Маќомоти асосие, ки дар таъмини њуќуќ ва озодињои инсон наќши муассир дорад, маќомоти судї ба њисоб меравад. Зеро танњо маќомоти судї адолати судиро ба.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзўи. Њимояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии соњибкорон 1. Шакл ва тарзњои њифзи њуќуќњои соњибкорон 2. Шакли судии њимояи њуќуќњои соњибкорон 3. Шаклњои.
Advertisements

Мавзўи Њуќуќи иттилоот ва воситањои иттилоотикунонї дар пешбурди соњибкорї ва тиљорат 1.Моҳияти ҳуқуқи иттилоотонии соҳибкор. 2.Ҳуқуқи моликият ба захираҳои.
Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
1 КУРСИ ТАКМИЛИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ИТТИЛООТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Душанбе, феврали соли 2009.
Одоби касбии хизматчии давлатї Њ.НУРИДДИНОВ Номзади илмњои таърих, дотсент Маќсади дарс: шиносидани шунавандагон бо талаботњои ахлоќї ва бо мундариљаю.
ДОНИШКАДАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Њамкории маќомоти мањаллии њокимияти давлатї ва институтњои љомеаи шањрвандї Мураттиб:
ДОНИШКАДАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН АСОСЊОИ КОРГУЗОРЇ ВА ЊУЉЉАТНИГОРЇ Душанбе.
Дахлнопазирии шахсї аз љумлаи маъќулањо ( категорияњо )- и маъмултарини илми њуќуќшиносї ба шумор меравад. Тањлили мафњум ва мундариљаи он аз лињози илми.
Мавз ӯ и 17. Њуќуќ ба интихоботи озод ва иштирок дар идораи корњои давлатї.
Мављудияти меъёрњои зиёди њуќуќї оид ба њуќуќи инсон дар санадњои меъёрї-њуќуќии байналхалќї ва ќонунгузории миллї, ба таври дахлдор њимоя шудани њуќуќ.
Маќомоти асосие, ки дар таъмини њуќуќ ва озодињои инсон наќши муассир дорад, маќомоти судї ба њисоб меравад. Зеро танњо маќомоти судї адолати судиро ба.
Њуќуќ ба муттањидшавї, ки ба иштироки шањрвандон дар њаёти љамъиятї-сиёсї муносибати бевосита дорад, яке аз њуќуќњои муњими сиёсї ба њисоб меравад. Аз.
Мавз ӯ и 15. Озодии сухан ва изњори аќида. Режими сиёсии демократї бо он хусусиятнок мебошад, ки дар он гуногунаќидагї дар шаклњои мухталифи худ амал.
Мавз ӯ и 2. Сарчашмањои миллї ва байналхалќї оид ба њуќуќи инсон.
Мавз ӯ и 35. Њуќуќи зан. Њолати њуќуќии зан. Дар њамагуна љамъият ашхосе мављуданд, ки бинобар сабабњои гуногун имконияти њимоя намудани манфиатњои худро.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 5. Мафњум, маќсад ва шартњои мањдуд намудани њуќуќњои инсон дар ЉТ.
Мавз ӯ и 26. Њуќуќ ба тањсил. Тањсилот раванди маќсадноки таълим ва тарбияро фаро мегирад. Агар таълим раванди аз бар намудани дониш, касб ва малакаи.
Мавз ӯ и 28. Кафолатњои њуќуќи инсон ва шањрванд: мафњум ва таснифот.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 24. Њуќуќ ба манзил. Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Њуќуќи мазкур њамчун њуќуќи мустаќил дар ПБЊИИФ мустањкам нашудааст,
Наыш ва аьамияти фаъолияти оперативц- жустуж=ц дар ьалли вазифаьои мурофиаи жиноятц Донишгоьи давлатии ьуыуы, бизнес ва сиёсати Тожикистон Донишгоьи давлатии.
Транксрипт:

Маќомоти асосие, ки дар таъмини њуќуќ ва озодињои инсон наќши муассир дорад, маќомоти судї ба њисоб меравад. Зеро танњо маќомоти судї адолати судиро ба амал бароварда, њаќро ба њаќдор мерасонад. Тавассути маќомоти судї ва њимояи судї, яке аз њуќуќњои асосии инсон- њуќуќ ба њимояи судї амалї сохта мешавад. Њуќуќшиноси тољик Искандаров З.Њ. рољеъ ба муайян шудани њимояи судї чун њимояи афзалиятноки давлатї якчанд сабабњоро матрањ менамояд:

Аввал, ин ки вазифаи ягона ва конститутсионии суд ба амал баровардани адолати судї буда, ин фаъолият бањри њимоя намудани њуќуќ, озодї ва манфиатњои ќонунии инсону шањрванд, равона карда шудааст. Мањз ва танњо суд њуќуќу ўњдадорињои тарафњои мубоњисакунандаро дар натиљаи гузаронидани фаъолияти махсуси мурофиавї муайян намуда, нисбати ин кор метавонад адолатро ба миён оварад.

Дуюм, њокимияти судї аз нигоњи сохтор ва намуд чунон ташкил карда шудааст, ки хизматрасонии он тамоми ќаламрави љумњуриро фаро гирифта, њар кас метавонад, аз он истифода намояд ва њангоми аз ќарори суд норизо будан метавонад ба суди болої шикоят орад. Дар м. 84 Конститутсия низоми судии љумњурї муайян карда шудааст: «Адолати судиро Суди конститутсионї, Суди Олї, Суди Олии иќтисодї, Суди њарбї, Суди Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои вилоят, шањри Душанбе, шањр ва ноњия, Суди иќтисодии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, судњои иќтисодии вилоят ва шањри Душанбе амалї мекунанд».

Сеюм, суд дар асоси принсипњое ташкил ва фаъолият менамояд, ки афзалияти онњоро аз дигар маќомотњо таъмин менамояд. Судя њокимияти судиро мустаќил аз номи давлат дар асоси принсипи ошкорогї, мубоњисавї будани мурофиа ва баробарии тарафњо ба амал мебарорад (м.88 Конститутсия). Судяњо дар фаъолияти худ мустаќил буда, танњо ба Конститутсия ва ќонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онњо манъ аст (м.87).

Ањамияти њуќуќ ба мурофиаи судии одилонаро дарк намуда, љомеаи башарї онро дар сатњи олї кафолат додааст. Аз љумла Эъломияи умумии њуќуќи башар мазмуни њуќуќи мазкурро чунин муайян намудааст: «Њар як инсон дар сурати поймол намудани њуќуќњои асосии ў, ки бо Конститутсия ё ќонун пешбинї шудаанд, барои барќарорсозии пурраи онњо аз тарафи судњои босалоњияти миллї њаќ дорад» (м. 8). Яъне ба њар давлати аъзои СММ тавсия карда шудааст, ки барои барќарор намудани њуќуќњои поймолшудаи инсон дар ќаламрави худаш суди миллии босалоњиятро таъсис намояд. Дар м. 10-ми Эъломия омадааст, ки «Њар як инсон барои муайян намудани њуќуќу ўњдадорињояш ва муќаррар кардани асоснокии айбномаи љиноятие, ки ба дўши ў гузошта шудааст, ба таври баробарии комил њуќук дорад, ки парвандаи ўро суди мустаќилу бетараф, ошкоро ва бо риояи талаботи адолат баррасї намояд». Ин санади њуќуќии байналмиллалї аввал объекти њимояи судиро, чун ба њайси њуќуќњои асосии инсон, ки бо Конститутсия ё ќонун пешбинї шудаанд (м.8), дуввум, чун њуќуќу ўњдадорињо ва асоснокии айбномаи љиноятие, ки ба дўши ў гузошта шудааст, муќаррар намуд (10). Ин санади бонуфуз њуќуќи њимояи судиро ба њама, новобаста ба фарќиятњо, ба таври баробарии комил мансуб донист

Моддаи 14 Паймони байналмиллалї дар бораи њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї (1966) низ њуќуќи њимояи судиро мустањкам намудааст: «Њамаи шахсон дар назди судњо ва трибуналњо баробаранд, њар кас њангоми баррасии њар навъ айбдории љиноятие, ки ба ў эълон карда мешавад ё њангоми муайян кардани њуќуќ ва ўњдадорињои ў дар ягон мурофиаи шањрвандї, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоњият, мустаќил ва беѓаразе, ки дар асоси ќонун таъсис дода шудааст, њаќ дорад». Гузашта аз ин, иштирокчиёни Паймон ўњдадор шуданд, ки тадбирњое меандешанд, ки њаќќи њифзи њуќуќї барои њар шахси талабгори чунин њифозат тавассути њокимияти салоњиятдори судї, маъмурї ё ќонунбарор ё тавассути дигар маќоми салоњиятдоре, ки дар низоми њуќуќии давлат пешбинї шудааст, муќаррар карда шавад ва имконияти њимояи судиро инкишоф медињад.

Ин ќоидањои пешќадами санадњои њуќуќии байналхалќиро м. 19-и Конститутсияи ЉТ бо чунин мазмун мустањкам намудааст: «Њар кас кафолати њифзи судї дорад. Њар шахс њуќуќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд». Ин меъёри конститутсионї њуќуќ ба њимояи судиро дар ќатори њуќуќњои асосї муќаррар намуда, таъкид менамояд, ки ин њуќуќ ба њар кас, новобаста аз нажоду миллат, фарќиятњои иљтимої, молу мулкї, синну сол ва дигарон мутааллиќ буда, аз тарафи давлат кафолат дода мешавад. Кафолати њифзи судиро бо муќаррар намудани њуќуќи шахс доир ба талаб намудан аз тарафи суд баррасї намудани парвандаи ў муайян намудааст.

Њуќуќ ба њимояи судї, ки аз мазмуни м.14 ПБЊШС бар меояд, аз як ќатор унсурњо таркиб ёфтааст: Њуќуќ ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, бо риояи принсипњои мубоњисавї ва баробарии тарафайн; Њуќуќ ба баррасии парванда аз љониби суде, ки тибќи ќонун парванда ба он тобеияти судї дорад; Њуќуќи њузури шахсии шањрванд дар баррасии парвандаи вай дар суд; Њуќуќи иштироки шањрванд дар њамаи марњилањои судї; Њуќуќи овардани шикоят аз болои санади суди поёнї ба суди болої; Њуќуќ ба њимоя ва ёрии њуќуќї; Њуќуќ ба истифода аз забони модарї њангоми мурофиаи судї; Баррасии парванда дар мўњлати оќилона; Эњтимолияти бегуноњї; Иљроиши санади судии ба ќувваи ќонунї даромада ва ѓ.

1.Њуќуќ ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, бо риояи принсипњои мубоњисавї ва баробарии тарафайн. Искандаров З.Њ. масъалаи мазкурро њамаљониба тањлил намудааст. Аз назари вай инсоне, ки нисбати ў таъќиботи љиноятї шурўъ шудааст, то ба мавриди ба ќувваи ќонунї даромадани њукми суд бегуноњ њисоб мешавад, ў њаќ дорад, талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоњият, мустаќил ва беѓараз, ки тибќи ќонун таъсис ёфтааст, баррасї намояд. Мавсуф суди босалоњият гуфта, судеро дар назар дорад, ки вай аз рўи ќонун барои баррасї намудани парвандаи мушаххас њуќуќ дорад. Ќонун ќоидаи мансубияти судии парвандањо ва њайати ќонунии судро муаян намудааст, ки аз рўи онњо босалоњиятии суд аниќ карда мешавад.

Мансубияти судии парвандањо вобаста аз намуди онњо (шањрвандї, љиноятї, маъмурї ва ѓайра) аз рўи аломати матлабї, афродї, њудудї, алоќа бо кор ва ѓайра муайян карда мешавад. Масалан, агар парвандаи афроди њарбї бошад - суди њарбї, агар љиноятњои махсусан мураккаб бошад - Суди олї, агар љинояти муќаррарнамудаи ќ. 2. м. 104 КЉ ЉТ бошад – суди ВМКБ, вилоятї, ш. Душанбе ва аз тарафи њамон суде баррасї карда мешавад, ки дар њудудї ќаламрави он љиноят содир карда шудааст. Барои босалоњият њисоб шудани суд, баъд аз муайян намудани мансубияти судии парванда, талаботи њайати ќонунии он бояд риоя карда шавад.

Њайати ќонунии судро судяњое ташкил медињанд, ки тибќи тартиботи ќонун ба вазифаи судягї таъин ва ё интихоб шуданд, ё ќоидаи таѓйирнопазирии њайати судї, њайати судї дар муњокимаи такрорї ва машваратчии халќии иловагї риоя шуда бошад. Мисол, ќоидаи таѓйирнопазирии њайати судї талаб менамояд, ки як њайат парвандаро аз оѓоз то ба интињо худаш дида барояд. Вале дар амалия њолатњое ба вуќўъ мепайванданд, ки яке аз судяњо дар маљлиси судї иштирок карда наметавонад. Дар чунин маврид судяи нав даъват карда шуда, аз рўи муќаррароти ќоидаи таѓйирнопазирии њайати судї бояд маљлиси судї аз нав шурўъ карда шавад.

Ќисми таркибии њуќуќ ба њимояи судиро њуќуќ ба суди мустаќил ташил намудааст. Ин њуќуќ бо таѓйироту иловањои соли 2003 ба Конститутсия дохил карда шуд. Њар кас њаќ дорад, ки аз хизмати суди мустаќил истифода намояд. Агар оид ба мустаќилияти суд шубњае ба миён ояд, шахс њаќ дорад, ки аз чунин суд рўй тофта, талаб намояд, ки ба ў њайати суди нав пешнињод карда шавад. Чунки мустаќилияти суд шарти муњимтарини муњокимаи судии адолатнок мебошад. Агар суд мустаќил набошад, ў аз рўи адолат амал карда наметавонад ва њељ кас намехоњад кори худро ба вай бовар намояд. Бинобар ин, м. 87 Конститутсия муайян намудааст, ки «судњо дар фаъолияти худ мустаќил буда, танњо ба Конститутсия ва ќонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онњо манъ аст». Мустаќалияти маќомоти судї аз тарафи давлат кафолат дода шуда, дар Конститутсия ва ќонунњои мамлакат мустањкам карда мешаванд.

Мустаќилии судяњо дар ќабули ќарорњо, мустаќилона бе дахолати каси дигар дар ба амалбарории адолати судї ифодаи худро меёбад. Яъне судя њангоми баррасї намудани парванда ба дониши худ, эътиќод ва боварии ботинї ва ќонун такя намуда, ќарори дахлдор ќабул менамояд ва ягон маќомоти дигари давлатї, љамъиятї, шахси мансабдор њаќќи бекор намудани ќарори судро надоранд ва ё салоњияти аз сари нав баррасї намудани ин парвандаро надоранд. Чунин њуќуќи мутлаќ танњо ба суд мутааллиќ аст.

Амали принсипи мазкур бањри пешгирї намудани њар гуна кўшишњои дахолат намудан ба кори судяњо, машваратчиёни халќї равона карда шудааст. Њамагуна дахолат ба фаъолияти мўътадили судя, машваратчии халќї оид ба амал баровардани адолати судї чун кирдори маъмурї ва ё љиноятї бањо дода мешавад.

Суд бояд беѓараз бошад - ин талаботи њуќуќи инсон ва ѓояи адолат мебошад. Танњо дар шароити беѓаразї суд босалоњият аст, ки парвандаро баррасї намуда, адолатро мутантан намояд. Агар судя ва машваратчии халќї нисбат ба тарафњо ва ё ба оќибати кор ѓараз дошта бошанд, њаќиќатро барќарор намудани ў амрест муњол. Он љое, ки њаќиќат нест, адолат низ нест.

Шахс њуќуќ ба њимояи суди ќонуниро дорад. Яъне шахс њаќ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суде баррасї намояд, ки тибќи тартиботи муќаррарнамудаи ќонун таъсис ёфтааст. Тартиби таъсис ва ташкили судро ќонун аниќ муайян кардааст. Тибќи Конститутсияи ЉТ ва Ќонуни конститутсионии ЉТ «Дар бораи судњо» судњои шањру ноњияњо дар асоси ќарори Маљлиси намояндагон таъсис дода мешаванд. Талаботњое, ки нисбати довталабони ишѓоли вазифаи судягї муайян шудаанд, пешбарии номзадро ба вазифаи судягї, мўњлати ваколати судягиро ќонун муаян намудааст. Низоми судии ЉТ ба њама баробар хидмат менамояд. Нисбати њељ кас ва ё њељ як парвандаи мушаххас суди алоњида ташкил карда намешавад. Манъ будани ташкили суди фавќуллодаро Конститутсия таъкид намудааст (м.84). Риоя шудани чунин талаботњо мазмуни суди ќонуниро дорад.

Кафолати њуќуќ ба њимояи судї маънои онро дорад, ки шахсони мурољиаткунанда тавонанд њуќуќњои вайроншудаи худро тавассути суди мустаќилу босалоњият, беѓаразу ќонунї сариваќт барќарор намоянд. Суде, ки ариза ва ё шикояти шахси мўњтољро ба истењсолоташ ќабул намудааст, ўњдадор аст, ки тибќи ќонунњои мурофиавї, дар мўњлати муайяншуда онро барои баррасї ба маљлиси судї таъин намояд ва дар натиља ќароре ќабул намояд, ки њуќуќ ва манфиатњои вайроншударо барќарор менамоянд.

Принсипи мазкур яке аз принсипњои асосии мурофиаи судї ба њисоб рафта, дар ќ.2 м. 14 Паймони байналхалќї доир ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї бо мазмуни зайл мустањкам гардидааст: «Њар шахси ба содир намудани љиноят айбдоршаванда њаќ дорад, то ваќте, ки гунањкории ў мувофиќи ќонун исбот нашавад, бегуноњ дониста шавад.» Принсипи мазкур вазифаи исботкуниро ба зиммаи маќомоти давлатї вогузор намуда, имкон намедињад, ки шахси гумонбар ва ё айбдоршаванда муќобили худ нишондод дињанд.Дар ин замина кулли маќомоти давлатї ва ашхоси мансабдор набояд то эълони њукм ва эътибори ќонунї касб намудани он шахсро дар содир намудани љиноят гунањкор эълон намоянд.