ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 22. Низоми њуќуќ ва озодињои иљтимоии шањрвандон.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 22. Низоми њуќуќ ва озодињои иљтимоии шањрвандон.
Advertisements

ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 33. Њуќуќи муњољирон. Њолати њуќуќии муњољирон.
Мавз ӯ и 12. Њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти шахсї ва њаёти оилавї.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 5. Мафњум, маќсад ва шартњои мањдуд намудани њуќуќњои инсон дар ЉТ.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 10. Њуќуќи баробарї ва манъи табъиз.
Транксрипт:

ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 22. Низоми њуќуќ ва озодињои иљтимоии шањрвандон

Мањфумњои асосї Тибќи Сарќонун ( Конститутсия )- и ЉТ ( моддаи 1) давлати мо иљтимої мебошад, яъне ўњдадор аст шароити кафолатдињандаи имконияти арзанда барои њаёт ва инкишофи одамро дар мамлакати мо ташкил ва таъмин намояд. Аз ин бар меояд, ки маќсади давлати худро иљтимої эълонкарда, бадасторї ва дастгирии чунин сатњи зиндагии ањолї мебошад, ки ба пешбурди њаёти арзанда дар лањзаи беморї, бекормонї, пиронсолї ё дигар њолатњои ба иродаи одам вобастанабуда, имконият медињад

Мањфумњои асосї Дар шароити иќтисоди бозоргонї бо тамоми бартариятњои он нобаробарии иљтимої ногузир аст. Барои њамин кофтукови мусолињаи иљтимої дар шароити волоияти њуќуќ яке аз вазифањои асосии давлати муосири њуќуќбунёд мебошад. Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки њуќуќњои иљтимої дар њамбастагї бо њуќуќњои шахсї ( шањрвандї ) ќарор доранд, онњоро пурра ва дорои мазмуни амалї мегардонанд. Мисол, њуќуќ ба манзил нопурра ва моњиятан њамагї њамчун ѓоя мемонад, агар дар њуќуќњои шахсї њуќуќ ба дахлнопазирии манзил мустањкам намешуд, дар иќтисодї бошад – њуќуќ ба моликияти шахсї. Бояд ќайд намоем, ки гурўњи њуќуќњои баррасишаванда бо њуќуќњои сиёсї људонопазир мебошанд, зеро њамаи њуќуќ ва озодињо ба њам алоќаманд буда, дар якљоягї њолати њуќуќии инсон ва шањрвандро ташкил медињанд.

Моњияти њуќуќи мазкур Њуќуќњои иљтимої ин њуќуќњои људонопазири аз тарафи Сарќонун кафолатдодашудаи инсон ва шањрванди ЉТ дар соњањои иљтимої ва рўњї мебошад, ки ба шахсият имконияти инкишофи озодона, њаёти бошарафона ва њимояи манфиатњои худро фароњам меорад. Њуќуќ ва озодињои иљтимої барои њаёти инсон ањамияти муњим дорад. Ба њуќуќњои иљтимої тибќи шартномањои байналхалќї ва ќонунгузории миллї дохил кардан мумкин аст : њуќуќ ба таъминоти иљтимої, њуќуќ ба манзил, њуќуќ ба њифзи саломатї ва ёрии тиббї. Њуќуќ ва озодињои иљтимої бари њаёти инсон ањамияти муњим дорад. Онњо имкониятњои аз љињати њуќуќи кафолатдодашуда, « пазириши » њуќуќии иддаои фард ба љамъият мебошад. Воќеияти ин њуќуќњо бо мустањкамгардонии онњо дар сарќонуни давлатњо таъмин мегардад. Моњияти њуќуќњои асосии иљтимої дар он аст, ки иродаи шахсї ва имконияти бархурдорї аз манофеи муњимтарини иљтимої дар вобастагии мустаќим ќарор надорад.

Моњияти њуќуќи мазкур Табиати умумии њуќуќњои иљтимої чунин аст, ки онњо дар шакли њуќуќии таъмини мављудияти арзандаи њар як аъзои љамъият баромад мекунанд, агар истифода дигар имкониятњои њуќуќї ба натиљаи дилхоњ ( ва имконпазир барои њамин њолати љамъият )- ро надодааст. Њаёти арзанда танњо дар он њолат таъмин карда мешавад, агар ба њар кас имконияти баробар ва дахлдори ќонеъгардонии њамаи талаботњои аввалияи њаётї : ба мењнат, озуќа, манзил, њифзи саломатї, таълим ва маданият пешнињод карда шавад.

Мањфуми њуќуќи мазкур дар ќонунгузории ЉТ Иродаи сиёсии муайяни роњбарияти давлат зимни коркарди моддаи 1 Сарќонун ( Конститутсия )- и ЉТ, ки дар он самти тамоюли инкишофи давлат ба тарафи давлати иљтимої мустањкам гардидааст, ифода ёфтааст. Чунин давлат зимни муайянкунии вазифањои имтиёзноки худ, њаёти арзандаи шањрвандон ва некўњволии ашхосе, ки мустаќилона ба он ноил шуда наметавонанд, махсусан људо мекунад. Вобаста ба ин, муносибати давлат ба мафњуми давлати иљтимої мушаххас гардонида мешавад. Дар Тољикистон мењнат ва саломатии мардум њимоя мегардад, њадди аќали кафолатдодашудаи музди мењнат муќаррар мегардад, дастгирии давлатии оила, модарї, падарї ва фарзандї, маъюбон ва шањрвандони пиронсол таъмин мегардад, низоми хадамотњои иљтимої инкишоф дода мешаванд, нафаќањои давлатї, подошпулї ва дигар кафолатњои њифзи иљтимої муќаррар мегарданд. Албатта, чунин вазифањои бузург танњо дар шароити заминаи ќонунгузории ташаккулёфта ва механизми љобаљогузоштаи хадамотњои давлатї амалї шуда метавонад.