ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 33. Њуќуќи муњољирон. Њолати њуќуќии муњољирон.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
ОБЊОИ ЊАЁТ Маќсади дарс Маълумоти умумї додан оиди витаминњо, шиноскунии хонандагон бо таснифи витаминњо, намояндањои витаминњо ва ањамияти онњо. Дар асоси.
Advertisements

Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
III-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ИНСОН ВА ФУҚАРОЛАРНИНГ АСОСИЙ ҲУҚУҚ ВА ЭРКИНЛИКЛАРИ Режa: 1 Инсoн ҳуқуқлaрининг xaлқaрo-ҳуқуқий aсoслaри 2 Ўзбекистoн Республикaси.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 34. Њуќуќи гурезагон. Њолати њуќуќии гурезагон.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 33. Њуќуќи муњољирон. Њолати њуќуќии муњољирон.
Мавз ӯ и 12. Њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти шахсї ва њаёти оилавї.
Транксрипт:

ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 33. Њуќуќи муњољирон. Њолати њуќуќии муњољирон.

Мањфумњои асосї Айни замон муњољирати ањолї чї дар дохили давлат ва чї муњољирати байнахалќї дар ташаккули њамаи давлатњо мавќеи назаррас ва таъсири калон дорад. Зарурати танзими њуќуќї - байналхалќии њуќуќи муњољирон дар нимаи дуюми асри ХХ махсусан фаъол гардидааст. Ин њолат асосан бо он алоќаманд аст, ки дар ин давра давлатњои нави аз вобастагии мустамликавї озодшуда ба вуљуд омаданд. Баробари ин, давлатњои нав ба вуљудомада аз нуќтаи назари иќтисодї аз давлатњои мустамликадори худ вобаста буданд ва мустаќилона бењбудии иќтисодии шањравндони худро, ки барои дарёфти њаёти бењтар ба муњољират ба давлатњои дигар маљбур мешуданд, таъмин карда наметавонистанд.

Мањфумњои асосї Шавќмандї ба муњољират дар он ваќт пурзўр гардид, ки дар сатњи байналхалќї натиљаи ногувори љараёнњои муњољирї ба назар расид, инсоният бошад бо зарурияти њамоњангсозии кўшишњои давлатњои зиёд оид ба њалли масъалањои шадид ва мушкили вобаста ба муњољират рў ба рў гардид ва муњимияти таъсиси механизми танзими онро дарк намуд. Пўшида нест, ки ашхоси аз љойи муќаррарии зист, аз фарњанги худ, решањои забонї ва динии худ, аз њудуди давлати шањрвандии худ дур ќарордошта њамаваќт ба гурўњи аз њама бењимоя дохил мешуданд. Ќайд кардан зарур аст, ки то њол мафњуми умумиэътирофшудаи инъикоскунандаи њамаи аломатњои зарурии ин зуњурот мављуд нест.

Мањфумњои асосї Дар луѓат ва китобњои дарсии зиёд ќайд мешавад, ки истилоњи муњољир решаи лотинї дорад – migratio, migro – гузашта истодаам, кўчида истодаам. Соли 1989 дар иљлосияи 59- умий Шўрои Ташкилоти байналхалќї оид ба муњољират ( ТБМ ) мафњўми « муњољират » ва « муњољир » дода шудааст. « Муњољират – ќисмати љараёни ташаккули давлат : њамонњое, ки аз онњо ашхос мерванд ва њамонњое, ки ба онњо кўшиши воридшавї мекунанд, аз љумла, давлатњое, ки ба њарду гурўњ новобаста аз сабаби љойивазкунї дохил мешаванд. Муњољир – ин шахсе аст, ки аз як давлат ба давлати дигар љой иваз мекунад ва ба хизматрасонии муњољирии байналхалќї, ки аз тарафи ташкилотњои муњољирии байналхалќї расонида мешавад, имтиёз дорад ».

Мањфумњои асосї Соли 1996 Суди иќтисодии ИДМ масъалаи шарњи истилоњи « муњољир »- ро баррасї намуда буд. Зимнан мављуд набудани дастури шартномавї - њуќуќии он ќайд гардида, чунин мафњуми он пешнињод карда шуд : муњољир – ин мафњумест, ки ба он тамоми ашхоси амаликунандаи љойивазкунии фазої новобаста аз сабаби чунин љойивазкунї, мўњлати он ва њудуди фазоии он дохил мегарданд.

Мањфумњои асосї Ба коркарди мафњуми муњољират ва муњољир як ќатор тадќиќгарон машѓул мебошанд. Хусусан, А. В. Похлебаева мафњуми худро пешнињод мекунад : « муњољири байналхалќї » маънои шахсеро дорад, ки новобаста аз шакл, ангеза ва мўњлати љойивазкунии он аз њудуди як давлат ба давлати дигар љой иваз намудааст, ки ба таѓйирёбии њолатии њуќуќии он меорад. Танзими њолати њуќуќии он аз лањзаи убур намудани сарњад бо ќонунгузории давлати ќабулкунанда, аз љумла, бо њуљљатњои њуќуќї - байналхалќии аз тарафи ташкилотњои байналхалќии бо ин масъала машѓулбуда ќабул шудааст, сурат мегирад.

Мафњуми муњољират ва муњољир Аз мафњуми баёншуда мо муайян карда метавонем, ки ду тарзи муносибат ба мафњуми муњољират ва муњољир мављуд аст : ба мафњуми мањдуд ва ба мафњуми васеъ. Муњољират ба мафњуми мањдуд њамчун љойивазкунии хотимаёфтаи њудудї, ки бо ивазкунии љойи истиќомати доимї, бо суханони дигар кўчидан, баромад мекунад. Ба мафњуми васеъ ин њамагуна љойивзкунї миёни нуќтањои ањолинишин содиршуда, новобаста ба мўњлати, даврагї ва маќсади он мебошад.

Мафњуми муњољират ва муњољир Њангоми муайян намудани мафњуми муњољират гурўњбандии он ањамияти муњим дорад. Ин гурўњбандї вобаста ба асосњои гуногун ба амал бароварда мешавад : 1. Аз рўи давомнокї људо мекунанд : бебозгашт – бо ивазкунии доимии љойи зист ; муваќќатї – љойивазукунї ба мўњлати дароз, аммо мањдуд. мавсимї – љойивазкунї дар даврањои муайяни сол.

Мафњуми муњољират ва муњољир 2. Аз рўи аломати њудудї муњољиратро људо мекунанд ба : дохилї – яъне љойивазкунї дар њудуди мамалкат, мисол, байни минтаќањои он, аз ќишлоќ ба шањр ; берунї – љойивазкунї берун аз њудуди мамлакат, илова бар ин, дар ин њолат људо мекунанд : иммигратсия – ( аз калима лотинии immigrans – љойгиршаванда ), яъне зуњуроти дар давлати ќабулкунанда љойгир намудани шањрвандон ё истиќоматкунандагони давлат - мамлакати дигар ; ва эмигратсия – ( аз калимаи лотинии emigro – кўчондан ), кўчидани шањрвандон аз мамлакати худ ба давлати дигар барои истиќомати доимї ё ба мўњлати дароз ё кўтоњ. Њамчунин муњољирати лангарї – сафари мунтазам ба љойи кор ё тањсил берун аз нуќтаи ањолинишини худро низ људо мукунанд.

Мафњуми муњољират ва муњољир 3. Аз рўи њолати њуќуќї муњољирати баќайдгиранда ва баќайднагирандаро људо мекунанд. 4. Аз рўи ангеза људо мекунанд : муњољирати ихтиёрї ва маљбурї. Зимнан бояд ба инобат гирифта шавад, ки дар илми њуќуќи инсон бинобар љой надоштани сарњад миёни навъњои мухталифи муњољират таснифоти ягона вуљуд надорад. Таснифоти болої хусусияти шартї дорад. Айни њол, шаклњои гуногуни муњољират мављуд аст : мењнатї, оилавї, сайёњї ва ѓайра.

Моњияти муњољирати мењнатї Дар айни замон аз тарафи љомеаи љањонї диќќати махсус ба муњољирати мењнатї дода мешавад. Аз тарафи љомеаи љањонї як ќатор њуљљатњои байналхалќї - њуќуќии танзимкунандаи њуќуќи муњољирони мењнатї коркарда ва ќабул шудаанд, ба хусус, Созишномаи байналхалќї дар бораи њимояи њуќуќњои њамаи муњољирони мењнатї ва аъзои оилаи онњо, Протокол зидди воридкунии ѓайриќонунии муњољирон тавассути хушкї, бањр ва њаво, ки Созишномаи СММ бар зидди љинояткории муташаккилонаи трансмиллиро пурра мекунад, Созишномаи аврупої дар бораи њолати њуќуќии муњољирони мењнатї ва ѓайра. Ин њуљљатњо бо маќсади танзим намудани њуќуќуњои муњољирони мењнатї ќабул карда шудаанд.

Моњияти муњољирати мењнатї Тибќи њуљљатњои мазкур ва коркардњои Ташкилоти байналхалќии мењнат якчанд навъи муњољирони мењнатї људо карда мешавад. Кормандон – муњољирони мавсимї – шахсоне, ки дар давлати ба он мансубиятнадошта, дар ќисмати муайяни сол кор мекунанд, зеро кори иљроменамудаи онњо ба шароитњои мавсимї вобаста аст. Муњољирони мењнатии бо амалигардии лоињањо алоќаманд, - Муњољирони мењнатї, ки ба давлат ба мўњлати муайян аз рўи лоињаи мушаххас ба таври кироя дар ин давлат кор намудан, барои вуруд иљозат гирифтаанд ; Муњољирони мењнатии дар асоси ќарордод, ки мањдудият аз рўи мўњлати шуѓл ва навъи кори иљрокунандаи муњољир муќаррар шудааст, коркунанда.

Моњияти муњољирати мењнатї Муњољирони мењнатии муваќќатї – шахсоне, ки дар давлати ба он мансубиятнадошта барои кор аз рўи ихтисоси муайян дар муддати мўњлати мањдуд барои вуруд иљозат дода шудаанд. Онњо метавонанд корфаромоёни худро таѓйир дињанд ва иљозат барои коркуниро бидуни зарурияти баромадан аз мамлакати бо кор таъминкунанда нав намоянд. Таќсимоти мазкури муњољирони мењнатї барои муайян намудани њолати њуќуќии онњо имкон медињад ва њимояи њуќуќњои онњоро таъмин мекунад.

Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Дар љодаи њифзи њуќуќњои муњољирони мењнатї хизмати Ташкилоти байналхалќии мењнат ( ТБМ ) назаррас аст. Соли 1939 дар Женева дар иљлосияи 25- уми Конфрони кулли ( генералии ) ТБМ Созишномаи 66 « Дар бораи љалбкунї, бо кор таъминкунї ва шароити мењнатии муњољирони мењнатї » ќабул шудааст. Аммо созишномаи мазкур ба ќувваи ќонунї надаромад. Дар робита бо он, 1- уми июли соли 1949 дар иљлосияи 32- уми Конфронси кулли ( генералии ) ТБМ Созишномаи ТБМ тањти 97 « Дар бораи муњољирони мењнатї » ќабул карда мешавад. Дар ин Созишнома муќаррарот дар бораи ўњдадории аъзоёни Ташклот оиди бидуни табъиз аз рўи аломатњои миллї, нажодї, дин ё љинс ба иммигрантњои дар њудуди он ќонунї ќарордошта таъмин намудани шароити бењбудиаш на камтар аз шањрвандони худ мустањкам карда шудааст. Њамчунин, дар Созишномаи мазкур мафњуми « муњољири мењнатї » кушода шудааст. Тибќи моддаи 11 истилоњи мазкур ба маънии « шахсе, ки аз як давлат ба давлти дигар бо маќсади корёбї, бо дигар хел назар ба аз њисоби худ, њиљрат мекунад ва њамаи ашхоси тибќи ќонун ба њайси муњољири мењнатї иљозатдодашаванда » фањмида мешавад.

Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Созишномаи мазкур се замима дорад : Љалбкунї, бо кор таъминкунї ва шароити мењнатии муњољирони мењнатї, ки бо роњњои дигари назар ба созишнома дар бораи љойивазкунии гурўњии тањти назорати давлат басташаванда, чида мешаванд. Љалбкунї, бо кор таъминкунї ва шароити мењнатии муњољирони мењнатї, ки аз рўи созишнома дар бораи љойивазкунии гурўњии тањти назорати давлат басташаванда, чида мешаванд. Ворид намудани моликияти шахсї, олот ва таљњизоти корї аз тарафи муњољирони мењнатї.

Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Ба ѓайр аз Созишномаи зикргардида ТБМ як ќатор њуљљатњои њуќуќии дигар, ки ба њимояи њуќуќи муњољирон равона шудаанд, коркарад ва ќабул намудааст, хусусан, Тавсияи 100 « Дар бораи њимояи муњољирони мењнатї дар мамлакат ва њудудњои камтараќќї » аз 22 июни соли 1955; Созшиномаи ТБМ 88 « Оид ба ташкилоти хадамоти шуѓл » аз 9 июли соли 1948; Тавсияи ТБМ тањти 122 « Дар бораи сиёсат дар соњаи шуѓл » ва ѓайра. Соли 1990 Ассамблеяи Генералии СММ Созишномаи байналхалќї дар бораи њимояи њуќуќњои њамаи муњољирони мењнатї ва аъзои оилаи онњоро маъќул донист. Созишномаи мазкур як ќатор меъёрњои байналхалќии аз љињати њуќуќї њатмии мутааллиќ ба реља, њолати њуќуќї, аз љумла, ўњдадорї ва вазифаи давлати равонкунанда ва ќабулкунандаро дорад.

Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Як ќатор муќаррароти Созишномаи мазкур махсусияти мавќеи муњољири мењнатиро инъикос мекунад. Алалхусус, тибќї моддаи 37 муњољирони мењнатї ва аъзои оилаи онњо, ки њуљљатњои дахлдорро доранд, њуќуќ доранд то воридшавї ё аз њама дер њангоми воридшавї ба давлати кор аз рўї кироя оид ба њамаи шартњо ва иљозат, аз љумла, оид ба талаботи иљроиши њатмї дар давлати кори кироя ва маќомотњое, ки онњо метавонанд барои иваз намудани ин шартњо мурољиат намоянд, иттилоот ба даст оранд. Њамчунин дар Созишнома муќаррарот, ки тибќи он ба муњољирони мењнатї ва аъзои оилаи онњо њуќуќ ва имкониятњои баробар дар масъалаи таъминоти иљтимої, озодии љойивазкунї, эњтироми бахудхосии фарњангї ва ѓайра мустањкам гардидаанд. Хусусан дар ќонуни мазкур зери мафњуми муњољири мењнатї фањмида мешавад – шахсе, ки дар давлати љои кор, ба таври доими истиќомат намекунад, шањрванди он намебошад, ба фаъолияти мењнатии музднок машѓул буд, машѓул аст ё машѓул мешавад.

Мањфуми њуќуќи мазкур дар ќонунгузории ЉТ Ба масъалаи муњољират, хусусан, ба њимояи њуќуќњои муњољирони мењнатї дар Љумњурии Тољикистон низ диќќати махсус дода мешавад. Айни њол, дар Љумњурии Тољикистон масъалаи муњољират яке аз масъалањои асосї аст. Ин бо он алоќаманд аст, ки ќисмати зиёди ањолї њамасола барои коркунї ба давлатњои њамсоя ва Федератсияи Русия мераванд. Барои танзими њолати њуќуќии онњо Ќонуни ЉТ « Дар бораи муњољират » аз 11 декабри соли 1999 ќабул карда шудааст. Ин ќонун муносибатњоро дар соњаи муњољирати ањолї танзим карда, асосњои њуќуќї, иќтисодї ва иљтимоии равандњои муњољират, инчунин муњайё сохтани шароити зарурии њаётро дар мањалли нав барои шахс ва оилањое, ки ба Ватани аљдодии худ бармегарданд, муайян менамояд.

хулоса Њамин тариќ, њимояи њуќуќи муњољирон айни њол яке аз вазифањои муњимтарини љомеаи љањонї, алалхусус, дар давраи љањонигардї гардидааст. Дар љањон масълаи муњољирати мењнатии ѓайриќонунї њарчї шадидтар гардидааст, ки ба натиљањои ногувор, ба монанди, афзоиши љинояткории муташаккилона, тиљорати ѓуломдорї, ксенофобия ва нажодпарастї меорад. Масъалаи муњољират мушкилии бе истисно њамаи давлатњо буда, љомеаи љањонї бояд барои њалли ин масъала тамоми кўшишњоро ба њарљ дињад.