дахолати худсарона ба њаёти шахсї, хонаводагї, манзил, мукотибот ва дастдарозї ба шаъну шараф ва обрўи ў ќарор гирад.» Ба ин монанд меъёрњоро моддањои 16, 17, 23 ва 24 ПБЊШС низ пешбинї намудааст.

Тањлили пурраи онњо имкон медињанд, то иброз дорем, ки њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти хусусї як силсила њуќуќњои дигарро низ фаро мегирад, аз љумла : Дахолат накардан ба њаёти шахсї ва оилавї ; Мањрамияти мукотиба ва муросилот ; Дахлнопазирии манзил ; Њуќуќ ба ном ; Њуќуќ ба ташкили оила ва ѓ.

Конститутсияи ЉТ гарчанде ифодаи « њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти шахсї ва оилавї »- ро истифода накарда бошад, њам вале моњиятан онро ба инобат гирифтааст. Дар моддањои мухталифи он пањлўњои људогонаи њаёти шахсї ва оилавї кафолат дода шудаанд. Дахлнопазирии њуќуќњои фитрї дар м.5, дахлнопазирии манзил дар моддаи 22, мањрамияти мукотиба ва сўњбатњои телефонї дар м.23, њуќуќ ба ташкили оила дар моддаи 33 ва ѓ., њаёти шахсї ва оилавии инсону шањрвандро кафолат додаанд.