ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавз ӯ и 31. Њимояи њуќуќи ашхоси мутааллиќ ба аќаллият
М АЊФУМЊОИ АСОСЇ Ќариб дар тамоми давлатњо дар њудуди сарњади миллии онњо як ё якчанд гурўњи аќаллият, ки бо хусусияти нажодї, забонї ё динї аз аксарияти ањолї фарќ мекунанд, истиќомат менамоян. Дастгирии муносибатњои ќаробатї миёни худи аќаллиятњо ва миёни аќаллиятњо ва аксарияти ањолї ва эњтироми ба худ хоси њар як гурўњ барои ташаккули гуногунии фарњангию нажодии љомеаи љањонии мо ањамияти муњим дорад. Ќонеъ намудни армони гурўњњои миллї, нажодї, динї ва забонї ва таъмини њуќуќњои ашхоси мутааллиќ ба аќаллият шањодати эътирофи ѓояи эњтироми эътибор ва баробарии њамаи одамон буда, ба иштироки њарчи бештари ањолї дар њаёти љомеа мусоидат мекунад, ки он дар навбати худ ба паст гардидани шиддати муносибатњои байни гурўњњо ва ашхоси алоњида меорад. Ин омилњо ба нигоњдорию пойдории сулњ ањамияти муњим доранд.
М АЊФУМЊОИ АСОСЇ То давраи начандон дур ба њимояи њуќуќи аќаллият назар ба дигар њуќуќњо, ки амалигардии онњоро Созмони Миллали Муттањид кори бартариноктар мешуморид, ањамияти камтар дода мешуд. Новобаста аз ин, солњои ахир афзоиши иштиёќ ба ќазияи аќаллият ба назар мерасад, ки сабаби он афзоиши босуръати шиддатнокии нажодї, ќабилавї ё динї аст.
М АЊФУМЊОИ АСОСЇ Соли 1947 ба ивази низоми аз тарафи Лигаи Миллатњо таъсисдодаи њимояи аќаллият њамчун гурўњ, ки ба аќидаи Созмони Миллали Муттањид маќсаднокии сиёсии худро аз даст додааст, чунин механизмњо, ба монанди, Оинномаи СММ ва Эъломияи умумии њуќуќи башар ба миён омадаанд. Асоси ин механизмњоро ѓояи њимояи њуќуќу озодињои инфиродии инсон ва ѓояи бетабъизї ва баробарї ташкил медињад. Дар он ваќт чунин шуморида мешуд, ки дар шароити татбиќи самараноки меъёрњо оид ба нотабъизї зарурияти ворид намудани муќаррароти махсус дар бораи њимояи њукуќи аќаллият мављуд нест. Баробари ин, зарурияти ќабули чорањои иловагї, ки њимояи самаранокро аз табъизи ашхоси мутааллиќ ба аќаллият таъмин менамояд ва ба устувории ба худ хосии онњо мусоидат мекунад, зуд аён гардид. Вобас-та ба ин, њуќуќњои махсуси аќаллият коркард шуда, чорањои иловагии мустањкамкунии меъёрњо оид ба нотабъизї, ки дар шартномањои байналхалќї дар бораи њуќуќуи инсон мустањкам шудаанд, ќабул гардиданд.
М АЊФУМЊОИ АСОСЇ Њуќуќњои махсус – имтиёз набуда, балки воситаи нигоњдории ба худ хосї, махсусият ва анъанаи худ барои аќаллият мебошад. Њуќуќњои махсус њамчун барои таъмини муносибати якхела, ба монанди, меъёрњои нотабъизї муњиманд. Љараёни аз тарафи аќаллият гирифтани вазъе, ки аксарият њамчун табиї баррасї мекунанд, танњо он ваќт оѓоз меёбад, ки онњо тавонанд имконияти бо забони модарии худ њарф задан, аз хадамоти таъсисдодаи худ имконияти манфиатбардорї, аз љумла иштирок дар њаёти сиёсї ва иќтисодии давлатро пайдо кунанд. Фарќ гузоштан дар муносибат бо чунин гурўњњо ё ашхоси алоњидаи мутааллиќ ба ин гурўњ танњо дар он њолат дуруст эътироф мешавад, агар он дар њаќиќат ба манфиати таъмини баробарї ва бењбудии тамоми љомеа сурат гирад. Амалњои њокимиятї дар ин шакл бояд дар муддати тўлонї татбиќ карда шавад, то аќаллияти гурўњї дар баробари аксарияти ањолї дар шароити баробар аз манфиатњои љомеа бањравар гарданд.
С АНАДЊОИ БАЙНАЛХАЛЌЇ ОИДИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР Дар баъзе шартномањои байналхалќї дар бораи њуќуќи инсон масъалањои вобаста ба гурўњњои миллї, нажодї, ќабилавї ё динї баррасї шуда ва дар баъзе њуќуќњои махсуси мутааллиќ ба аќаллият ќайд мешавад. Ба љумлаи чунин шартномањо Конвенсияи пешгирии љинояти генотсид ва љазо барои он, Конвенсия дар бораи рафъи њамаи шакли табъизи нажодї, Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сиёсї, Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангї, Конвенсияи њуќуќи кўдак, Конвенсияи ЮНЕСКО дар бораи мубориза ба зидди табъиз дар соњаи маориф, Эъломия дар бораи њуќуќи ашхоси ба аќаллияти миллї ё нажодї, динї ё забонї тааллуќдошта ва Эъломия дар бораи нест кардани њамаи шаклњои бетањаммулї ва табъиз вобаста ба дин ё боварї дохил мешаванд.
С АНАДЊОИ БАЙНАЛХАЛЌЇ ОИДИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР Дар байни њуљљатњои номбаргардидаи танзимкунандагони масъалаи њуќуќи аќаллият ПБЊШС-ро, ки аз нуќтаи назари њукуќї муќаррароти аз њама умумиэътирофгашта ва њатмиро дар бораи аќаллият фарогир аст ва Эъломия дар бораи њуќуќи ашхоси ба аќаллияти миллї ё нажодї, динї ё забонї тааллуќдоштаро, ки шартномаи ягонаи СММ-и пурра ба масъалаи њуќуќњои махсуси аќаллият бахшидашуда мебошад, махсус људо намудан мумкин аст. Муќаррароти дар онњо мустањкамбударо баррасї менамоем.
С АНАДЊОИ БАЙНАЛХАЛЌЇ ОИДИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР Моддаи 27 Паймони байналхалќї оид ба њуќуќњои шањрвандї ва сисёсї муќаррар мекунад: Дар он мамлакатњое, ки аќалияти нажодї, динї ва забонї мављуданд, ба ашхоси ба ин аќалият мутааллиќ набояд дар њуќуќи дар якљоягї бо дигар аъзоёни ин гурўњ фарњанги худро истифода кардан, имон овардан ба дини худ ва анљом додани маросимњои он, аз љумла, истифода намудани забони модарии худ рад карда шавад. Бо тафсири моддаи мазкури Паймон, Кумитаи СММ оид ба њуќуќи инсон дар тавзењоти худ нишон медињад: «моддаи мазкур њуќуќи аниќ фарќкунандаи ашхоси ба аќалият мутааллиќро муќаррар ва эътироф мекунад ва ба иловаи дигар њуќуќњое, ки ин ашхос дар якљоягї бо дигар аъзоњои љомеа тибќи Паймон аллакай истифода мекунад, дода мешавад».
С АНАДЊОИ БАЙНАЛХАЛЌЇ ОИДИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР Моддаи 27-и Паймон мафњуми аќалият ва њуќуќи аќалиятро, нисбат ба дигар воситањо, ки дар худ мафњуми «аќалияти миллї»-ро низ фаро гирифтаанд, васеътар арзёбї менамояд. Падидаи дуюмин дар нисбати тањљоишудагони дар давлат мушаххас таърихи дуру дароздошта татбиќ намегардад, яъне барои шомил шудан ба аќалияти миллї зарур аст, ки ин гурўњ шањрванди њамон кишвар бошанд. Њуќуќи аќалиятњо бошад, бешак доираи нисбатан васеътарро фаро гирифта метавонанд. Дар Паймон сухан дар бораи «аќалияти этникї, динї ва забонї» меравад ва моддаи 27 њатто ба гурўњњое татбиќ мегардад, ки дар давлати мушаххас ба ќарибї пайдо шудаанд ё њатто дар њудуди он муваќќатан ќарор доранд. Кумита њамчунин ќайд менамояд, ки њимоя аз рўи моддаи 27 аз ќарори давлат- иштирокчї оид ба мављудияти аќалияти этникї, динї ё забонї вобаста нест: мављудияти чунин аќалиятњо бояд дар асоси аломатњои айнї (объективї) муќаррар карда шавад.
С АНАДЊОИ БАЙНАЛХАЛЌЇ ОИДИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР Њамин тариќ, моддаи 27-и Паймон ба ашхоси ба аќалият мутааллиќ њуќуќи ба худ хосии миллї, этникї, динї ё забонї ё ба худ хосї аз рўи маљмўи ин аломатњо ва њуќуќ ба нигоњ доштани махсусияте, ки онњо ташаккул додан мехоњанд, кафолат дода мешавад. Агарчї, дар моддаи 27 сухан дар бораи њуќуќи аќалият дар давлатњое, ки дар он љо мављуданд, меравад, соњаи татбиќи ин модда аз эътирофи расмии аќалият аз тарафи ин ё он давлат вобаста нест. Новобаста аз он, ки моддаи 27 дар шакли манфї шаклбандї шудааст, дар он мављудияти чунин «њуќуќ» эътироф мешавад ва дар он талабот оиди он, ки ин њуќуќ рад карда намешавад, мустањкам шудааст. Мувофиќан давлат бояд ба радди татбиќи ин њуќуќ ё вайрон гардидани он роњ надињанд. Барои њамин, чорањои самараноки њимоя на танњо аз амалњои худи давлат, ки ба воситаи маќомотњои ќонунгузорї, судї ё маъмурї амалї мешаванд, балки аз амалњои шахсони алоњидаи дар њудуди давлат-иштирокчї ќарордошта, заруранд.
С АНАДЊОИ БАЙНАЛХАЛЌЇ ОИДИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР Дар худи шарњи моддаи 27 дар назар дошта шудааст, ки агарчї њимоя ба аъзои алоњидаи аќалият дода шуда истодааст, њуќуќи аќалият аз рўи аслияти худ ченаки дастаљамъонаро дорад: ин њуќуќњо «дар якљоягї бо дигар аъзоњои ин гурўњ» истифода мешаванд. Дар Тавзењоти тартиби умумии худ Кумита ин ченаки дастљамъонаро ба њайси нуќтаи ибтидоии бурњон ба манфиати чорањои њимояи мусбї ё самаранок истифода мекунад: зеро ин чорањо бањри дурусткунии шартњое, ки пеши роњи татбиќи њуќуќњои дар моддаи 27 кафолатшуда ё пастзананда равона шудаанд, онњо метавонанд тибќи Паймон њамчун тафриќаи ќонунї пиндошта шаванд, ба шарте, ки агар асоси онњоро аломатњои хирадмандона ва айнї (объективона) ташкил дињанд (банди 6.2).
С АНАДЊОИ БАЙНАЛХАЛЌЇ ОИДИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР Њуљљати муњими дигар дар ин соња Эъломия дар бораи њуќуќи ашхоси ба аќаллияти миллї ё нажодї, динї ё забонї тааллуќдошта мебошад. Мазмуни Эъломия, ки дастгирии тавозуни дахлдори байни њуќуќи ашхоси ба аќалият мутааллиќ оиди нигоњ доштан ва ташакули бахудхос ва махсусияту ўњдадории дахлдори давлатро таъмин мекунад, нињоят кафолати тамомияти арзї ва умуман соњибихтиёрии сиёсии миллат мебошад. Ѓояњои дар Эъломия мустањкамшуда ба ашхоси ба аќалият мутаалиќ илова бар њуќуќњои умумиэътирофшудаи инсон, ки дар дигар шартномањои байналхалќї кафолат дода мешавад, татбиќ мегарданд.
С АНАДЊОИ БАЙНАЛХАЛЌЇ ОИДИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР Тибќи Эъломия ба ашхоси ба аќалият мутааллиќ кафолат дода мешавад: њифзи давлатии њастии онњо ва ба худ хосии миллї ё этникї, фарњангї, динї ё забонї, њуќуќи истифодаи бойгарињои фарњангии худ, эътиќод ба дини худ ва амалї намудани маросимњои диниї, аз љумла истифодаи забони модарии худ дар њаёти шахсї ва дар омма, њуќуќи иштирок дар ќабули ќарор дар сатњи миллї ё минтаќавї, вобаста ба он аќалият, ки ба он тааллуќият доранд, њуќуќи ташкил намудани созмонњои шахсии худ ва таъмини фаъолияти он, озодии татбиќи њуќуќи худ њам ба таври инфиродї, њам дар якљоягї бо дигар аъзоёни гурўњи худ бидуни ягон табъиз.
С АНАДЊОИ БАЙНАЛХАЛЌЇ ОИДИ ЊУЌУЌИ МАЗКУР Давлат ба њимоя ва њавасмандгардонии ашхоси мутааллиќ ба аќалият ўњдадор аст. Бояд чорањои ба ташкили шароити мусоид барои ифодаи махсусияти худ ва ташаккули фарњанг, забон, одату анъанаи худ имконият пайдо мекунанд, андешад. Аз љумла, имконияти мувофиќ барои омўзиши забони модарии худ ё гирифтани таълимот бо забони модарии худ, њавасмандгардонии омўзиши таърих, анъана, забон ва фарњанги аќалияти дар њудуди мамлакат истиќоматкунанда ва таъмини он, ки аъзоёни чунин аќалият тавонанд имконияти мусоид барои гирифтани маълумоти зарурї барои зист дар љомеаро дошта бошанд ва дигар чорањоро ба љо орад.
ХУЛОСА Њамин тариќ, ќайд кардан зарур аст, ки ваќтњои охир вазъи таъмини њуќуќњои аќалият куллан таѓийр ёфтааст. Шартномањои байналхалќї дар бораи њуќуќи инсон соњае, ки дар он табъиз роњ дода намешавад ва ба њуќуќњои махсуси аќалият њарчї бештар диќќат дода мешавад, аниќ муайян менамояд. Аммо муноќиша ва нофањмињои даврагии бо иштироки аќалият сарзананда шањодати онанд, ки ќабули чорањои иловагии њалли масъалаи аќалият зарур аст.