Мавз ӯ и 15. Озодии сухан ва изњори аќида. Режими сиёсии демократї бо он хусусиятнок мебошад, ки дар он гуногунаќидагї дар шаклњои мухталифи худ амал.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
ОБЊОИ ЊАЁТ Маќсади дарс Маълумоти умумї додан оиди витаминњо, шиноскунии хонандагон бо таснифи витаминњо, намояндањои витаминњо ва ањамияти онњо. Дар асоси.
Advertisements

Готовимся к ЕГЭ. Содержание 1. ФонетикаФонетика 2. ОрфоэпияОрфоэпия 3. Морфемика и словообразованиеМорфемика и словообразование 4. ЛексикаЛексика 5. Морфология.
Мавзу: Мустаҳкамлаш. Дарснинг мақсади: Ўқувчиларни ҳисоблаш ва масалаларни ечиш қобилиятларини ўстириш, мантиқий фикрлашга ўргатиш.
gr1-gif
Электрон дарслик таркиби ва даражалари. РЕЖА: 1. Электрон дарслик иш режимлари сценарийси 2. Электрон дарслик таркиби 3. Электрон дарслик даражалари.
ИНФОРМАЦИОННЫЕ СИСТЕМЫ АХБОРОТ ТИЗИМЛАРИ ВВЕДЕНИЕ. ОСНОВНЫЕ ПОНЯТИЯ. СИСТЕМЫ, ИНФОРМАЦИОННЫЕ СИСТЕМЫ. Лекция 1.
Кафедраи «Физика, экологияи саноатї ва фанњои муњандисї» МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ СОҲАВЇ ВА ИДОРАИ ИННОВАТСИЯҲО ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ.
Њуљљатњои иттилоотию маълумотдињанда (2 соат). Хуљљатњои иттилоти- маълумотдињанда: маълумотномањо, арзномањо ва мактубчањои фањмондадињї, маълумотњо,
Мавзўи: « Мафњум ва моњияти њуќуќ». Муллоев Д.М..
Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатї Муаррифот оид ба мавзўи «Амалисозии сиёсати.
Мавзу: Ҳoзирги зaмoн дунё сиёсий ва иқтисодий картаси. Дунё aҳoлиси гeoгрaфияси. Режа: 1. Дунё сиёсий ва иқтисодий картасининг аҳамияти, уни шаклланишининг.
Мавзу: Иқтисодиётни модернизация қилиш шароитида Ўзбeкистoннинг тaбиий рeсурслaр салоҳияти вa улaрдaн оқилона фoйдaлaниш Режа: 1. Ўзбeкистoннинг тaбиий.
II-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИ КОНСТИТУЦИЯСИНИНГ АСОСИЙ ТАМОЙИЛЛАРИ Режa: 1 Суверенитет тушунчaси вa унинг турлaри. 2 Xaлқ ҳoкимиятчилиги – дaвлaт ҳoкимиятини.
IV-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ЖАМИЯТ ВА ШАХС МУНОСАБАТЛАРИНИНГ КОНСТИТУЦИЯВИЙ АСОСЛАРИ Режa: 1 Ўзбекистoн Республикaси кoнституциявий тизимининг иқтисoдий негизи.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 27. Њуќуќи иштирок дар хаёти фарњангї.
Мавз ӯ и 6. Мафњуми њуќуќњои шахсї. Њуќуќ ба њаёт.
Мавз ӯ и 15. Озодии сухан ва изњори аќида. Режими сиёсии демократї бо он хусусиятнок мебошад, ки дар он гуногунаќидагї дар шаклњои мухталифи худ амал.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 5. Мафњум, маќсад ва шартњои мањдуд намудани њуќуќњои инсон дар ЉТ.
ОБЊОИ ЊАЁТ Маќсади дарс Маълумоти умумї додан оиди витаминњо, шиноскунии хонандагон бо таснифи витаминњо, намояндањои витаминњо ва ањамияти онњо. Дар асоси.
Транксрипт:

Мавз ӯ и 15. Озодии сухан ва изњори аќида

Режими сиёсии демократї бо он хусусиятнок мебошад, ки дар он гуногунаќидагї дар шаклњои мухталифи худ амал менамояд. Дар чунин љомеа нуќтањои назари мухталиф баён мегарданд ва мавриди њељ як навъи таъќибот ќарор намегиранд. Озодии сухан ва изњори андеша яке аз шартњои асосии мављудияти чунин љомеа пазирої мегардад. Зиёда аз ин њуќуќ пояе мебошад, ки болои он худи мављудияти љомеаи демократї ќарор дорад. Он барои ташаккули афкори умумї лозим мебошад. Тавассути мављудияти њуќуќи мазкур рушди њизбњои сиёсї, иттињодияњои љамъиятї ва дар маљмўи он табаќае, ки ба афкори умум майли таъсиррасонї доранд, таъмин мегардад

Ањамияти чунин омилњоро ба инобат гирифта, санадњои асосї оид ба њуќуќи башар озодии сухан ва изњори андешаро ба њайси яке аз њуќуќњои људонопазири инсон муќаррар намудаанд. Аз љумла, дар моддаи 19 ЭУЊБ омадааст, ки « Њар ин- сон ба озодии аќида ва баёни он њаќ дорад; ин њуќуќ – озодии доштани аќидањо бидуни њељ дахолат, озодии љустуљў кардан, дарёфтан ва пањн кардани иттилооту аќидањо, аз тариќи њар воситаи хабарї ва новобаста аз марзњои давлатиро фаро мегирад.»

Моддаи 19 ПБЊШС бошад, муайян намудааст, ки: «Њар як инсон њаќ дорад, ки бидуни дахолат аќидањои худро дошта бошад; Њар як инсон ба изњори озодонаи андешаи худ њаќ дорад; ин њаќ озодии љустуљў кардан, ба даст овардан ва ошкор намудани њама гуна маълумот ва ѓояњоро, сарфи назар аз марзњо, ба таври шифоњї, хаттї, чопї ё дар шаклњои бадеиву дигар воситањои хабарї бо интихоби худ дар бар мегирад.»

Маълум мешавад, ки њуќуќи мазкур аз ду унсури асосї таркиб ёфтааст: а) озодии аќида; б) озодии сухан. а) Њуќуќи нигоњ доштани аќидањо табиатан ѓайрифаъол буда, озодии мутлаќро ташкил менамояд. ПБЊШС дар бархурдории ин озодї њељ гуна истисно ё мањдудиятро пешбинї намекунад ва њамин ки дорандаи аќида онро намоиш медињад, яъне бо тарзњои гуногун баён менамояд, табиати мутлаќи он барњам мехурад. Чунки аллакай ин љабњаи масъала ба озодии сухан дахл дорад ва он дар баъзе мавридњо мумкин мањдуд карда шавад. б) Дар баробари озодии љамъ омадан ва муттањид шудан, љомеаи демократиро бидуни озодии сухан тасаввур намудан душвор аст. Татбиќ намудани демократия низ бидуни љараёни озоди аќидањо, иттилоот ва имконияти одамон ба љамъ шудан, баррасї ва баён намудани аќидањо, танќид ва талабот, њимоя кардани манфиатњои худ ва бо ин маќсад таъсис додани ташкилотњо, ба монанди иттифоќњои касаба ва њизбњои сиёсї имконнопазир аст. Тамоми маќомоти назораткунандаи минтаќавї ва байналмиллалї ањамияти муњими ин њуќуќњоро барои демократия таъкид намудаанд. Комиссияи африќої оид ба њуќуќи башар ва њалќњо ин заруриятро моњи октябри с.2002 бо ќабул намудани Эъломияи принсипњо доир ба озодии баён дар Африќо дубора таъкид намуд.

Бо вуљуди мављудияти кафолатњои зиёд дар мавриди истифодаи њуќуќи зикршуда, он мутлаќ ба њисоб намеравад ва дар сурати халалдор намудани озодї ва манфиатњои фарди алоњида ба мањдудият дучор шуда метавонад. Аз ин рў, дорандаи њуќуќ ба озодии сухан ва изњори аќида зимни истифода ин имконият бояд, бенињоят эњтиёткор бошад.

Моњиятан, озодии сухан ва изњори аќида њуќуќи мураккаб буда, аз унсурњое иборат мебошанд, ки дар алоњидагї имкони ба њайси як њуќуќи мутлаќ баромад намуданро доранд. Баъзеи онњо дар саргањи ду гурўњи њуќуќ ва озодињои (шахсї ва сиёсї) меистанд: 1. њуќуќи бемамониат пайравї намудан ба аќидањои худ (озодии аќида); 2. озодии љустуљў кардан, ба даст овардан ва пањн намудани њама гуна маълумот ва ѓояњо (озодии сухан, озодии иттилоот); 3. ба таври шифоњї, хаттї, чопї ё дар шаклњои бадеиву дигар воситањои хабарї бо интихоби пањн намудани аќидаи худ (озодии воситањои ахбори омма); 4.новобаста аз марзњои давлатї (озодии равобити байналхалќї).

Баъзе аз унсурњои озодии изњори аќида ба њуќуќњои дигари инсон низ алоќаманд мебошанд, ба монанди: - њуќуќ ба озодии виљдон ва эътиќоди динї (м.18 ПБЊШС); - њуќуќ ба истифода аз манфиатњои моддї ва маънавї, ки натиљаи фаъолияти зењнии инсон мебошанд, яъне њуќуќњои муаллифї (м.15 (2) ПБЊИИФ); - њуќуќ ба тањсил (м.13 ПБЊИИФ), яъне озодии изњори аќида бо тарзњои илмї.

Дар заминаи нишондодњои санадњои муњими байналхалќї оид ба њуќуќи башар, Конститутсияи ЉТ низ, њуќуќ ба озодии сухан ва изњори аќидаро кафолат додааст. Дар м.30 Конститутсия аз љумла омадааст, ки «ба њар кас озодии сухан, нашр, њуќуќи истифодаи воситањои ахбор кафолат дода мешавад.»

Озодии сухане, ки Конститутсияњои мамлакатњои муосир кафолат додааст, аз якчанд унсури ба њамдигар алоќаманд таркиб ёфтаанд: Озодии њар одам барои ошкоро баён кардани фикр, ѓояњо ва андешањои худ ва тарѓиби онњо бо њамаи усулњои ќонунї; Озодии матбуот ва дигар воситањои ахбори омма аз сензура ва њуќуќи шањрвандон бањри таъсис додан ва истифода кардани маќомоти иттилоотї; Озодии дастрасї ба манбаъњои иттилоот ё њуќуќи гирифтани иттилооте, ки манфиати љамъиятї дошта, ба њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд дахл доранд. Дар интињо њаминро ќайд менамоем, ки дар низоми њуќуќњои сиёсии муќаррарнамудаи Конститутсияи ЉТ, танњо зимни баёни њуќуќ ба озодии сухан ва изњори аќида истилоњи «њар кас» истифода гардидааст, ки истифода намудани онро дар баробари шањрвандони ЉТ, њамчунин ба ашхоси бетабаа ва шањрвандони хориљї низ кафолат медињад.