Њуќуќ ба муттањидшавї, ки ба иштироки шањрвандон дар њаёти љамъиятї-сиёсї муносибати бевосита дорад, яке аз њуќуќњои муњими сиёсї ба њисоб меравад. Аз.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавз ӯ и 21. Њуќуќ ба мењнат. Њуќуќ ба истироњат.
Advertisements

Мављудияти меъёрњои зиёди њуќуќї оид ба њуќуќи инсон дар санадњои меъёрї-њуќуќии байналхалќї ва ќонунгузории миллї, ба таври дахлдор њимоя шудани њуќуќ.
Њуќуќ ба муттањидшавї, ки ба иштироки шањрвандон дар њаёти љамъиятї-сиёсї муносибати бевосита дорад, яке аз њуќуќњои муњими сиёсї ба њисоб меравад. Аз.
Мавз ӯ и 4. Таснифоти њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд.
Мавзӯи 32. Мафњум ва мазмуни њуќуќи халќњо ба худмуайянкунї. ЊУЌУЌИ ИНСОН.
Транксрипт:

Њуќуќ ба муттањидшавї, ки ба иштироки шањрвандон дар њаёти љамъиятї-сиёсї муносибати бевосита дорад, яке аз њуќуќњои муњими сиёсї ба њисоб меравад. Аз рўи мазмуни хеш ин њуќуќ имконияти таъсис додани иттињодияњои љамъиятиро ифода менамояд. Ба њуќуќи муттањидшавї њуќуќи иштирок дар маљлисњо, гирдињамоињо, намоишњо ва роњпаймоињои осоишта алоќамандии зич доранд. Њуќуќњои номбаршуда яке аз муњимтарин њуќуќњои сиёсии шахс ба њисоб рафта, ба сифати падидаи демократї баромад намуда, яке аз шаклњои иштироки фардњо дар њаёти сиёсии давлат мебошанд. Мувофиќан, имконияти таъсиси иттињодияњои љамъиятї ва иштирок дар роњпаймоињои осоишта яке аз тарзњои асосии таъсиррасонии шањрвандон ба њукумат ва роњбарияти маќомоти давлатї ба шумор меравад. Њуќуќњои номбаршуда аз љониби санадњои асосии байналхалќї ва минтаќавї оид ба њуќуќи инсон ва ќонунгузории ЉТ кафолат дода шудаанд. Муњимияти њуќуќи муттањидшавї ва иштирок дар роњпаймоињои осоиштаро ба инобат гирифта, њар яке аз онњоро дар алоњидагї баррасї хоњем намуд.

Њуќуќ ба иштирок дар маљлисњо, гирдињамоињо, намоишњо ва роњпаймоињои осоишта. Конститутсияњои давлатњои муосир, аз љумла Конститутсияи ЉТ шаклњои гуногуни фаъолияти сиёсии шањрвандонро муќаррар намудаанд. Њуќуќ ба иштирок дар маљлисњо, гирдињамоињо, намоишњо ва роњпаймоињои осоишта низ аз љумлаи чунин њуќуќњо ба њисоб меравад. Ин њуќуќ дар м.21 ПБЊШС ба таври умумї мустањкам гардидааст. Дар он аз љумла омадааст, ки «Њуќуќ ба љамъомадњои осоишта эътироф карда мешавад. Истифода аз ин њуќуќ тањти њељ гуна мањдудият ќарор дода намешавад, ба истиснои њолатњое, ки мутобиќи ќонун муќаррар карда мешаванд ва дар љамъияти демократї ба манфиати амнияти давлат, тартиботи љамъиятї, њифзи саломатї ва ахлоќи ањолї ё њифзи њуќуќ ва озодињои дигарон заруранд.» Ба чунин тасвияи мањдуд, Паймон заминањоеро фароњам овардааст, ки њуќуќи мазкур дар сатњи ќонунгузории давлатњо боз њам мушаххастар карда шавад.

Конститутсияи ЉТ дар м.29 муќаррар намудааст, ки «шањрванд њаќ дорад дар маљлис, гидињамої, намоиш, роњпаймоињои осоишта, ки ќонун муќаррар кардааст, ширкат варзад. Њељ касро ба ин тадбирњо маљбуран љалб намудан мумкин нест.» Тарзи баамал баровардани ин њуќуќи конститутсионї дар Ќонуни ЉТ «Дар бораи маљлисњо, гирдињамоињо, намоишњо ва роњпаймоињои осоишта» аз 2-юми майи с.1998 ба таври мушаххас муќаррар гардидааст.

Дар м.3 ќонуни мазкур шаклњои асосии пешбурди љамъомадњои оммавї ба таври зайл нишон дода шудаанд: маљлис - иштироки якљояи шањрвандон дар љои љамъиятии пешакї муќарраркардашуда ва дар ваќти пешакї муайянкардашуда барои коллективона муњокима ва њал кардани ягон масъала; гирдињамої- шакли муташаккили изњори фикру андешаи љамъиятї, дастгирии оммавии карорњо, талабњо ва дигар мурољиатњои шањрвандон, ки дар љои пешакї муќарраркардашуда ва ваќти пешакї муайянкардашуда гузаронида мешаванд; намоиш - шакли изњори муташаккилонаи фикру андешаи коллективона ва шахсї оид ба масъалаи њаёти љамъиятї ва давлатї; роњпаймоии кучагї - шакли намоиш, ки ба воситаи њаракати шањрвандон бо роњи пешакї муайянкардашуда сурат мегирад; пикеткунї - шакли изњори ошкорои фикру андешаи коллективї ё шахсии шањрвандон бо роњи љойгиршавии онњо дар назди объекти пикетшаванда; манифестатсия - якљояшавии шаклњои мухталифи чорабинињои оммавї.

Ин падидањои демократї шакли ифодаи аќидањои инфиродї ва дастаљамъї оид ба масоили њаёти љамъиятї ва давлатї мебошанд. Љамъомадњои оммавиро метавон чун як шакли назорати љомеаи шањрвандї аз болои фаъолияти маќомоти двлатї арзёбї намуд. Аз ин лињоз њуќуќи фавќ на танњо чун яке аз унсурњои асосии вазъи њуќуќии шахс, балки њамчун яке аз унсурњои муњими давлати демократї низ шинохта мешавад.

Дар ќонун тартиби баргузор намудани намоишњо ва инчунин њуќуќ ва вазифањои иштирокчиёни он ба тафсил баён гаштаанд. Ташкилотчии намоиш њар шањрванд ё гурўњи шањрвандоне, ки дар огоњиномаи оид ба гузаронидани чорабинї ба њамин сифат нишон дода шудаанд, инчунин ашхосе, ки вазифањои ташкилотчиро амалан иљро менамоянд, шуда метавонанд. Ашхосе, ки суд онњоро ѓайримукаллаф, мукаллафиашонро мањдуд донистааст, инчунин ашхосе, ки дар мањалњои мањрумї аз озодї мебошанд, ташкилотчиёни намоиш шуда наметавонанд.

Иштирокчиёни намоиш намояндагони ањзоби сиёсї, иттињодияњои љамъиятї ва дигар иттињодияњои шањрвандон, инчунин шањрвандоне эътироф карда мешаванд, ки дар намоиш бо маќсади иштирок дар он њузур доранд ё бо супориши ташкилотчии он дар бобати тайёр кардан ва гузаронидани чорабинї корњои амалиро иљро менамоянд.

Ташкилотчии намоиш ўњдадор аст мувофиќан ба Раиси Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон, вилоят, шањр, ноњия дар бораи гузаронидани намоиш дар мўњлати на дертар аз понздањ рўзи санаи пешбинишудаи гузаронидани он хаттї огоњинома равон намояд.

Дар огоњинома маќсад, шакл, љои гузаронидани намоиш ё роњи њаракат, ваќти оѓоз ва анљоми намоиш, шумораи тахминии иштирокчиён, насаб, ном, номи падари ташкилотчиён, љои истиќомати, кор, тањсили онњо, санаи пешнињоди огоњинома, раќами телефони иртибот нишон дода мешаванд. Огоњиномаро ташкилотчии намоиш имзо мекунад.

Намоишњоро аз соати 8 то соати 20 дар љойњои муайяншуда гузаронидан мумкин аст. Иштирокчиёни намоиш њаќ доранд дар тањия, ќабул ва дастгирии ќарорњо ва дигар амалиётњои коллективие, ки ба иљрои маќсадњои чорабинии мазкур равона карда шудааст, иштирок намоянд.

Иштирокчиёни намоишњо њаќ доранд ќарорњо, талабномањо ва дигар мурољиатномањоро ба маќомоти давлатї, ташкилотњои љамъиятї, байналхалќї ва дигар ташкилотњо ќабул намоянд. Баррасии мурољиатномањо ва ќабул кардани ќарорњо оид ба онњо бо тартибе сурат мегирад, ки ќонунгузорї муќаррар кардааст. Дар ваќти гузаронидани намоиш иштирокчиёни онњо вазифадоранд: тамоми талабњои ќонунии ташкилотчии намоиш ва намояндагони маќомоти њифзи њуќуќро иљро намоянд; тартиботи љамъиятї ва тартиби гузаронидани намоишро, ки ташкилотчї (ташкилотчиён) муќаррар кардааст, риоя намоянд.

Дар ваќти гузаронидани намоиш ба иштирокчиёни он манъ карда мешавад, ки њамроњи худ яроќ, асбобњои махсус тайёр ва мувофиќ кардашуда дошта бошанд, ки онњоро ба муќобили њаёт ва саломатии одамон, инчунин барои зарар расондан ба моликияти корхонањо, муассисањо, ташкилотњо ва шањрвандон ба кор бурдан мумкин аст.

Њуќуќ ба муттањидшавї, ки њамзамон чун озодии иттињодияњо ва ассотсиатсияњо маъруф аст, ба шањрвандон имконияти истифодаи шаклњои гуногуни фаъолияти якљояи ташкилї, муттањидсозии кўшишњои худ бањри амалисозии ин ё он вазифањоро медињад. Њуќуќ ба муттањидшавї дар моддаи 22 ПБЊШС бо мазмуни зайл мустањкам гардидааст: «Њар як инсон ба озодии пайваст бо дигарон, аз љумла ба таъсис додани иттифоќњои касаба ва шомил шудан ба онњо ба хотири њифзи манфиатњои худ њаќ дорад». Моддаи фавќро тањлил намуда якчанд њолатро ба таври алоњида нишон додан зарур аст. Аввал ин, ки њуќуќи мазкур ба њамаи афрод, новобаста аз маќоми шањрвандї ва макони зист, пањн мегардад, яъне шањрвандони хориљї низ њуќуќи созмон додани ассотсиатсияњоро дар давлатњои ѓайр дороанд. Дуввум ин, ки њуќуќи мазкур моњиятан, чи созмон додани чунин иттињодияњо ва чи шомил шудан ба аъзогии онњоро дар назар дорад. Сеюм ин, ки маќсад аз таъсиси чунин иттињодияњо – њимояи манфиатњои шахсї ба њисоб мераванд.

Њамин тавр маълум мешавад, ки њуќуќї муттањидшавї њуќуќи њар як инсонро ба таъсис додани иттињодия бо ашхоси њаммаслак ё њамроњ шудан ба иттињодияњои мављуда таъмин менамояд. Низоми якњизбї, ки ташкил додану фаъолияти дигар њизбњои сиёсиро истисно менамояд, њуќуќ ба муттањидшавиро поймол менамояд. Бинобарин дар шароити давлатњои демократї, ки гуногунаќидагии сиёсї бояд њукфармо бошад, таъмини ин њуќуќ бояд дар сатњи дахлдор сурат гирад.

ЉТ дар бахши эътироф ва кафолати њуќуќ ба муттањидшавї, як силсила тадбирњоро андешида аст. Нахуст дар сатњи конститутсионї, њуќуќ ба муттањидшавї ба мазмуни зайл кафолат дода шудааст, яъне: «Шањрвандон њуќуќи муттањид шудан доранд. Шањрванд њаќ дорад дар ташкили њизбњои сиёсї, аз љумла њизбњои характери демократї, динї ва атеистї дошта, иттифоќњои касаба ва дигар иттињодияњои љамъиятї иштирок намояд, ихтиёран ба онњо дохил ва аз онњо хориљ гардад.» (М.28 Конститутсияи ЉТ). Њуќуќ ба муттањидшавї тањкими минбаъдаи худро дар ќонуни ЉТ «Дар бораи иттињодияњои љамъиятї», «Дар бораи њизбњои сиёсї» ва санадњои дигари меъёрї-њуќуќи дарёфтааст.

Тибќи Ќонуни ЉТ «дар бораи иттињодияњои љамъиятї» њуќуќи шањрвандон ба муттањидшавї њуќуќи дар асоси ихтиёрї бо маќсади њифзи манфиатњои умумї ва ноил гардидан ба маќсадњои умумї таъсис додани иттињодияњои љамъиятї, шомил шудан ба иттињодияњои љамъиятии мављуда ё худдорї кардан аз шомилшавї ба онњо, инчунин аз ин иттињодияњо бе мамониат баромаданро дар бар мегирад. Шањрвандон њуќуќ доранд мустаќилона, бе иљозати пешакии маќомоти давлатї иттињодияњои љамъиятї таъсис дињанд, инчунин ба ин гуна иттињодияњои љамъиятї бо шарти риоя кардани меъёрњои оинномавии онњо дохил шаванд. Ќонун вобаста ба мафњуми иттињодияи љамъиятї, ќайд менамояд, ки «Иттињодияи љамъиятї – иттињоди ихтиёрї, худидора ва ѓайритиљоратии шањрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатњо барои амалї намудани маќсадњое муттањид гардидаанд, ки дар оинномаи иттињодияи љамъиятї нишон дода шудаанд» (м.4 Ќонун).

Таърифи расмии иттињодия љамъиятиро тањлил намуда, ќайд намудан лозим аст, ки: 1) Иттињодияњои љамъиятї дар љомеа новобаста аз давлат арзи њастї намуда, иттињодияи ѓайридавлатиро мемонанд. Дар бештари мавридњо ин гуна иттињодияњо бо ташаббуси шањрвандон созмон дода мешаванд. Ќонун бо ташаббуси давлат созмон ёфтани иттињодияњои љамъиятиро пешбинї менамояд, аммо чунин ташаббус бояд бо ташаббуси шањрвандон низ омехта гардад. Зеро ин навъи иттињодияњо дар пояи фаъолияти шањрвандон ќарор мегиранд. Новобаста аз оне, ки баъзе аз иттињодияњои љамъиятї бо ташаббуси давлат бунёд мегарданд, онњо бояд њамчун як навъи зуњуроти њаёти иљтимої, људо аз давлат ба таври мустаќилона фаъолият намоянд; 2) Иттињодияњои љамъиятї дар асоси принсипи ихтиёрї таъсис меёбанд. Ин принсип заминаи конститутсионї дорад; 3) Иттињодияњои љамъиятї – иттињодияњои худидора мебошанд. Ин чунин маъно дорад, ки идораи кори дохилии иттињодия дар дасти худи аъзоёни он аст ва касе имконияти дахолат ба онњоро надорад; 4) Иттињодияњои љамъиятї як навъи иттињодияњои ѓайритиљоратї мебошанд. Ин чунин маъно дорад, ки фаъолияти хољагидории онњо набояд барои ба даст овардани фоида, балки нигоњдории худи онњо нигаронида шуда бошад; 5) Шањрвандоне, ки дар иттињодияи љамъиятї муттањид мешаванд, бояд манфиатњои умумї дошта бошанд; 6) Иттињодияњои љамъиятї бояд бо маќсадњои муайян соз-мон дода шаванд.

Ќонунгузории ЉТ шаклњои зерини ташкилї- њуќуќии иттињодияњои љамъиятиро муќаррар намудааст: Ташкилоти љамъиятї - иттињодияи љамъиятие мебошад, ки чун ќоида, дар асоси узвият таъсис ёфта, барои фаъолияти якљояи шањрвандони муттањидшуда љињати њифзи манфиатњои умумї ва ба даст овардани маќсадњои оинномавї таъсис дода шудааст. Маќомоти олии роњбарикунандаи ташкилоти љамъиятї анљуман, конференсия ё маљлиси умумї мебошад. Маќомоти роњбарикунандаи ташкилоти љамъиятї маќомоти интихобии дастаљамъї мебошад, ки он ба анљуман, конференсия ё маљлиси умумї њисоботдињанда аст.

Њаракати љамъиятї - иттињодияи љамъиятии оммавї мебошад, ки аз иштирокчиён иборат буда, узвият надорад, амалї намудани маќсадњои иљтимої ва дигар маќсадњои љамъиятии муфидро дорад, ки онњоро иштирокчиёни њаракати љамъиятї дастгирї менамоянд. Маќомоти олии роњбарикунандаи њаракати љамъиятї анљуман, конференсия ё маљлиси умумї мебошад. Маќомоти роњбарикунандаи њаракати љамъиятї маќомоти машваратии интихобї мебошад, ки на камтар аз дањ нафар иборат буда, ба анљуман, конференсия ё маљлиси умумї њисоботдињанда аст. Дар сурати ба ќайди давлатї гирифта шудани њаракати љамъиятї маќомоти роњбарикунандаи он њуќуќи шахси њуќуќиро аз номи њаракати љамъиятї амалї менамояд ва вазифањои онро мувофиќи оиннома иљро мекунад.

Маќомоти худфаъолияти љамъиятї - иттињодияи љамъиятии ихтиёрии беузвияти шањрвандон буда, маќсади он њал намудани масъалањои гуногуни иљтимоиест, ки дар љои зисти шањрвандон пайдо мешаванд. Маќомоти худфаъолияти љамъиятї дар њудуди кўча, гузаргоњ ва дења (минбаъд мањалла) бо ташаббуси аксарияти сокинони онњо, ки ба синни њаждањ расидаанд, таъсис дода мешавад ва барои ќонеъ намудани эњтиёљоти гурўњи ањолї нигаронида шудааст, ки манфиати онњо бо расидан ба маќсадњои оинномавї ва татбиќи барномањои маќомоти худфаъолияти љамъиятї алоќаманд аст. Маќомоти худфаъолияти љамъиятї маќомот ё ташкилоти болоии худро надорад ва чун ќоида «шўрои мањалла», «кумитаи мањалла», «кумитаи манзил» ва ба ин монанд номгузорї мешаванд.

Њизби сиёсї - чунин идтињодияи љамъиятие мебошад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар њаёти сиёсии љомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шањрвандон ва инчунин ба амал баровардани њокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.

Иттифоќњои касаба – чунин иттињодияи љамъиятие мебошанд, ки мењнаткашонро аз лињози манфиатњои умумиашон њам дар соњањои фаъолияти истењсолї ва њам ѓайриистењсолї барои њифзи њуќуќњои мењнатї, иљтимоию иќтисодї ва дигар њуќуќу манфиатњои аъзоёнашон муттањид менамоянд.