Мавз ӯ и 2. Сарчашмањои миллї ва байналхалќї оид ба њуќуќи инсон.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзу: Мустаҳкамлаш. Дарснинг мақсади: Ўқувчиларни ҳисоблаш ва масалаларни ечиш қобилиятларини ўстириш, мантиқий фикрлашга ўргатиш.
Advertisements

Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Мавзу: Иқтисодиётни модернизация қилиш шароитида Ўзбeкистoннинг тaбиий рeсурслaр салоҳияти вa улaрдaн оқилона фoйдaлaниш Режа: 1. Ўзбeкистoннинг тaбиий.
II-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИ КОНСТИТУЦИЯСИНИНГ АСОСИЙ ТАМОЙИЛЛАРИ Режa: 1 Суверенитет тушунчaси вa унинг турлaри. 2 Xaлқ ҳoкимиятчилиги – дaвлaт ҳoкимиятини.
VI-МАВЗУ: ОЛИЙ МАЖЛИС- УЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИНИНГ ОЛИЙ ВАКИЛЛИК ОРГАНИ ВА ҚОНУН ЧИҚАРУВЧИ ХОКИМИЯТ Режa: 1. Oлий Мaжлиснинг дaвлaт oргaнлaри тизимидaги.
IV-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ЖАМИЯТ ВА ШАХС МУНОСАБАТЛАРИНИНГ КОНСТИТУЦИЯВИЙ АСОСЛАРИ Режa: 1 Ўзбекистoн Республикaси кoнституциявий тизимининг иқтисoдий негизи.
III-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ИНСОН ВА ФУҚАРОЛАРНИНГ АСОСИЙ ҲУҚУҚ ВА ЭРКИНЛИКЛАРИ Режa: 1 Инсoн ҳуқуқлaрининг xaлқaрo-ҳуқуқий aсoслaри 2 Ўзбекистoн Республикaси.
МУСТА Қ ИЛ ИШИ Самар қ анд двлат чет тиллар институти Инглиз филологияси факультети 408 гуру ҳ и талабаси Абдуназарова Наргизанинг МАВЗУ: Фердинанд де.
I-МАВЗУ: Ўзбекистoн Республикaси Кoнституциясини ўргaниш ўқув курсининг мaқсaд вa вaзифaлaри Режa: 1.Ўзбекистoн Республикaси Кoнституциясини ўргaниш курсининг.
Мавз ӯ и 23. Њуќуќ ба таъминоти иљтимої. Яке аз ѓояњои мављудияти давлат ва љамъият он мебошад, ки њар як кас бояд њастии худро худ таъмин кунад. Дар.
Мавз ӯ и 21. Њуќуќ ба мењнат. Њуќуќ ба истироњат.
Мавз ӯ и 17. Њуќуќ ба интихоботи озод ва иштирок дар идораи корњои давлатї.
Мавз ӯ и 1. Мафњуми мавзўи њуќуќи инсон ва илми њуќуќи инсон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 20. Озодии фаъолияти соњибкорї ва иќтисодї.
Мавзу: Куп машинали ва куп процессорли компьютер тизимлари.Флинн классификацияси. Суперкомпьютерлар ва улар архитектурасининг хусусиятлари. Режа: 1. Куп.
Мавз ӯ и 2. Сарчашмањои миллї ва байналхалќї оид ба њуќуќи инсон.
Мавз ӯ и 13. Озодии афкор, виљдон ва эътиќод.. Яке аз музаффариятњои муњими инсоният дар шароити њукмронии љомеаи демократї эълон доштани озодии виљдон.
Мавз ӯ и 26. Њуќуќ ба тањсил. Тањсилот раванди маќсадноки таълим ва тарбияро фаро мегирад. Агар таълим раванди аз бар намудани дониш, касб ва малакаи.
Мавзу: С++ да кўрсаткичлари ва иловалари. Массивлар. Маъруза режаси Хотирани динамик тақсимлаш. С++ да кўрсаткичлари. Адреслар арифметикаси. Массивлар.
МАВЗУ: Полиплоидия ва мутагенез. РЕЖА: 1.Полиплоидия типлари ва улар классификацияси 2.Полиплоидия дарахтлар селекцияси 3.Полиплоидия олиш усуллари 4.Гаплоидлар.
Транксрипт:

Мавз ӯ и 2. Сарчашмањои миллї ва байналхалќї оид ба њуќуќи инсон

Шакли зоњирии ифодаёбии меъёрњои њуќуќї – таърифи анъанавии сарчашмањои њуќуќ мебошад. Дар заминаи он таърифи шартии сарчашмањои њуќуќи инсонро бо чунин тасвия пешкаш намуда метавонем, яъне «сарчашмањои њуќуќи инсон гуфта шакли зоњирии ифодаёбии меъёрњои њуќуќиеро меноманд, ки дар санадњои меъёрї – њуќуќї дарљ гардида, њуќуќ ва озодињои инсонро фаро гирфтаанд.»

Тибќи моддаи 2 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» аз санади меъёрии њуќуќї гуфта – њуљљати расмии шакли муќарраршудаеро меноманд, ки бо роњи раъйпурсии умумихалќї ё аз љониби маќомоти давлатї ё худидоракунии шањрак ва дењот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатї ќабул гардида, хусусияти умумињатмї дорад ва меъёрњои њуќуќиро муќаррар менамояд, таѓйир медињад ва ё бекор мекунад.

Фаъолияти њуќуќэљодкунї дар асоси принсипњои мутобиќат ба Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, ќонуният, бартарияти меъёрњои санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тољикистон нисбат ба ќонунњо ва санадњои зерќонунї, афзалияти таъмини њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, адолати иљтимої, ошкорбаёнї, илмият, касбият ва ба назар гирифтани афкори љамъиятї амалї мегардад.

1. Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон 2. Санадњои байналхалќї-њуќуќї дар соњаи њуќуќи инсон 3. Ќонунњо (Ќонунњои конститутсионї, љорї ва кодификатсионї) 4.Санадњои зериќонунї (Фармон ва амрњои Президенти ЉТ, ќарорњои Њукумат ва маќомоти идоракунии мањаллї) 5. Санадњои маќомоти судї (Њалномањои суди Конститутсионї ва ќарорњои Пленуми суди Олии ЉТ).

Њуќуќ ва озодињои асосии инсон ва шањрвандро боби 2 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон кафолат додаст. Тибќи ќ.2 м. 14 «Њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд бевосита амалї мешаванд». Мувофиќан, Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон њуќуќњои фитрии инсон ва шањрвандро, ки ба ќонунгузории давлати мушаххас вобаста нестанд, эътироф менамояд. Тасдиќи ин њолат дар моддаи 5 Конститутсияи (Сарќонуни) мамлакат дар меёбад.

Дар моддањои Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон (с.1994) њуќуќ ва озодињои инсон ба ќавле «позитивї» кунонуида шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки ба онњо шакли амали бевосита дода шудааст ва дар сурати ба миён омадани ягон монеаи сунъие, бартарї ба ин њуќуќњо дода мешавад. Меъёрњои њуќуќие, ки дар боби 2 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон омадаанд ва њуќуќу озодињои инсон ва шањрвандро кафолат медињанд, бинобар сабаби мустаќиман амал намуданашон аз њама гуна меъёри њуќуќии санади дигари меъёрї афзалтаранд. Њељ як санади дигари меъёрї-њуќуќї, ки як зина аз Сарќонун поён меистад эътиборнок дониста намешавад, агар ба њуќуќ ва озодињои инсон тањдид намояд.

Дар баробари санадњои меъёрии дохилидавлатї асноди меъёрии байналхалќї низ вуљуд доранд, ки наќши онњо дар мустањкамнамоии њуќуќњои инсон хеле таъсирбахш аст. Дар моддаи 10 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон омадааст, ки «Санадњои њуќуќии байналмиллалие, ки Тољикистон онњоро эътироф кардааст, ќисми таркибии низоми њуќуќии љумњуриро ташкил медињанд. Агар ќонунњои љумњурї ба санадњои њуќуќии байналмиллалии эътирофшуда мутобиќат накунанд, меъёрњои санадњои байналмиллалї амал мекунанд. Ќонунњо ва санадњои њуќуќии байналмиллалие, ки онњоро Тољикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмї амал мекунанд.»

Чунин тасвия маънои онро дорад, ки принсипњои умумиэътирофгашта ва меъёрњои њуќуќи байналхалќї дар соњаи њуќуќи инсон амали мустаќим доранд ва механизми имплементатсия (мувофиќгардонї) - ро талаб намекунанд, яъне ба мустањкамкунї тавассути ќонунгузории миллї ниёз надоранд

Њамзамон дар чунин шакл инъикос ёфтани амали мустаќими санадњои байналхалќї- њуќуќї хеле ањамиятнок аст. Зеро љомеаи байналхалќї метавонад, зимни ќабули санди алоњидае њуќуќ ва озодињои дигари инсонро муаррифї ва мустањкам намояд. Дар ин сурат љо додани ин гурўњи њуќуќњои ба ќавле «љадид» дар Сарќонуни мамлакат шояд таъхир ёбад ва ё сабабњои объективї ба ин њолат монеа шаванд. Амали мустаќими санадњои байналхалќї бошад, имкон медињад, то шањрвандони ЉТ низ, аз ин гурўњи њуќуќ ва озодињо истифода намоянд. Њарчанд онњо дар Сарќонун њам љой надошта бошанд.

Санадњои њуќуќии байналмиллалї намудњои гуногун доранд. Яке аз маъмултарин навъи он шартномањои байналхалќї ба шумор меравад. Ќоунунгузории ЉТ зери мафњуми «шартномаи байналмилалии Љумњурии Тољикистон» - шартномаеро дар назар дорад, ки аз номи Љумњурии Тољикистон (шартномаи байнидавлатї), Њукумати Љумњурии Тољикистон (шартномаи байнињукуматї) ва ё вазорат, кумитаи давлатї ё маќоми дигари идоракунии давлатї (шартномаи байниидоравї) бо розигии Њукумати Љумњурии Тољикистон бо давлатњои хориљї ё созмонњои байналмиллалї дар шакли хаттї баста шудааст, сарфи назар аз он ки чунин шартнома дар як њуљљат ва ё якчанд њуљљати ба њам алоќаманд зикр ёфтааст.

Намудњои дигари санадњои байналхалќї ба таври гуногун номгузорї гаштаанд. Паймон, конвенсия, ҳ артия, оиннома, протокол ва ѓ. аз љумлаи санадњои дигари байналхалќї ба шумор мераванд. Дар њуќуќи байналхалќї ќоидаи аниќе, ки онро ба роњбарї гирифта санади байналхалќиро номгузорї намоянд, вуљуд надорад. Вале дар њар сурат то ба андозае миёни онњо тафовут ба миён омадааст.

Масалан, Конвенсия њамчун анъана – созишнома оид ба масъалањои махсус ва якранг мебошад. Конвенсия оид ба њуќуќи кўдак, оида ба рафъи табъиз нисбат занон ва ѓ. чун мисол бар ин гуфта шуда метавонанд. Паймон бошад, њамчун як навъи дигари санади байналхалќї доираи васеи масъалањоро фаро мегирад. Масалан, Паймони байналхалќї дар бораи њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї.

Санадњои байналхалќї бояд ба таври дахлдор имзо карда шаванд. Ќонуни ЉТ «Дар бораи шартномањои байналмиллалии ЉТ» муќаррар намудааст, ки имзокунї ин зинаи љараёни бастани шартнома ё тарзи изњори ризоияти Љумњурии Тоxикистон ба њатмї будани шартномаи байналмиллалї, агар он бо худи шартнома ё паймони тарафњо ё нияти Љумњурии Тољикистон дар бораи ба имзо додани чунин ќувва, пешбинї шуда бошад. Тасдиќ, ќабул ва њамроњшавї – тарзњои изњори ризоияти Љумњурии Тољикистон ба њатмї будани шартномаи байналмиллалї аст, ки аз тарафи намояндаи ваколатдори он ба имзо расидааст. Маънидод намудани ин ифодањоро ќобили ќабул мешуморем.

Тасдиќ - тарзи изњори ризоияти Љумњурии Тољикистон дар Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ба хатмї будани шартномаи байналмиллалї, ки аз тарафи намояндаи ваколатдори он ба имзо расидааст ва тарзи изњори ризоияти Љумњурии Тољикистон ба хатмї будани шартномаи байналмиллалї, ки ба љуз имзо тарзи дигари тасдиќи иловагии онро пешбинї мекунад; Ќабул - тарзи изњори ризоияти Љумњурии Тољикистон ба њатмї будани шартномаи байналмиллалие, ки аз тарафи намояндаи ваколатдори он ба имзо расидааст, вале мавриди амал ќарор нагирифтааст; Њамроњшавї - тарзи изњори ризоияти Љумњурии Тољикистон ба њатмї будани шартномаи байналмилалии мавриди амал ќарор гирифтае, ки аз тарафи намояндаи ваколатдори он ба имзо нарасидааст.

Санадњои байналхалќї, аз љумла онњое, ки вобаста ба њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд мебошанд, аз тарафи Маљлиси намояндагон Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тасдиќ мегарданд ва баъди нашри расмї эътибори ќонунї пайдо мекунанд. Дар ин маврид Ќонуни ЉТ «дар бораи шартномањои байналмиллалии ЉТ» муќаррар менамояд, ки шартномањои байналмиллалии Љумњурии Тољикистон барои Љумњурии Тољикистон мутобиќи тартиб ва дар мўњлатњое, ки худи шартнома ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон пешбинї кардаанд, эътибор пайдо мекунанд.

Дар низоми сарчашмањои њуќуќи инсон наќши ќонунњо низ хеле калон аст. Онњо аз љониби парлумони мамлакат ќабул гардида, намудњои гуногун доранд: Ќонуни конститутсионї - санади меъёрии њуќуќиест, ки муносибатњои муњими љамъиятиро ба танзим дароварда, мавзўи танзим ва тартиби ќабули он дар Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон пешбинї шудааст. Масалан, ќонуни ЉТ «Дар бораи Прокуратура». Ќонунњои љорї – ќонунњое мебошанд, ки доираи муайяани муносибатњои љамъиятиро мавриди танзим ќарор медињанд. Масалан, Ќонуни ЉТ «Дар бораи мурољиати шањрвандон», ки тартиби овардани мурољиати шањрвандонро ба маќомоти њокимияти давлатї муќаррар менамояд. Ќонунњои кодификатсионї – ќонунњое мебошанд, ки маљмуи муносибатњои љамъиятиро дар як соњаи муайян ба низом медароранд. Чун анъана дар натиљаи фаъолияти кодификатсионї кодексњо ќабул карда мешаванд ва намуди аз њама маъмули ќонунњои кодификатсионї мањз кодексњо ба њисоб мераванд. Кодекс ќонуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он соњаи муайяни муносибатњои љамъиятї пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад.

Онњоро ба ду гурўњ људо намудан мумкин аст – санадњои маќомоти њокимияти иљроия ва санадњои маќомоти њокимияти давлатї дар мањалњо.

Санадњои маќомоти њокимияти иљроия. (Фармон ва амрњои Президенти ЉТ, ќарорњои Њукумат). Њарчанд ин навъи санадњо хусусияти зериќонунї дошта бошанд њам, ин њаргиз наќши онњоро паст намесозад. Дар низоми санадњои зериќонунї дар соњаи њуќуќи инсон љои намоёнро фармон ва амрњои Президенти ЉТ ишѓол менамоянд. Президенти Љумњурии Тољикистон дар асоси Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои ќонунгузорї дар доираи салоњияти худ фармон мебарорад ва амр медињад. Онњо метавонанд, чи хусусити меъёрї ва чи хусусияти ѓайримеъёрї дошта бошанд. Агар санади Президент доираи васеи муносибатњоро фаро гирад, пас он хусусияти меъёрї аз бар мекунад. Агар он доираи мањдуди ашхосро фаро гирад, пас вай санади њуќуќии фардї буда, санади меъёрї – њуќуќї намегардад. Оиди ин масъала дар ќонуни ЉТ «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» гуфта мешавад, ки санади меъёрии њуќуќии Президенти Љумњурии Тољикистон дар шакли фармон бароварда мешавад. Фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон, ки хусусияти фардї доранд ва амрњои Президенти Љумњурии Тољикистон санадњои меъёрї намебошанд.

Санадњои маќомоти мањаллии њокимияти давлатї – санадњое мебошанд, ки аз љониби маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ба табъ расида, бояд ба Конститутсияи ЉТ ва ќонунгузории ЉТ мувофиќат намоянд.

Суди Конститутсионии ЉТ дар сурати муайян намудани номувофиќатии санадњои меъёрии њуќуќї бо Конститутсияи кишвар њалномае мебарорад, ки хусусияти њатмї дорад. Баъди ба тасвиб расидани ин гуна њалнома амали санади њуќуќии бархилоф боз дошта мешавад. Яъне наќши њалномањои Суди Конститутсионї дар њимояи њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд назаррас аст. Зеро аксарияти њуќуќ ва озодињо инсон ва шањрванд дар Конститутсияи ЉТ инъикоси худро ёфтаанд ва Суди Конститутсионии ЉТ њамчун маќомоти њимоякунандаи Конститутсия, њамзамон њуќуќ ва озодињои инсонро аз њар гуна санади зиддиконститутсионї дифоъ менамояд.

Суди Олии ЉТ њамчун зинаи олї дар низоми судии ЉТ дар бештари мавридњо ба истењолоти худ парвандањоеро ќабул мекунад, ки ба њуќуќ ва озодињои шахс иртибот доранд ва оиди ин масъалањо њалномањо ба табъ мерасонад. Њамчунин вобаста ба амалияи судї тавзењот медињад, ки ањамияти муњим доранд. Нигоњ накарда ба оне, ки ќувваи амсолии ќарорњи Пленуми Суди Олии ЉТ дар мамлакат эътироф намешавад, вале онњо дар илми њуќуќи инсон чун сарчашмаи њуќуќи инсон пазируфта мешаванд.