Мавз ӯ и 6. Мафњуми њуќуќњои шахсї. Њуќуќ ба њаёт.

Презентация:



Advertisements
Похожие презентации
Мавзу: Мустаҳкамлаш. Дарснинг мақсади: Ўқувчиларни ҳисоблаш ва масалаларни ечиш қобилиятларини ўстириш, мантиқий фикрлашга ўргатиш.
Advertisements

Мавзўи Њуќуќи иттилоот ва воситањои иттилоотикунонї дар пешбурди соњибкорї ва тиљорат 1.Моҳияти ҳуқуқи иттилоотонии соҳибкор. 2.Ҳуқуқи моликият ба захираҳои.
Мавзўъ «Коррупсия – мафњум, моњият, омилњо, оќибат ва заминањои аксуламал» Номзади илмњои њуќуќшиносї Ѓафорова Н.А.
Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатї Муаррифот оид ба мавзўи «Амалисозии сиёсати.
Мавзу: Иқтисодиётни модернизация қилиш шароитида Ўзбeкистoннинг тaбиий рeсурслaр салоҳияти вa улaрдaн оқилона фoйдaлaниш Режа: 1. Ўзбeкистoннинг тaбиий.
III-МАВЗУ: ЎЗБЕКИСТОНДА ИНСОН ВА ФУҚАРОЛАРНИНГ АСОСИЙ ҲУҚУҚ ВА ЭРКИНЛИКЛАРИ Режa: 1 Инсoн ҳуқуқлaрининг xaлқaрo-ҳуқуқий aсoслaри 2 Ўзбекистoн Республикaси.
VIII-МАВЗУ: УЗБЕКИСТОН РЕСПУБЛИКАСИДА СУД ҲОКИМИЯТИНИНГ КОНСТИТУЦИЯВИЙ АСОСЛАРИ Режa: 1 Ўзбекистoн Республикaсидa суд тизимининг кoнституциявий aсoслaри.
Qiziqarli geometriya МАВЗУ : БИР НУКТАДА КЕСИШУВЧИ КУЧЛАР СИСТЕМАСИ.
I-МАВЗУ: Ўзбекистoн Республикaси Кoнституциясини ўргaниш ўқув курсининг мaқсaд вa вaзифaлaри Режa: 1.Ўзбекистoн Республикaси Кoнституциясини ўргaниш курсининг.
Мавз ӯ и 21. Њуќуќ ба мењнат. Њуќуќ ба истироњат.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 31. Њимояи њуќуќи ашхоси мутааллиќ ба аќаллият.
Мавз ӯ и 6. Мафњуми њуќуќњои шахсї. Њуќуќ ба њаёт.
Мавз ӯ и 17. Њуќуќ ба интихоботи озод ва иштирок дар идораи корњои давлатї.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 34. Њуќуќи гурезагон. Њолати њуќуќии гурезагон.
Мавзу: Куп машинали ва куп процессорли компьютер тизимлари.Флинн классификацияси. Суперкомпьютерлар ва улар архитектурасининг хусусиятлари. Режа: 1. Куп.
Мавз ӯ и 4. Таснифоти њуќуќ ва озодињои инсон ва шањрванд.
ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 5. Мафњум, маќсад ва шартњои мањдуд намудани њуќуќњои инсон дар ЉТ.
Мавз ӯ и 26. Њуќуќ ба тањсил. Тањсилот раванди маќсадноки таълим ва тарбияро фаро мегирад. Агар таълим раванди аз бар намудани дониш, касб ва малакаи.
МАВЗУ: Полиплоидия ва мутагенез. РЕЖА: 1.Полиплоидия типлари ва улар классификацияси 2.Полиплоидия дарахтлар селекцияси 3.Полиплоидия олиш усуллари 4.Гаплоидлар.
. УМИДЛИ КИМЁГАР – 2016 Мавзу: РАНГЛИ МЕТАЛЛАРНИ ХАЙДАШ ЖАРАЁНИДА ХЛОРЛОВЧИ ҚЎШИМЧАНИНГ АХАМИЯТИ ВА МИҚДОРИ. Научные руководители: И.Т.Бадельбаева, М.Бекмуратова.
Транксрипт:

Мавз ӯ и 6. Мафњуми њуќуќњои шахсї. Њуќуќ ба њаёт

Дар илми њуќуќи инсон доир ба мафњуми њуќуќњои шахсї таърифњои зиёде пешкаш гардидаанд. Баъзе олимон њуќуќњои шахсї гуфта, он имкониятњоеро дар назар доранд, ки барои таъмини озодї ва мухторияти фард њамчун узви љомеаи шањрвандї, амнияти вай аз њар гуна дахолати ѓайриќонунии бегона нигаронида шудаанд.Ба андешаи зумраи дигари онњо њуќуќњои шахсї ва ё шањрвандї гуфта, маљмўи њуќуќ ва озодињои асосии табиї ва људонопазиреро дар назар доранд, ки ба инсон аз лањзаи таваллуд таалуќ дошта, ба мансубияти сиёсї-њуќуќии вай ба ин ва ё он давлат вобаста нестанд. Права человека. под ред.

Дар њар сурат ин њуќуќњо муносибатњои љамъиятиеро меноманд, ки ба мазмуни онњо давлат дахолат намекунад. Таъиноти асосии њуќуќ ва озодињои шахсї нахуст дар он зоњир мегардад, ки онњо њаёти инсониро кафолат дода, манзалати ўро аз њар гуна зўроварї ва муносибати ѓайриинсонї эмин нигоњ медоранд. Сониян, онњо инсонро фардї кунонида, ба вай дахлнопазирии шахсї, њаёти хусусї ва оилавиро кафолат медињанд. Солисан, тавассути њуќуќњои шахсї озодии шахсї, махсусан интихоби бемонеаи тарзњои гуногуни ќоидаи рафтор (тарзи зиндагї) кафолат дода мешаванд.

Њуќуќњои шахсї ду нишонаи муњиме доранд, ки мањз онњо моњияти ин гурўњи њуќуќњоро ташкил медињанд: 1. Онњо ба падидаи шањрвандї алоќа надошта, бе истисно ба њама талуќ доранд 2. Онњо ба њама аз лањзаи таваллуд мутааллиќ мегарданд.

Њуќуќ ба њаёт яке аз асоситарин њуќуќњои инсон ба шумор рафта, бидуни он мазмун ва моњияти њуќуќњои дигари инсон аз миён мераванд. Њуќуќ ба њаёт њуќуќи насли якум буда, ба шумори њуќуќњои шахсї дохил мешавад ва арзиши мутлаќро мемонад. Њуќуќи мазкур аслан дар ду љабња баррасї мегардад: Њуќуќ ба озодии њаёти шахс аз њама гуна тањдидњои давлат, намояндагони вай ва ашхоси дигар; Њуќуќи шахс ба ихтиёрдории озодонаи њаёти худ. Њамин тавр, њуќуќ ба њаёт ин имконияти табиї ва људонопазир буда, аз љониби санадњои њуќуќии байналхалќї ва ќонунгузории дохилї кафолат дода шуда, дахлнопазир будани њаёт ва ихтиёрдории озодонаи онро ифода менамояд. Љомеаи љањонї њуќуќ ба њаётро ба њайси њуќуќи табиї пазирої намуда, мањакњои асосии онро муайян кардааст ва њар як давлате, ки ба љо овардани эњтироми њуќуќ ва озодињои инсонро эълон менамояд, дар ин љода бояд мавќеи худро муайян созад.

Дар ЭУЊБ масъалаи матрањшуда дар м. 3-и он чунин њал шудааст, яъне «Њар як инсон ба њаёт, озодї ва дахлнопазирии шахсї њаќ дорад.» Моддаи 6 ПБЊШС низ муайян менамояд, ки «Њуќуќ ба њаёт њаќќи људонопазири њар як инсон мебошад. Ин њуќуќ тавассути ќонун њифз карда мешавад. Њељ кас наметавонад худсарона аз њаёт мањрум карда шавад.» Њар љомеаи мутамаддин ва давлати муосир ба сифати яке аз њуќуќњои асосии инсон, њуќуќ ба њаётро эътироф менамояд. Дар ин бахш ЉТ низ пешсаф буда, дар сатњи конститутсионї ин имкониятро кафолат додааст.Дар ќ. 2 моддаи 5 Конститутсия аз љумла омадааст, ки «њаёт, ќадр, номус ва дигар њуќуќњои фитрии инсон дахлнопазиранд».Тањкими минбаъдаи худро ин њуќуќ дар ќ.1 моддаи 18 дарёфт намудааст, ки мувофиќи он «Њар кас њаќќи зиндагї дорад».

Кафолати њуќуќ ба њаёт танњо дар доираи Конститутсия мањдуд намегардад. Ќонунњои дигари соњавї низ дар њимояи ин њаќќи азалии инсон сањм доранд. Њамаи гуфтањои болоро љамъбаст намуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки њуќуќ ба њаёт– ин маљмўи меъёрњои њуќуќии миллї ва байналхалќиест, ки табиї ва умумї будани њуќуќ ба њаётро эътироф намуда, дахлнопазирї ва људонопазирии онро аз лањзаи таваллуд то фарорасии марги табиї њимоя менамоянд. Мазмуни њуќуќ ба њаётро якчанд унсури ба њам пайванд ташкил медињанд: 1. Масъалаи эътирофи оѓози њаёт; 2. Эвтаназия 3. Истифодаи ќувваи мутаносиб, ки иќтидоран ба марг оварда мерасонад 4. Њукми ќатл.

Яке аз масъалањои бањснок ва мураккабе, ки дар бахши њуќуќ ба њаёт мављуд аст, ин масъалаи муайян намудани оѓози њаёт мебошад. Фањмиши ягонаи ин масъала хеле муњим буда, махсусан барои татбиќи дурусти меъёрњои њуќуќї оид ба љавобгарї барои љиноятњо муќобили њаёт мусоидат менамоянд. Муфассал ниг. Бабаджанов И.Х. «Гнесеология правовой танатологии (теоретико-правовые аспекты учения о смерти)» Д. 2009г.

Тибќи Конститутсияи ЉТ њар кас њаќќи зиндагї дорад ва он аз лањзаи таваллуд ба миён омада, то фаро расидани марг идома меёбад. Вале њаљм ва мазмуни ин њуќуќ дар доирањои илмї бањсњои доманадорро ба миён овардааст. Баъзе аз олимон бар он назаранд, ки оѓози њаёт ба шаклгирии љанин дар батни модар рост меояд. Ќисми дигар лањзаи таваллуд ва ќисмати дигар бошанд, худи раванди таваллудро оѓози њаёти инсон мепиндоранд.

Илми муосири тиб ба хулосае омадааст, ки инсон њамчун фардияти биологї њанўз дар батни модар шакл мегирад. Аммо санадњои байналхалќї-њуќуќї ва минтаќавї бошанд ба ин масъала чандон равшанї наандохтаанд. Истисно аз ин андеша Конвенсияи Амрикої оид ба њуќуќи инсон аст, ки њуќуќи ба љо овардани эњтиром нисбат ба њаёти инсонро аз лањзаи њомиладорї эълон менамояд.

Дар эъломияи Женева, ки моњи сентябри с дар Маљмааи Умумии Ассотсиатсияи умумиљањонии тандурустї ќабул гардида, то имрўз амал менамояд ва ќасами байналмиллалии кормандони тиббї мебошад, аз љумла омадааст, ки «… ман нисбати њаёти инсонї шурўъ аз лањзаи њомиладорї эњтироми мутлаќо ба љо оварда, њатто зери тањдид донишњои тиббии худро бар зиёни меъёрњои инсондўстї истифода нахоњам бурд». Мувофиќан, чунин пиндоштан мумкин аст, ки њаёти инсонї аз лањзаи бордоршавї (њомиладорї) оѓоз мегардад.

Тибќи м. 1 Конвенсияи СММ оид ба њуќуќи кўдак «њама гуна мављудоти инсонии то синни 18-сола кўдак њисобида мешавад, агар тибќи ќонуне, ки нисбати ин кўдак истифода мегардад, он пештар ба синни балоѓат нарасида бошад. Лањзаи ибтидоие, ки мављудоти инсонї кўдак њисобида шавад, муќаррар нагаштааст.

Дар дебочаи Конвенсия оид ба њуќуќи кўдак гуфта мешавад, ки «кўдак, бинобар ба камолоти љисмонї ва фикрї нарасиданаш, ба муњофизату ѓамхории махсус, аз љумла њифзи зарурии њуќуќї, чи то таваллуд ва чи баъди таваллуд, эњтиёљ дорад». Яъне дар дебоча муќаррар гаштааст, ки ба њайси кўдак на танњо мављудоти тавлидёфта, балки дар батни модар ќарордошта низ шинохта мешавад. Яъне махлуќи бордоршуда ва инсони тавлидёфта њамон як инсонанд, ки дар инкишофи худ ду марњиларо паси сар кардаанд.

Эъломияи њуќуќи кўдак, ки аз љониби СММ 20 ноябри с.1959 ќабул гардидааст, дар баробари муќаррар намудани таъминоти иљтимоии кўдакон, таъминоти дахлдори тифлро, чи то замони валодат ва чи баъди он, кафолат медињад. Бо ин восита эъломия њаёти кўдакро то таваллуди вай эътироф менамояд.

Њамаи ин гуфтањоро ба инобат гирифта, ба хулосае омадан мумкин аст, ки оѓози њаёти инсон на ба лањзаи таваллуд, балки ба марњилаи муайяни инкишоф дар батни модар рост меояд. Вале муносибати тамаддунњои мухталиф ба ин масъала то њол гуногун аст. Таълимоти исломї оѓози њаётро ба 120-рўза шудани љанин дар батни модар мувофиќ медонанд. Зеро њадисе аз Пайѓамбари Ислом боќї мондааст, ки тибќи он њангоми чормоња шудани тифл дар батни модараш чор малоика назди ў омада, таќдирашро китобат менамоянд. Ваќте таќдири шахс китобат мешавад, чун фард шинохтани ў лозим мегардад. Пас, аз нигоњи Ислом оѓози њаёт мањз ба њамин марњилаи инкишофи љанин рост меояд.

Агар ба амалияи њуќуќтатбиќкунии Тољикистон назар андўзем, пас хулоса карда метавонем, ки оѓози њаёт баъди таваллуди тифл ва нафаскашии озоди вай эътироф гаштааст. Агар чунин набошад, пас амали онњоеро, ки тифли худро ѓайриќонунї исќот менамоянд, бояд чун одамкушї бандубаст намуд. Азбаски ин тамоюл дар амалия нест ва њаёти инсон танњо аз лањзаи таваллуд то фарорасии марги биологї њимоя мегардад, мављудияти њаёт дар батни модар эътироф намешавад.

Истилоњи «эвтаназия» (аз юнонї euthanasia, eu – хуб, thanatos – марг) аввалин маротиба дар а. XVII аз љониби Ф. Бэкон истифода шудааст: «Ќарзи духтур на танњо эњёи саломатї, балки сабук намудани азобу уќубати бемор аст …ин дар њолест, ки чунин сабукнамої метавонад саломатиро барќарор насозад, аммо дар њоле, ки њељ умеде ба шафоат боќї намемонад, он метавонад маргро осон ва ором намояд, чунки ин эвтаназия … аллакай худ хушбахтии азим аст.». Аз њамон лањза шурўъ гардида, истилоњи «эвтаназия» нахуст ба маънои «марги осон» ва сипас дар а. XIX ба маънои «ба њалокат расонидани касе аз њисси таррањум» мавриди истифода ќарор гирифт.

Масъалаи мазкур дар љањони муосир бањсњои зиёдеро ба миён овардааст. Одамон то њол ба як андешаи ќатъие наомадаанд, ки эвтаназияро чун санади тарањњум ва ё чун љиноят муќобили њаёт муаррифї намоянд. Зеро тибби муосир имкон дорад, ки бо истифода аз дастгоњњои махсус њаёти бемори дар њолати бенињоят вазнин ќарордоштаро муддати зиёде нигоњ дорад. Ин гуна беморон мисли дигар афроди љомеа соњиби њуќуќ ва озодињоянд ва давлат таъмини онњоро ба зимаи худ мегирад. Вале кадоме аз инњо амали инсондўстонатар аст – нигањдории њаёти инсони дар чунин њолати вазнин ќарордошта ва ё кўмак намудан ба вай љињати тарки осудаи ин њаёт? Аз лињози њуќуќї тасаввур намудан душвор аст, ки чи гуна шахс соњиби њуќуќ ба њаёт буда, њуќуќ ба марг надорад, чи гуна имконияти ихтиёрдории моликияташро дошта, наметавонад њаёти худро ихтиёрдорї намояд.

Эвтаназия њамчун як падидаи бањснок ва мураккаб хусусиятњои зерин дорад: Эвтаназия амали муайянест, ки чи дар шакли фаъ- ол ва чи дар шакли ѓайрифаъол зуњур намуда метавонад. Анљомдињандаи чунин амал њамчун ќоида – кормандони тиббї ба њисоб мераванд, яъне субъекти он махсус мебошад; Фаъолияти корманди тиббї зимни анљом додани амали эвтаназия бошуурона мебошад. Яъне духтур бояд њаракатњои худро дарк ва идора намуда тавонад ва оќибатњои онро пешбинї карда хоњони фаро расидани онњо бошад; Дар натиљаи татбиќи эвтаназия марги бемор ба миён меояд; Эвтаназия бо хоњиши худи бемор сурат мегирад.

Дар баробари ин эвтаназия њамчун як навъи фаъолият бояд бо риояи шартњои зерин анљом дода шавад: Мављудияти бемории табобатнопазир, ки дар натиљаи он ба бемор азобу уќубати зиёди љисмонї, рўњї ва маънавї мерасад; Самти фаъолияти духтур бояд даќиќ муайян бошад, яъне маќсади асосии корманди тиббиро бояд танњо ќатъи азобу уќубати бемор ташкил намояд, на маќсадњои дигар; Чунин фаъолият бояд бо хоњишу иродаи худи бемор ва дар сурати имконнопазир будани он бо њоњиши намояндагони ќонунии вай сурат гирад; Бемор ва намояндагони ќонунии вай оид ба баргаштнопазир будани натиљањои эвтаназия бояд пурра, њамаљониба ва сариваќт огоњонида шаванд.

Њамаи хусусият ва шартњои дар боло баррасигаштаро тањлил намуда, мафњуми эвтаназияро чунин пешкаш намудан мумкин аст, ки тибќи он Эвтаназия – ин фаъолияти бошууронаи корманди тиббї аст, ки барои ќатъ намудани азобу уќубати љисмонї, рўњї ва маънавии бемор нигаронида шуда, ба марги бемор оварда мерасонад, дар сурате, ки чунин амал бо хоњиши худи бемор ва намояндагони ќонунии онњо сурат гирифтаву онњо рољеъ ба оќибатњои бебозгашти он њаматарафа огоњонида шуда бошанд.

Тибќи ќонунгузории ЉТ амалисозии эвтаназия дар ќаламрави он ќатъиян манъ аст. Истифодаи ќувваи мутаносиб, ки иќтидоран ба марг оварда мерасонад. Марги инсон метавонад, ки табиї сурат гирад ва ё бо таъсири омилњои беруна ба љисми инсон, ѓайритабиї ба вуќўъ ояд. Марги ѓайритабиї метавонад, ки ё натиљаи амали ќонунї ва ё натиљаи амали ѓайриќонунї бошад.

Ќонунгузории кишвари мо як ќатор њолатњоеро пешбинї намудааст, ки њангоми ба вуљуд омадани он њуќуќи ќонунан ба марг расонидан пайдо мешавад. Ба зумраи чунин њолатњо мудофиаи зарурї ва зарурияти нињоиро дохил намудан мумкин аст.

Тибќи моддаи 40 Кодекси љиноятии ЉТ њаракате, ки дар њолати мудофиаи зарурї, яъне њангоми њимояи шахсият ва њуќуќњои мудофиакунанда ё шахси дигар, манфиатњои бо ќонун њифзшавандаи љомеа ё давлат аз таљовузи барои љамъият хавфнок бо роњи расонидани зарар ба таљовузкунанда содир шудааст, агар ин таљовуз бо зўровари барои њаёти мудофиакунанда ё шахси дигар хавфнок бошад, ё ин ки бо тањдиди бевоситаи истифодаи чунин зўроварї алоќаманд бошад, љиноят њисобида намешавад.

Дар моддаи 42 њамин кодекс бошад, омадааст, ки дар њолати зарурати нињої, яъне барои рафъи хавфи бевосита ба њаёт, саломатї ва њуќуќу манфиатњои ќонунии ин шахс ё ашхоси дигар, манфиатњои љомеа ё давлат тањдидкунанда расонидани зарар ба манфиатњое, ки њамин Кодекс муњофизат мекунад, агар рафъи ин хавф бо воситањои дигар номумкин бошад љиноят њисоб намешавад, агар зимнан зарурати нињої аз њад нагузашта бошад.Расонидани зараре, ки ба хусусияту дараљаи хавфи тањдидкунанда ва њолатњои рафъи хавф баръало мувофиќ набуда, дар натиља ба манфиатњои ќонунан муњофизатшаванда баробари зарари пешгиришуда ё аз он бештар зиён оварда шуда бошад, он аз њад гузаронидани зарурати нињої эътироф мешавад. Чунин азњадгузаронї танњо дар њолати ќасдан расонидани зарар боиси љавобгарї мегардад.

Аз гуфтањои боло чунин бар меояд, ки чи шахси ќаторї ва чи корманди маќомоти њифзи њуќуќ, агар зимни истифодаи мудофиаи зарурї ва ё зарурияти нињої каси дигарро ба марг расонида бошад, пас аз масъулият озод аст, агар зимнан аз њадди ќоидањои мављуда нагузашта бошад.

Масъалаи татбиќи њукми ќатл низ, ба монанди дигар унсурњои њуќуќ ба њаёт хеле мураккаб ва бањснок аст. Зеро он ба соњањои мухталифи фаъолияти инсон ва љомеа дахолат карда, пањлўњои сиёсї-њуќуќї, иќтисодї-иљтимої, ахлоќї-динї ва ѓ.дорад. Њукми ќатл њамчун як навъи љазои љиноятї, тибќи њукми судї мањрум намудани яке аз олитарин неъмат –њаётро дар назар дорад. Аз ин хотир дар амалия ва назарияи њуќуќї он њамчун чораи олитарин ва истисноии љазои љиноятї муаррифї гаштааст

Дар ин замина нишон додани аломатњои асосии њукми ќатлро мувофиќи маќсад мешуморем: 1. Њукми ќатл – ин љазо аст; 2. Њукми ќатл ба шахсе, ки аз њаёт мањрум мегардад, дарду азоб меорад; 3. Њукми ќатл ба наздикон ва хешовандони мањкумшуда мушкилї меорад; 4. Њукми ќатл аз љумлаи љазоњои шадид аст; 5. Њукми ќатл хусусияти иљборї дошта, новобаста ба хоњиши мањкумшуда татбиќ мегардад.; 6. Њукми ќатл аз номи давлат эълон мегардад; 7. Њукми ќатл танњо дар асоси њукми суд амалї мегардад; 8. Њукми ќатл танњо барои содир намудани љиноят татбиќ мегардад; 9. Њукми ќатл танњо нисбати ашхосе татбиќ мегардад, ки гуноњи вай дар содир намудани љиноят собит гаштааст; 10. Њукми ќатл чораи истисноии љазо буда, татбиќи он ањёнан сурат мегирад

намудани амали ин навъи љазо зина ба зина тадбирњои зиёде андешидааст. Њангоми ба даст даровардани истиќлолияти давлатї дар ЉТ Кодекси љиноятии ЉШС Тољикистон аз с.1961 амал мекард, ки барои 44 таркиби љиноят љазоро дар намуди њукми ќатл пешбинї намуда буд. Соли 1992 тавассути ворид намудани таѓйироту иловањо ба ин кодекс шумораи таркибњое, ки барои онњо татбиќи љазои ќатл имконпазир гашт, ба 47 расонида шуд.. Кодекси љиноятии с.1998 бошад ин навъи љазоро барои 15 таркиби љиноят нигоњ дошт. Бо ташаббуси Президенти ЉТ Э.Рањмон 1-уми августи соли 2003 ќонуни ЉТ «Дар бораи ворид намудани таѓйироту иловањо ба КЉ ЉТ» ќабул гардид, ки он шумораи моддањоеро, ки љазои ќатлро пешбинї менамуданд, ба 5 расонид. Баъди сипарї гаштани як сол, яъне 15 – уми июли с.2004 дар ЉТ воќеаи хеле фарањбахш сурат гирифт, яъне Ќонуни ЉТ «Дар бораи боздоштани татбиќи љазои ќатл» ќабул гардид, ки тибќи он дар ќаламрави ЉТ ба татбиќи љазои њукми ќатл моратория эълон карда шуд.

Њарчанд, таи чандин муддат аст, ки амалияи судї хукмњои марбут ба татбиќи љазои ќатлро ќабул намекунад, аммо эњтимолияти њар лањза барќарор намудани он вуљуд дорад. Барои њалли нињоии масъалаи мазкур Тољикистонро лозим аст, ки Протоколи дуюми иловагї ба Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсиро, ки барои бекор намудани њукми ќатл нигаронида шудааст, ба тасвиб расонад.