Мавз ӯ и 17. Њуќуќ ба интихоботи озод ва иштирок дар идораи корњои давлатї.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
ОБЊОИ ЊАЁТ Маќсади дарс Маълумоти умумї додан оиди витаминњо, шиноскунии хонандагон бо таснифи витаминњо, намояндањои витаминњо ва ањамияти онњо. Дар асоси.
Advertisements

Готовимся к ЕГЭ. Содержание 1. ФонетикаФонетика 2. ОрфоэпияОрфоэпия 3. Морфемика и словообразованиеМорфемика и словообразование 4. ЛексикаЛексика 5. Морфология.
gr1-gif
Кафедраи «Физика, экологияи саноатї ва фанњои муњандисї» МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ СОҲАВЇ ВА ИДОРАИ ИННОВАТСИЯҲО ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ТОЉИКЇ-РОССИЯГИИ.
Мавзу: Иқтисодиётни модернизация қилиш шароитида Ўзбeкистoннинг тaбиий рeсурслaр салоҳияти вa улaрдaн оқилона фoйдaлaниш Режа: 1. Ўзбeкистoннинг тaбиий.
Мавз ӯ и 17. Њуќуќ ба интихоботи озод ва иштирок дар идораи корњои давлатї.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 34. Њуќуќи гурезагон. Њолати њуќуќии гурезагон.
Мавз ӯ и 12. Њуќуќ ба дахлнопазирии њаёти шахсї ва њаёти оилавї.
Мавз ӯ и 26. Њуќуќ ба тањсил. Тањсилот раванди маќсадноки таълим ва тарбияро фаро мегирад. Агар таълим раванди аз бар намудани дониш, касб ва малакаи.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 10. Њуќуќи баробарї ва манъи табъиз.
ДЕВОН-И ФЕРУЗШО Ҳ ИЙДАН ЎРИН ОЛГАН Ғ АЗАЛЛАР:МАТН ВА УНИНГ ШАР Ҳ И (Шар қ қ улёзмалари маркази фондидаги тошбосманусха асосида) Таълим йўналиши:
ОБЊОИ ЊАЁТ Маќсади дарс Маълумоти умумї додан оиди витаминњо, шиноскунии хонандагон бо таснифи витаминњо, намояндањои витаминњо ва ањамияти онњо. Дар асоси.
Дипломатик этикет. Дипломатик этикетда кийиниш маданияти ва қоидалари. Дипломатик протокол. Дипломатик қабул. Дипломатик мартаба.
Транксрипт:

Мавз ӯ и 17. Њуќуќ ба интихоботи озод ва иштирок дар идораи корњои давлатї

Њуќуќњои интихоботї ба зумраи њуќуќњои асосии конститутсионии шањрвандон шомил мебошанд. Тавассути истифодаи ин гурўњи њуќуќњо одамон метавонанд, ки ба њайат ва фаъолияти маќомоти њокимияти иљроия ва маќомоти намояндагї таъсир расонанд. Иштироки бевоситаи шањрвандон дар раванди фаъолияти маќомоти њокимияти давлатї ва ё ширкати онњо тавассути намояндагонашон, ифодакунандаи соњибиихтиёрї ва яке аз шаклњои амалисозии демократия мебошад. Дар ин замина нишон додани м. 6 Конститутсияи ЉТ-ро мувофиќи маќсад мењисобем, ки тибќї он «Дар Тољикистон халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалї мегардонад.» Зимнан ќайд бояд намуд, ки њуќуќи мазкур танњо ба шањрвандони ЉТ мутаалиќ аст.

Азбаски њуќуќњои интихоботї дар низоми њуќуќ ва озодињои сиёсї љои намоёнро ишѓол мекунанд, ба раванди амалишавии онњо дар љомеаи мутамаддин диќќати зиёде изњор менамоянд. Њуќуќи интихоб шудан ва интихоб намудан дар б. (б) м. 25 ПБЊШС муќаррар шудааст, ки мувофиќи он «Њар як шањрванд њуќуќ дорад дар интихоботи озоди даврї, ки дар асоси њуќуќи интихоботии умумї, баробар ва бо овоздињии пўшида ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешавад, иштирок намояд ва интихоб шавад.» Ин њуќуќ њамчунин дар б.3 м 21 ЭУЊБ кафолат дода шудааст.

Моддаи 27 Конститутсияи ЉТ њуќуќњои интихоботии шањрвандони ЉТ –ро чунин муайян намудааст: «Шањрванд њаќ дорад дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шањрванд аз сини 18 њуќуќи дар раъйпурсї иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз сини муќаррарнамудаи Конститутсия, ќонунњои конститутсионї ва ќонунњо њуќуќи интихоб шуданро дорад»

Њуќуќи интихоботї њамчун яке аз падидањои муњими демократия ва шакли асосии иштироки халќ дар равандњои сиёсї, аз ду унсур таркиб ёфтааст : 1)Њуќуќи интихоботии фаъол, ки њуќуќи шањрвандро ба муайян намудани номзанди арзанда ба ин ё он маќом ифода менамояд (яъне њуќуќи интихоб кардан); 2) Њуќуќи интихоботии ѓарйрифаъол, ки пешбарии номзадии худро ба ин ё он вазифа ва њангоми интихоб шудан бошад, ишѓол намудани ин вазифаро дар назар дорад (яъне њуќуќи интихоб шудан).

Њуќуќњои интихоботии шањрвандон дар асоси як ќатор принсипњои умумиэътирофшуда баамал бароварда мешаванд, ба монанди овоздињї ва интихоботи умумї, баробар, бевосита ва пинњонї. Умумї будани интихобот ва овоздињї маънои онро дорад, ки њуќуќи ширкат дар онро њамаи шањрвандон новобаста аз аломатњои нажодї, динї, миллї, забонї, љинсї ва аќидањои сиёсї доранд.

Баробарї маънои онро дорад, ки овози њар як шањрванд имконияти таъсири баробар расонидан ба натиљаи интихобот ва овоздињиро дорад. Бевосита будани интихобот ва овоздињї бошад, чунин маъно дорад, ки миёни иродаи интихобкунанда ва интихоби номзад ягон санади дигари изњори ирода вуљуд надорад. Интихоботи озод бояд пинњонї сурат гирад. Зеро шањрванд набояд баъди анљом додани маъракаи интихобот ва додани овоз ё раъй аз касе хавф дошта бошад. Аз ин рў давлат бояд дар раванди маъракаи интихобот, махсусан дар лањзаи овоздињї махфиятро таъмин намояд.

Мафњум ва моњияти њуќуќи иштирок дар идораи корњои давлатї. Њуќуќи иштирок дар идоракунии корњои давлатї принсипи бунёдии муносибатњои байнињамдигарии давлат ва шањрвандони он ва яке аз муњимтарин њуќуќњои сиёсї аст. Њуќуќи мазкур шакли њуќуќии ифодаи соњибихтиёрии халќ мебошад. Ин њолат аз принсипњои умумиэътирофгардида ва меъёрњои њуќуќи байналхалќї бар меояд. Аз љумла дар м. 25 ПБЊШС омадааст, ки «Њар як шањрванд бояд бидуни ягон навъ табъиз ва мањдудиятњои беасос њуќуќ ва имконияти иштирок дар пешбурди корњои давлатї, чи бевосита ва чи ба воситаи намояндагони ба таври озод интихобшуда ширкат намояд...»

Дар ЉТ халќ баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї эълон гардида, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалї мегардонад. Дар ќ.1 м.27 Конститутсияи ЉТ иловатан ќайд мегардад, ки «Шањрванд њаќ дорад, ки дар њаёти сиёсї ва идораи давлатї бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд».

Дар ин замина муайян намудани моњияти соњибихтиёрї ќобили ќабул аст. Соњибихтиёрї чунин маъно дорад, ки: - субъекти њокимияти оммавї, чи давлатї ва чи ѓайридавлатї халќ - њамчун љамъи ањолии мамлакат ба њисоб меравад; - объекти њокимияти оммавї њамаи муносибатњои љамъиятие эътироф мегарданд, ки манфиатњои љамъиятиро намояндагї мекунанд; - ба соњибихтиёрии њокимияти халќ волоият хос аст ва он замоне таъмин карда мешавад, ки халќ чун як љузъи том, сарчашма ва барандаи ягонаи њокимияти оммавї баромад намояд.

Њуќуќи мазкур тавассути як ќатор њуќуќњои дигари конститутсионї дар шаклњои мушаххас амалї мешавад: - њуќуќи интихоб намудан ва интихоб шудан дар маќомоти давлатї; - њуќуќи иштирок дар раъйпурсї; - њуќуќи баробар ба хидмати давлатї;

Моддаи 25 ПБЊШС дар баробари муќаррар намудани њуќуќи иштирок дар идораи давлатї, ба њар як шањрванд имконият додааст, ки дар кишвари худ аз имконияти умумии баробар ба хизмати давлатї истифода намояд. Ин муќаррарот ифодаи худро дар ќонунгузории ЉТ дарёфтааст. Дар моддаи 27 аз љумла омадааст, ки «Шањрвандон ба хидмати давлатї њуќуќи баробар доранд». Њуќуќи дастрасї ба хидмати давлатї маънои баробарии имкониятњои ибтидої ва набудани табъизро аз рўи ягон аломати иљтимої дорад. Вале аз ин њуќуќ афроде истифода карда метавонанд, ки аз сатњи омодагии дахлдори касбї бањраваранд. Мављудияти низоми озмунњо, санљишњои тестї ва дархости диплому шањодатномаи дахлдор ќабл аз дохил шудан ба кор, маънои љорї намудани мањдудиятњоро дар мавриди истифодаи ин њуќуќ надоранд.

Њолати њуќуќии хидмати давлатї дар ЉТ дар асоси Ќонуни ЉТ «Дар бораи хидмати давлатї» аз 5 марти с муайян карда мешавад. Дар ќонун аз љумла омадааст, ки хизмати давлатї - ин фаъолияти касбии хизматчиёни давлатї мебоашд, ки барои таъмини иљрои ваколатњои шахсони мансабдори давлатии њокимияти давлатї ва амалї намудани салоњияти маќомоти давлатї муќаррар карда шудааст. Хизматчии давлатї боашд, шањрванди Љумњурии Тољикистон аст, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбї бо маќсади таъмини иљрои ваколатњои шахсони мансабдори давлатии њокимияти давлатї ва амалї намудани салоњияти маќомоти давлатї ишѓол намудааст.

Доир ба њуќуќ ба хизмати давлатї ќонун муќаррар намудааст, ки шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ќатъи назар аз миллат, нажод, љинс, забон, эътиќоди динї, мавќеи сиёсї, вазъи иљтимої ва молумулкї ба хизмати давлатї њуќуќи баробар доранд. Тибќи ќонуни фавќуззикр низоми хизмати давлатии Љумњурии Тољикистонро хизмати давлатии шањрвандї, хизмати давлатии маќомоти њифзи њуќуќ ва хизмати давлатии њарбї ташкил менамоянд.