ЊУЌУЌИ ИНСОН Мавзӯи 27. Њуќуќи иштирок дар хаёти фарњангї
Санадњои байналхалќї оиди њуќуќи мазкур Њуќуќи иштирок дар њаёти фарњангї дар низоми њуќуќњои инсон љойи муњимро ишѓол мекунад. Њуќуќњои фарњангї дар банди 1 моддаи 27 ЭУЊБ дар чунин шакл ифода ёфтааст : « Њар як инсон њуќуќ дорад дар њаёти фарњангии љамъият озодона иштирок намояд, аз санъат бањра барад, дар пешравии илмї иштирок намояд ва аз манфиатњои он бархурдор бошад ». Давоми мантиќии ин меъёр дар моддаи 15 ПБЊИИФ ба назар мерасад, ки ба инсон њуќуќ додааст дар њаёти фарњангї иштирок кунад, истифодаи натиљањои пешравии илмї ва татбиќи амалии он, истифодаи њимояи манфиатњои моддї ва маънавї, ки дар натиљаи кори илмї, адабї ё бадеї ба вуљуд омада, муаллифи он мебошанд
Моњияти њуќуќи мазкур Њуќуќи дар њаёти фарњангии љамъиятї озодона иштирок кардан моњиятан ба њуќуќи тањсил монанд мебошад. Он ба зиммаи давлат ўњдадорињои муайянеро мегузорад. Хусусан, давлат ўњдадор мешавад шароитеро муњайё намояд ва чорањоеро андешад, ки мардум аз арзишњои фарњангї, санъат ва илм воќеан бархурдор бошанд. Ин чорањо њамчунин бояд њимоя, ташаккул ва пањнкунии дастовардњои илм ва фарњанг ; эњтироми озодї, ки дар тадќиќотњои илмї ва фаъолияти эљодї заруранд, аз љумла, њавасмандгардонии инкишофи њамкории байналхалќї дар соњањои илмї ва фарњангро таъмин кунад.
Моњияти њуќуќи мазкур Њуќуќ ба иштирок дар њаёти фарњангї њуќуќ ба худмуайянкунии фарњангии инфиродї ва дастрасї ба арзишњои фарњангии аз тарафи тамоми инсоният офаридаро дар бар мегирад. Њуќуќи иштирок дар њаёти фарњангї бо озодии сухан ва фикрронї, дастрасї ба иттилоот ва нашр дар алоќамандии зич ќарор дорад. Њуќуќи макур њамчун муайякунандаи муносибатњои байни одамон баромад мекунад. Њар ќадаре шуури мадании љамъият баландтар бошад, њамон ќадар таъсири манфї ба он камтар мегардад ( мисол, ифротгарої ). Амалигардонии ин њуќуќ дар Љумњурии Тољикистон ањамияти муњим дорад, зеро миллати тољик дорои таърих ва адабиёти бой мебошад.
Моњияти њуќуќи мазкур Моњияти ин њуќуќ дар он зоњир мегардад, ки давлат онро танзим карда наметавонад, зеро њама гуна эљодиёт натиљаи фаъолияти инфиродї мебошад. Мањз барои њамин давлат бояд ба иродаи эљодии шањрвандон мудохила нанамояд, дар ягон шакл он равандро танзим накунад, аз љумла, бо роњи муќаррар кардани сензура. Њуќуќ ба иштирок дар њаёти фарњангї њуќуќ ба худмуайянкунии фарњангии инфиродї ва дастрасї ба арзишњои фарњангии аз тарафи тамоми инсоният офаридаро дар бар мегирад. Бо ин маќсад дар мамлакатњои хориља, аз љумла, дар Тољикистон шароитњои њамроњшавї ба фарњанг фароњам оварда мешавад. Давлат барои њамроњшавии шањрвандони худ ба арзишњои фарњангї ва истифодаи дастовардњои илмї ва эљодї имкониятњои мусоид фароњам меорад.
Љабњањои њуќуќи мазкур Аз мазмуни моддаи болозкири ПБЊИИФ унсурњои зерини онро људо кардан мумкин аст : иштирок дар њаёти фарњангии давлат, дастрасї ба захирањои фарњангї, илмї ва таълимии дигар ; озодии эљодї ва фаъолияти илмї. Бо кушодани мазмуни унсурњои болозикр ќайд кардан ба маврид аст, ки њар як инсон њуќуќи бахудхосии фарњангии шахсї дорад, яъне интихоби озодонаи арзишњои ахлоќї, эстетикї ( зебоипарастї ) ва дигар арзишњо, инчунин, њуќуќ ба њимояи далватии бахудхоси фарњангиро дорад.
Мазмуни њуќуќи мазкур Шартномањои байналхалќї оид ба њуќуќи инсон баробарии одамонро ба истифодаи њуќуќњои таълимї ва фарњангї, ўњдадории давлатро ба ташкили шароити мусоид барои дастрасии арзишњои фарњангї барои њамаи одамони дар њудуди он истиќоматкунанларо талќин мекунанд. Њуќуќ ба иштирок дар њаёти фарњангии давлат маънои онро дорад, ки њар як кас њуќуќ дорад аз арзишњои фарњангї бархурдор шавад, дастрасї ба хазина ( фонд )- и китобхона, осорхона ва бойгонињои давлатї дар њамаи соњањои фаъолияти фарњангї дошта бошад. Њар кас бидуни мањдудияти синну сол њуќуќ ба тањсили гуманитарї ва бадеї, ба интихоби шакл ва тарзи бо ќонунгузории ЉТ муайяншудаи он доранд.
Мазмуни њуќуќи мазкур Озодии эљодї ва фаъолияти илмї маънои онро дорад, ки хар як кас дар соњаи фарњанг дорои њуќуќи моликият мебошад. Он ба предметњои дорои ањамияти таърихию фарњангї, маљмаањо, биною иншоот, аз љумла, натиљаи фаъолияти эљодї ва илмии инсон пањн мегардад. Озодии мазкур бавосита дар ќисми 1 моддаи 15 ПБЊИИФ мустањкам шудааст, ки тибќи он давлат њуќуќи њар як инсонро ба истифодаи њимояи манфиатњои моддї ва маънавї, ки дар натиљаи кори илмї, адабї ё бадеї ба вуљуд омада, муаллифи он мебошанд, эътироф мекунад. Озодии эљодиёти адабї, бадеї, илмї, техникї ва дигар эљодиёт ва фаъолияти илмї мушаххастар дар Ќонуни ЉТ « Дар бораи фарњанг » аз соли 1997 ва Ќонуни ЉТ « Дар бораи маориф » аз соли 2004 ба танзим дароварда шудааст
Мазмуни њуќуќи мазкур Фаъолияти эљодї ва илмї њамчун ќисми таркибии фаъолияти рўњии инсон аз кушодан ё бавуљуд овардани ягон чизи нав иборат мебошад. Нишонањои асосии категорияи « эљод » аз инњо иборатанд : навигарї – чизе, ки пештар вуљуд надошт, якумин бор бавуљудорї ; нотакрорї – чизи бо сифтањои худ ягона, истисної ; аслї ( бемисл ) – чизи бемисл, ѓайрримуќаррарї ва бетаќлидї ; ва љамъиятї – бењамтоии таърихї – чизи нодир, навъи ягона.
Мазмуни њуќуќи мазкур Эљодиёт ва фаъолияти илмї бо лаёќатмандї алоќаи зич дорад. Тибќи моддаи 5 Ќонуни ЉТ « Дар бораи фарњанг » шањрвандони Љумњурии Тољикистон њуќуќ доранд аз рўи майлу раѓбат ва ќобилияти хеш дар њамаи намудњои фаъолияти эљодии касбї ва ѓайрикасбї шуѓл варзанд ; соњибњуќуќи ( муаллифи ) моликияти зењнї бошанд, сирри њунари худро мањфуз доранд, ба дастовардњои эљодии худ ихтиёрдорї намоянд ; маълумоти башардўстонаю бадеиро бе мањдудият гиранд, шакл ва тарзи тањсилро озодона интихоб намоянд. Шањрвандон њуќуќ доранд мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар хориља намоишњоро ба омма пешнињод кунанд ва фурўши мањсули фаъолияти эљодии хешро ташкил дињанд, муассисањо ва корхонањо, ассотсиатсияњо, иттифоќњои эљодї ва дигар иттињодњои љамъиятиро таъсис дињанд, дар соњаи фаъолияти фарњангї вазифаи миёнаравиро адо ку нанд.
Мазмуни њуќуќи мазкур Озодии эљодї ва фаъолияти илмї – яке аз озодињои рўњии муњим мебошад. Маънои онро дорад, ки аз як тараф, давлат бояд њарчї камтар ба фаъолияти эљодї дахолат кунад, аз тарафи дигар, озодии эљодї ва натиљањои онњоро зери њимояи худ ќарор дињад. Њамин тариќ, њуќуќи иштирок дар њаёти фарњангиро њамчун њуќуќи људонопазири њар як кас ба фаъолияти фарњангї, ки тибќи он инсон намудњои гуногуни фаъолияти эљодиро дар асоси манфиат ва лаёќати худ амалї мекунад, фањмидан мумкин аст.